Забур 109 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ САДУ НӮҲУМ Нубувват дар бораи ҷалол ёфтани Писари Худо. 1 Таронаи Довуд. Худованд ба Худованди ман гуфт: «Ба ямини Ман бинишин, то душманони Туро зери пои Ту андозам». 2 Асои қуввати Туро Худованд аз Сион хоҳад фиристод; дар миёни душманони Худ хукмронӣ намо. 3 Қавми Ту дар рӯзи қуввати Ту ба ихтиёр ҳозир шуданд, дар сару либоси қудсият; аз батни субҳидам шабнами ҷавонии Ту барои Туст. 4 Худованд қасам хӯрдааст, ва таассуф нахоҳад хӯрд: Ту коҳин ҳастӣ то абад, ба монанди Малкисодақ. 5 Худованд ба ямини Туст. Дар рӯзи ғазаби Худ подшоҳонро шикаст хоҳад дод, 6 Бар халқҳо доварӣ хоҳад намуд, — аз ҷасадҳои мурда пур хоҳад кард; сарро дар замини паҳновар хоҳад кӯфт; 7 Аз наҳри сари роҳ хоҳад нӯшид, бинобар ин сар хоҳад бардошт. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden