Забур 11 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ЁЗДАҲУМ Дуо дар бораи наҷот додани одилон аз дасти шарирон. 1 Барои сардори муғанниён бар сози ҳашттор. Таронаи Довуд. 2 Наҷот деҳ, эй Худованд, зеро ки порсо боқӣ намондааст; зеро ки аз миёни банӣ‐одам аминон нест шудаанд. 3 Ҳар яке ба ёри худ суханони ботил мегӯяд; лабони пуртамаллуқ аз дили мунофиқ сухан меронанд. 4 Худованд ҳамаи лабони пуртамаллуқро нест хоҳад кард, ва ҳар забонеро, ки ҳавобаландона сухан меронад, 5 Яъне онҳоеро, ки мегӯянд: «Бо забони худ зӯр мебароем, лабони мо бо мост; кист, ки бар мо оғо бошад?» 6 Аз боиси тороҷи камбағалон ва оҳу фиғони мискинон алҳол қиём мекунам, мегӯяд Худованд, ва он касеро, ки гирифтори доми найранг аст, наҷот медиҳам. 7 Суханони Худованд суханони покиза аст, нуқраест, ки дар кӯра аз хок тоза карда ва ҳафт карат гудохта шудааст. 8 Ту, эй Худованд, онҳоро нигаҳбонӣ хоҳӣ кард, аз ин насл то абад муҳофизат хоҳӣ намуд. 9 Шарирон дарбадар гардиш хоҳанд кард, вақте ки одамони залил баланд мешаванд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden