Забур 110 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ САДУ ДАҲУМ Ҳамду сано барои наҷот додани баргузидагоне ки аҳкоми Худоро ба ҷо меоваранд. 1 Ҳалелуёҳ. Худовандро бо тамоми дил ҳамд хоҳам гуфт дар шӯрои росткорон ва дар ҷамоат. 2 Аъмоли Худованд бузург аст; матлуб аст барои ҳамаи шавқмандони он. 3 Кори Ӯ шукӯҳ ва шавкат аст; ва адолати Ӯ то абад қоим аст. 4 Корҳои аҷоиби Худро василаи зикр гардондааст; Худованд бахшанда ва раҳим аст. 5 Ба тарсгорони Худ ризқу рӯзӣ додааст; аҳди Худро ба сурати абадӣ дар хотир дорад. 6 Куввати аъмоли Худро ба қавми Худ зоҳир сохт, то ки мероси халқҳоро ба онҳо бидиҳад. 7 Аъмоли дастҳои Ӯ ростӣ ва инсоф аст; ҳамаи фармудҳои Ӯ боэътимод аст: 8 То абад матин аст; бар ростӣ ва росткорӣ асос ёфтааст. 9 Раҳоӣ барои қавми Худ фиристод, аҳди Худро ба сурати абадӣ амр фармуд; исми Ӯ қуддус ва саҳмгин аст! 10 Тарси Худованд ибтидои ҳикмат аст, хиради некӯст барои ҳар касе ки онҳоро ба ҷо меоварад; ҳамду санои Ӯ то абад қоим аст. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden