Забур 107 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ САДУ ҲАФТУМ Суруд дар шаъни Худо барои наҷот додани баргузидагон ва хоку туроб кардани душманон. 1 Суруд. Таронаи Довуд. 2 Дилам қавист, эй Худо; суруд хоҳам хонд ва хоҳам сароид; рӯҳам низ. 3 Эй уд ва барбат, бедор шав! Ман субҳидамро бедор хоҳам кард. 4 Туро, эй Худованд, дар миёни қавмҳо ҳамд хоҳам гуфт: ва Туро дар миёни қабилаҳо хоҳам сароид. 5 Зеро ки эҳсони Ту бузург аст фавқи осмонҳо, ва ростии Ту то афлок аст. 6 Бар осмонҳо баланд шав, эй Худо, ва ҷалоли Ту бар тамоми замин бод. 7 Барои он ки дӯстони Ту халосӣ ёбанд, бо ямини Худ наҷот деҳ, ва маро иҷобат намо. 8 Худо дар қудси Худ гуфтааст: «Хурсанд хоҳам шуд, Шакемро тақсим хоҳам кард, ва водии Суккӯтро чен хоҳам намуд. 9 Ҷилъод аз они Ман аст, Менашше аз они Ман; ва Эфроим хӯди Ман аст, Яҳудо чӯбдасти салтанати Ман; 10 Мӯоб тоси шустушӯи Ман аст; бар Адӯм кафши Худро хоҳам партофт; бар замини Фалиштӣ фарьёд хоҳам зад». 11 Кист, ки маро ба шаҳри қалъадор дарорад? Кист, ки маро ба Адӯм ҳидоят намояд? 12 Оё на Ту, эй Худо, моро партофтаӣ, ва бо лашкарҳои мо, эй Худо, берун намеоӣ? 13 Ба мо аз дасти аду ёварӣ намо, зеро ки мадади одамизод ҳеҷ аст. 14 Бо Худо зафар хоҳем ёфт, ва Ӯ адуёни моро хоку туроб хоҳад кард. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden