Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 105 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ САДУ ПАНҶУМ Мадҳ дар шаъни марҳамати Худованд нисбат ба қавми гуноҳкор.

1 Ҳалелуёҳ. Худовандро ҳамд гӯед, зеро ки некӯст; зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.

2 Кист, ки қудрати Худовандро тавсиф намуда тавонад, тамоми ҳамду санои Ӯро бишнавонад?

3 Хушо касоне ки инсофро нигоҳ медоранд, ва ҳар вақт адолатро ба амал меоваранд!

4 Маро ба ёд ор, эй Худованд, вақте ки ба қавми Худ таваҷҷӯҳ менамоӣ; бо наҷоти Худ ба ман назар кун,

5 То ки хушбахтии баргузидагони Туро бинам, ба шодмонии халқи Ту шод шавам, бо мероси Ту фахр кунам.

6 Бо падарони Худ хато кардаем, гуноҳкор шудаем, ба шарорат дода шудаем.

7 Падарони мо дар Миср корҳои аҷоиби Туро нафаҳмиданд, эҳсонҳои зиёди Туро ба ёд наоварданд, ва назди баҳр, назди баҳри Қулзум, ошӯб андохтанд.

8 Валекин ба хотири исми Худ онҳоро наҷот дод, то ки қудрати Худро маълум кунад.

9 Ва баҳри Қулзумро итоб намуд, ва он хушк шуд; ва онҳоро дар вартаҳо, мисли биёбон, гирифта бурд.

10 Ва онҳоро аз дасти бадхоҳ наҷот дод, ва аз дасти душман раҳо кард.

11 Ва об адуёни онҳоро пӯшонд: Як нафар ҳам аз онҳо боқӣ намонд.

12 Ва ба суханони Ӯ имон оварданд, ҳамду санои Ӯро сароиданд.

13 Аммо ба зудӣ аъмоли Ӯро фаромӯш карданд, машварати Ӯро нигарон нашуданд.

14 Ва дар бодия ба ҳавову ҳавас дода шуданд, ва Худоро дар биёбон озмуданд.

15 Ва дархосташонро ба онҳо дод, вале лоғарие бар ҷони онҳо фиристод.

16 Ва дар бошишгоҳ ба Мусо ҳасад бурданд, ва ба Ҳоруни қуддуси Худованд.

17 Замин кафида, Дотонро фурӯ бурд, ва тӯдаи Абиромро пӯшонд.

18 Ва дар ҷамоаи онҳо оташ даргирифта, алангаи он шариронро сӯзонд.

19 Дар Ҳӯриб гӯсолае сохтанд, ва ба он бут саҷда карданд.

20 Ва ҷалоли худро иваз карданд ба сурати гове ки алаф мехӯрад.

21 Худои наҷотдиҳандаи худро фаромӯш карданд, ки корҳои бузург дар Миср карда буд,

22 Корҳои аҷоиб дар замини Ҳом, корҳои саҳмгин назди баҳри Қулзум.

23 Ва мехост онҳоро несту нобуд кунад, агар баргузидаи Ӯ Мусо пеши Ӯ дар рахнагоҳ намеистод, то ки ғазаби Ӯро аз ҳалокати онҳо баргардонад.

24 Ва аз замини дилпазир нафрат карданд: ба каломи Ӯ имон наоварданд.

25 Ва дар хаймаҳои худ шиква мекарданд; овози Худовандро намешуниданд.

26 Ва дасти Худро бар онҳо бардошт, то ки онҳоро дар биёбон афтонад,

27 Ва зурьёташонро дар миёни халқҳо афтонад, ва онҳоро дар заминҳо пароканда кунад.

28 Ба Баал‐Фаӯр часпиданд, ва қурбониҳои мурдагонро мехӯрданд.

29 Бо кирдорҳои худ ба хашм оварданд, ва бар онҳо вабо омад.

30 Ва Финҳос бархоста, доварӣ кард, ва он вабо аз байн рафт.

31 Ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд, аз насл ба насл то абад.

32 Ва назди оби Мерибо ба ғазаб оварданд, ва Мусо аз боиси онҳо ҷазо дид;

33 Зеро ки рӯҳи ӯро ба ҳаяҷон оварданд, ва бо лабонаш носазо гуфт.

34 Он қавмҳоро нест накарданд, ки Худованд ба онҳо гуфта буд,

35 Балки бо халқҳо омехта, аъмоли онҳоро ёд мегирифтанд.

36 Ва бутҳои онҳоро ибодат мекарданд, ва онҳо барояшон доме буданд.

37 Ва писарони худ ва духтарони худро барои девҳо қурбонӣ мекарданд;

38 Ва хуни бегуноҳро мерехтанд, яъне хуни писарони худ ва духтарони худро, ки барои бутҳои Канъон қурбонӣ мекарданд, — ва замин аз хун наҷис шуд.

39 Ва бо аъмоли худ палид шуданд, ва бо кирдорҳои худ зинокор гардиданд.

40 Ва ғазаби Худованд бар қавми Ӯ аланга зад, ва аз мероси Худ нафрат кард,

41 Ва онҳоро ба дасти халқҳо супурд, ва бадхоҳонашон бар онҳо ҳукмфармо шуданд.

42 Ва душманонашон онҳоро ба танг меоварданд, ва зери дасти онҳо гардан мефуроварданд.

43 Чандин бор онҳоро раҳо кард, вале онҳо бо худсарии худ ошӯб меандохтанд, ва аз гуноҳи худ ба залолат меафтоданд.

44 Валекин дар тангии онҳо назар кард, вақте ки тазаррӯи онҳоро шунид,

45 Ва аҳди Худро барои онҳо ба ёд овард, ва аз рӯи эҳсонҳои зиёди Худ таассуф хӯрд,

46 Ва онҳоро пеши ҳамаи асиркунандагонашон марҳамат намуд.

47 Моро наҷот деҳ, эй Худованд Худои мо, ва моро аз миёни халқҳо ҷамъ овар, то ки исми қуддуси Туро ҳамд гӯем, бо ҳамду санои Ту фахр намоем.

48 Муборак аст Худованд Худои Исроил аз азал то абад! Ва тамоми қавм бигӯянд: «Омин». Ҳалелуёҳ!

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan