Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 114 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ САДУ ЧОРДАҲУМ Шодмонӣ дар бораи наҷот.

1 Худовандро дӯст медорам, зеро ки овози маро, зориҳои маро мешунавад;

2 Зеро ки гӯши Худро сӯи ман хам намудааст, бинобар ин тамоми умри худ Ӯро хоҳам хонд.

3 Камандҳои мамот маро фаро гирифт ва азобҳои гӯр маро дарьёфт; ба тангӣ ва ғаму ғусса дучор шудам.

4 Он гоҳ исми Худовандро хондам: «Лутфан, эй Худованд, ҷонамро бираҳон».

5 Худованд бахшанда ва одил аст; ва Худои мо раҳмон аст.

6 Худованд соддадилонро нигоҳдорӣ мекунад: ранҷур будам, ва маро наҷот дод.

7 Эй ҷонам, ба оромии худ баргард, зеро ки Худованд ба ту таваҷҷӯҳ намудааст.

8 Зеро ки ҷонамро аз мамот халосӣ додаӣ, чашмамро аз ашк, поямро аз лағҷидан.

9 Пеши Худованд дар замини зиндаҳо роҳ хоҳам рафт.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan