Забур 113 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ САДУ СЕЗДАҲУМ Ҳамд ва шукрона дар шаъни Худо. 1 Вақте ки Исроил аз Миср берун омад, ва хонадони Яъқуб аз қавми бегоназабон, 2 Яҳудо қудси Ӯ буд, Исроил — ҳокимияти Ӯ. 3 Баҳр инро дида, гурехт; Урдун қафо гашт. 4 Кӯҳҳо мисли қӯчқорон ҷастухез карданд, ва талҳо — мисли барраҳо. 5 Туро чӣ шуд, эй баҳр, ки гурехтӣ? Ва эй Урдун, ки қафо гаштӣ? 6 Ва эй кӯҳҳо, ки мисли қӯчқорон ҷастухез кардед, ва эй талҳо, ки мисли барраҳо? 7 Аз ҳузури Худованд ба ларзиш ой, эй замин! Аз ҳузури Худои Яъқуб, 8 Ки кӯҳпораро ба кӯли об табдил медиҳад, ва санги хороро ба чашмаи об. 9 На моро, эй Худованд, на моро, балки исми Худро ҷалол деҳ; ба хотири эҳсони Худ, ба хотири ростии Худ. 10 Чаро халқҳо гӯянд: «Худои онҳо куҷост?» 11 Валекин Худои мо дар осмон аст; ҳар чӣ хоҳад, ба амал меоварад. 12 Бутҳои онҳо нуқра ва тиллост, амали дастҳои одамизод. 13 Онҳо даҳон доранд, вале ҳарф намезананд; чашм доранд, вале намебинанд; 14 Гӯш доранд, вале намешунаванд; бинӣ доранд, вале намебӯянд; 15 Даст доранд, вале ламс намекунанд, по доранд, вале роҳ намераванд; аз гулӯи худ садое намебароранд. 16 Созандагонашон мисли онҳо хоҳанд буд, ва ҳар касе ки ба онҳо таваккал мекунад. 17 Эй Исроил! Ба Худованд таваккал кунед; мададгори онҳо ва сипари онҳо Ӯст. 18 Эй хонадони Ҳорун! Ба Худованд таваккал кунед; мададгори онҳо ва сипари онҳо Ӯст. 19 Эй тарсгорони Худованд! Ба Худованд таваккал кунед; мададгори онҳо ва сипари онҳо Ӯст. 20 Худованд моро ба ёд оварда, баракат хоҳад дод; хонадони Исроилро баракат хоҳад дод; хонадони Ҳорунро баракат хоҳад дод; 21 Тарсгорони Худовандро баракат хоҳад дод; хурдонро бо бузургон. 22 Худованд шуморо афзун хоҳад кард; шумо ва фарзандони шуморо. 23 Шумо мубораки Худованд ҳастед, ки Ӯ осмон ва заминро офаридааст. 24 Осмон осмони Худованд аст, валекин заминро ба банӣ‐одам додааст. 25 На мурдагон Худовандро мадҳ мекунанд, ва на ҳамаи фурӯравандагони гӯр. 26 Вале мо Худовандро муборак хоҳем хонд, аз ҳоло ва то абад. Ҳалелуёҳ! |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden