Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 106 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ САДУ ШАШУМ Ҳамд дар шаъни Худованд барои наҷот додани гуноҳкороне ки тавба кардаанд.

1 Худовандро ҳамд гӯед, зеро ки некӯст; зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.

2 Растагорони Худованд бигӯянд, ки онҳоро Ӯ аз дасти аду раҳо кардааст;

3 Ва онҳоро аз мамлакатҳо ҷамъ овардааст: аз шарқ ва ғарб, аз шимол ва ҷануб.

4 Дар биёбон, дар роҳи бероҳа овора буданд; шаҳри маскуне намеёфтанд.

5 Гурусна ва ташна монданд, ҷонашон андарунашон аз ҳол рафт.

6 Вале дар тангии худ сӯи Худованд фарьёд кашиданд; онҳоро аз мусибатҳошон раҳо кард.

7 Ва онҳоро ба роҳи рост андохт, то ки ба шаҳри маскун равона шаванд.

8 Бигзор Худовандро барои эҳсони Ӯ ҳамд гӯянд, ва барои корҳои аҷоиби Ӯ аз баҳри банӣ‐одам!

9 Зеро ки ҷони иштиёқмандро сер кардааст, ва ҷони гуруснаро аз нозу неъмат пур кардааст.

10 Дар торикӣ ва зулмот менишастанд; бандиёни мусибат ва оҳан буданд.

11 Зеро ки ба суханони Худо беитоатӣ карданд, ва раъи Ҳаққи Таолоро хор диданд.

12 Ва дили онҳоро бо меҳнат фурӯ нишонд; бемаҷол шуданд, ва мададгоре набуд.

13 Вале дар тангии худ сӯи Худованд фиғон карданд; онҳоро аз мусибатҳошон наҷот дод.

14 Онҳоро аз торикӣ ва зулмот берун овард, ва бандҳошонро барканд.

15 Бигзор Худовандро барои эҳсони Ӯ ҳамд гӯянд, ва барои корҳои аҷоиби Ӯ аз баҳри банӣ‐одам!

16 Зеро ки дарҳои мисинро шикастааст, ва ғалақаҳои оҳанинро пора кардааст.

17 Беақлон аз боиси роҳи ҷинояткоронаи худ ва аз боиси гуноҳҳои худ азият мекашиданд.

18 Ҷони онҳо аз ҳар хӯрок нафрат дошт, ва ба дарвозаи мамот расида буданд.

19 Вале дар тангии худ сӯи Худованд фиғон карданд; онҳоро аз мусибатҳошон наҷот дод.

20 Каломи Худро фиристод, ва онҳоро шифо бахшид, ва онҳоро аз гӯрҳошон халос кард.

21 Бигзор Худовандро барои эҳсони Ӯ ҳамд гӯянд, ва барои корҳои аҷоиби Ӯ аз баҳри банӣ‐одам!

22 Ва қурбониҳои шукрона забҳ кунанд, ва аъмоли Ӯро бо тараннум васф намоянд!

23 Касоне ки бо киштиҳо баҳр мепаймоянд ва дар обҳои бисьёр кор мекунанд,

24 Онҳо аъмоли Худовандро диданд, ва корҳои аҷоиби Ӯро дар қаърҳо:

25 Амр фармуд, ва боди тунде бархезонд, ва мавҷҳои онро бардошт.

26 Ба осмонҳо мебароварданд, ба вартаҳо мефуроварданд; ҷонашон дар мусибат ба ларза афтод.

27 Мисли мастон чарх мезаданд ва мекалавиданд, ва тамоми ҳикматашон саргум шуд.

28 Вале дар тангии худ сӯи Худованд фарьёд кашиданд; ва онҳоро аз мусибатҳошон берун овард.

29 Тундбодро ба хомӯшӣ мубаддал кард, ва мавҷҳои онҳо сокит шуд.

30 Ва шод шуданд, ки хомӯш гардид; ва онҳоро ба мавзеи дилхоҳашон бурда расонд.

31 Бигзор Худовандро барои эҳсони Ӯ ҳамд гӯянд, ва барои корҳои аҷоиби Ӯ аз баҳри банӣ‐одам!

32 Ва Ӯро дар ҷамъомади қавм болобардор кунанд, ва дар маҷлиси пирон Ӯро мадҳ намоянд!

33 Дарьёҳоро ба биёбон табдил медиҳад, ва чашмаҳои обро ба ташназамин,

34 Замини ҳосилхезро ба шӯрзамин, аз боиси бадии сокинони он.

35 Биёбонро ба кӯли об табдил медиҳад, ва замини хушкидаро ба чашмаҳои об.

36 Ва гуруснагонро дар он ҷо ҷойгир мекунад, ва шаҳри маскун месозанд;

37 Ва саҳроҳоро кишт мекунанд, ва токзорҳо мешинонанд, ва онҳо ҳосили фаровон меоваранд.

38 Ва онҳоро баракат медиҳад, ва онҳо бағоят борвар мешаванд; ва чорпои онҳоро кам намекунад.

39 Вале камшумор мешаванд ва аз фишори бадӣ ва ғаму ғусса ба залолат меафтанд.

40 Забуниро бар мирон мерезад, ва онҳоро дар бодияи бероҳа сарсону саргардон мекунад.

41 Валекин мискинро аз залолат боло мебардорад; ва хонаводаҳоро мисли рамаи гӯсфандон сершумор мегардонад.

42 Росткорон инро дида, шод мешаванд; ва ҳамаи ноинсофон даҳони худро мебанданд.

43 Касе ки соҳиби ҳикмат аст, ба ин чизҳо диққат медиҳад; ва эҳсонҳои Худовандро хоҳанд фаҳмид.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan