Забур 108 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ САДУ ҲАШТУМ Дуои шахси гирифтори таъқибот дар бораи наҷот додан аз душманон. 1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд. Эй Худои ҳамду санои ман, хомӯш набош! 2 Зеро ки даҳони шарорат ва даҳони макрро бар ман кушодаанд: бо забони кизб ба ман сухан меронанд; 3 Ва бо суханони адоват маро иҳота менамоянд, ва бесабаб бо ман ҷанг мекунанд; 4 Ба ивази муҳаббати ман маро таъқиб менамоянд, валекин ман дуогӯй; 5 Ба ивази некӣ ба ман бадӣ мекунанд, ва ба ивази муҳаббати ман — адоват. 6 Шариреро бар ӯ таъин намо, ва бигзор иблис ба ямини ӯ биистад. 7 Вақте ки ӯ ба мурофиа меояд, бигзор айбдор шуда барояд, ва дуои ӯ барои ӯ гуноҳ ҳисоб ёбад; 8 Умри ӯ кӯтоҳ шавад; ҷоҳу ҷалоли ӯро дигаре бигирад; 9 Фарзандони ӯ ятим монанд, ва занаш бева шавад; 10 Ва фарзандони ӯ дарбадар гашта, гадоӣ кунанд, ва аз харобазори худ дур афтода, мадад пурсанд; 11 Қарзхоҳ тамоми молу мулки ӯро забт кунад, ва бегонаҳо меҳнати ӯро толону тороҷ намоянд; 12 Касе набошад, ки ба ӯ эҳсон кунад, ва касе набошад, ки ба ятимони ӯ раҳм намояд; 13 Зурьёти ӯ гирифтори ҳалокат гарданд: дар насли дигар номашон маҳв шавад; 14 Гуноҳи падарони ӯ назди Худованд зикр ёбад, ва хатои модари ӯ аз хотир наравад; 15 Дар мадди назари Худованд ҳамеша бошанд, ва Ӯ зикри онҳоро аз замин нест кунад, 16 Аз барои он ки ӯ эҳсон карданро дар ёд надошт, балки одами мискин ва камбағал ва дилрешро таъқиб мекард, то ки ба мурдан расонад. 17 Ва лаънатро дӯст медошт, ва он ба сари ӯ омад; ва баракатро хоҳон набуд, ва он аз ӯ дур шуд. 18 Ва лаънатро мисли либоси худ дар бар кард, ва он мисли об андаруни ӯ дохил шуд, ва мисли равған дар устухонҳои ӯ. 19 Пас бигзор он барои ӯ мисли ҷомае бошад, ки ӯ пӯшида мегардад, ва мисли миёнбанде ки бо он ҳамеша камар мебандад. 20 Чунин аст подош аз ҷониби Худованд барои адуёнам, ва барои онҳое ки бар чонам бадгӯӣ мекунанд! 21 Валекин Ту, эй Худованд Худо, ба хотири исми Худ бо ман амал намо, зеро ки эҳсони Ту некӯст; маро раҳоӣ деҳ. 22 Зеро ки ман мискин ва камбағал ҳастам, ва дилам андаруни ман реш‐реш аст. 23 Мисли сояи шомгоҳ ба боди фано меравам; мисли малах ронда мешавам. 24 Зонуҳоям аз рӯзадорӣ бемаҷол гардидааст, ва ҷисмам бе равған монда, лоғар шудааст. 25 Ва ман назди онҳо нангин шудаам: маро дида, сари худро меҷунбонанд. 26 Маро мададгор бош, эй Худованд Худои ман! Бо эҳсони Худ маро наҷот деҳ, 27 То бидонанд, ки ин дасти Туст, ва Ту, эй Худованд, инро кардаӣ. 28 Онҳо лаънат мехонанд, вале Ту баракат деҳ; бигзор онҳо қиём карда, шарманда шаванд, вале бандаи Ту шод гардад. 29 Адуёнам либоси расвоӣ дар бар кунанд, ва шармандагии худро мисли ҷомае бипӯшанд. 30 Худовандро бо забони худ бағоят ҳамд хоҳам гуфт, ва дар миёни мардуми бисьёр Ӯро мадҳ хоҳам кард. 31 Зеро ки ба ямини мискин меистад, то ӯро аз онҳое ки ҷонашро маҳкум кардан мехоҳанд, наҷот диҳад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden