Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 112 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ САДУ ДУВОЗДАҲУМ Исми Худованд муборак бод.

1 Ҳалелуёҳ. Эй бандагони Худованд, мадҳ кунед! Исми Худовандро мадҳ кунед!

2 Исми Худованд муборак бод, аз ҳоло ва то абад!

3 Аз тулӯи офтоб то ғуруби он исми Худованд мамдӯҳ аст.

4 Худованд бар ҳамаи халқҳо баланд аст; ҷалоли Ӯ бар осмонҳост.

5 Кист монанди Худованд Худои мо, ки бар афрозҳо нишаста,

6 Хам мешавад, то ки бар осмон ва бар замин назар кунад?

7 Бенаворо аз хок мебардорад, мискинро аз ахлот баланд мекунад,

8 То ки бо мирон шинонад, бо мирони қавми Худ.

9 Зани нозойро дар хона мешинонад ҳамчун модаре ки аз фарзандонаш шодмон аст. Ҳалелуёҳ!

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan