Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 104 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ САДУ ЧОРУМ Баргузидагони Худо бояд ҳамеша Худоро ҷалол диҳанд ва аҳкоми Ӯро ба ҷо оваранд.

1 Худовандро ҳамд гӯед, исми Ӯро бихонед; корномаҳои Ӯро дар байни қавмҳо шӯҳрат диҳед.

2 Дар шаъни Ӯ суруд хонед, Ӯро бисароед; аз ҳамаи корҳои аҷоиби Ӯ сухан ронед.

3 Ба исми қуддуси Ӯ фахр кунед; бигзор дили толибони Худованд шод бошад.

4 Худованд ва қуввати Ӯро ҷӯё шавед; рӯи Ӯро ҳамеша толиб бошед.

5 Корҳои аҷоиберо, ки Ӯ кардааст, ба ёд оваред: мӯъҷизоти Ӯро, ва довариҳои даҳони Ӯро,

6 Эй зурьёти бандаи Ӯ Иброҳим, эй банӣ‐Яъқуб, ки баргузидагони Ӯ ҳастед.

7 Ӯ Худованд Худои мост; довариҳои Ӯ дар тамоми замин аст.

8 Аҳди Худро то абад дар хотир дорад, ва каломеро, ки ба ҳазор насл амр фармудааст,

9 Он аҳдеро, ки бо Иброҳим бастааст, ва қасамеро, ки барои Исҳоқ ёд кардааст,

10 Ва онро барои Яъқуб ба ҳукми қонун даровардааст, ва барои Исроил ба ҳукми аҳди абадӣ,

11 Яъне гуфтааст: «Замини Канъонро ба ту хоҳам дод, то ки ҳиссаи мероси шумо шавад»;

12 Дар сурате ки онҳо ҳанӯз одамони башумор буданд; хеле кам ва ғариб дар он ҷо буданд;

13 Ва аз халқе сӯи халқе овора шуда мегаштанд, аз мамлакате сӯи қавми дигаре.

14 Нагузошт, ки касе онҳоро озор диҳад; ва подшоҳонро аз барои онҳо танбеҳ кард:

15 «Ба масеҳони Ман даст нарасонед, ва ба анбиёи Ман бадӣ накунед».

16 Ва қаҳтиро бар замин бихонд; ҳамаи манбаъҳои нонро нобуд кард.

17 Пеш аз онҳо мардеро фиристод: Юсуф ба ғуломӣ фурӯхта шуд.

18 Пойҳои ӯро бо завлона азият доданд; оҳан бар ҷонаш омад,

19 То даме ки сухани ӯ ба амал омад: Сухани Худованд ӯро покиза кард.

20 Подшоҳ кас фиристод ва бандҳои ӯро кушод; ва ҳукмфармои қавмҳо ӯро озод кард.

21 Ӯро бар хонаи худ оғо таъин кард, ва ҳукмфармо бар тамоми мулки худ,

22 То ки мирони ӯро ба салоҳдиди худ бандӣ кунад, ва пирони ӯро ҳикмат омӯзад.

23 Ва Исроил ба Миср омад, ва Яъқуб дар замини Ҳом ғурбатро ихтиёр кард.

24 Ва қавми Худро бағоят борвар кард, ва онҳоро аз адуёнашон пурзӯртар гардонд.

25 Дили онҳоро чап кард, то ки бо қавми Ӯ ба кин бошанд, ва бар зидди бандагони Ӯ найрангҳо созанд.

26 Бандаи Худ Мусоро фиристод; Ҳорунро низ, ки баргузида буд.

27 Суханони таъкиди Ӯро бо аломот ба онҳо пешниҳод карданд, ва мӯъҷизотро дар замини Ҳом.

28 Зулмотро фиристод, ва торик шуд; ва ба каломи Ӯ муқобилат накарданд.

29 Обҳои онҳоро ба хун табдил дод, ва моҳиёни онҳоро миронид.

30 Замини онҳо аз ғукҳо пур шуд; хонаҳои подшоҳонашон низ.

31 Гуфт, ва ҳашароти гуногун пайдо шуд, шабушҳо низ дар тамоми ҳудуди онҳо.

32 Ба ҷои борон бар онҳо жола боронид, ва оташи сӯзон бар замини онҳо.

33 Токҳо ва анҷирҳои онҳоро зад, ва дарахтҳоро дар ҳудуди онҳо шикаст.

34 Гуфт, ва малах пайдо шуд, ва кирмак, ки сону шумор надошт.

35 Ва тамоми сабзаро дар замини онҳо хӯрданд, ва самараи саҳроҳои онҳоро хӯрданд.

36 Ва ҳар нахустзодаро дар замини онҳо зарба зад, ибтидои тамоми қуввати онҳоро.

37 Ва онҳоро бо тилло ва нуқра берун овард, ва дар сибтҳои Ӯ бемаҷоле набуд.

38 Миср аз баромада рафтани онҳо шод шуд, зеро ки тарсашон онҳоро фаро гирифта буд.

39 Абре барои сояандозӣ паҳн кард, ва оташе барои он ки шабона рӯшноӣ диҳад.

40 Талаб карданд, ва бедонаҳоро фиристод, ва аз нони осмон онҳоро сер кард.

41 Кӯҳпораро шикоф кард, ва об ҷорӣ шуд, дар ҷойҳои хушк мисли дарьё равон шуд.

42 Зеро ки каломи муқаддаси Худро ба ёд овард, ва бандаи Худ Иброҳимро.

43 Ва қавми Худро бо шодӣ берун овард, ва баргузидагони Худро бо тараннум.

44 Ва заминҳои халқҳоро ба онҳо дод, ва меҳнати қабилаҳоро мерос гирифтанд,

45 То ки фароизи Ӯро нигоҳ доранд, ва шариати Ӯро риоя кунанд. Ҳалелуёҳ!

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan