Забур 103 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ САДУ СЕЮМ Мадҳ кардани Худованд, ки Офаридагори ҷаҳон мебошад. 1 Эй ҷонам, Худовандро муборак бихон. Худовандо, Худои ман! Бениҳоят бузург ҳастӣ; шукӯҳ ва шавкат пероҳани Туст. 2 Нурро мисли ридое дар бар мекунӣ, осмонро мисли саропардае паҳн менамоӣ. 3 Кӯшкҳои фалакии Худро бар обҳо месозӣ, абрҳоро аробаи Худ мегардонӣ, ки он бар болҳои бод ҳаракат мекунад. 4 Бодҳоро ба фариштагони Худ табдил медиҳӣ, хизматгорони Худро ба оташи сӯзон. 5 Заминро бар асосҳояш барпо кардаӣ, то абад фурӯ нахоҳад ғалтид. 6 Бо варта мисли либосе онро пӯшондаӣ; бар кӯҳҳо обҳо меистад. 7 Аз итоби Ту мегурезанд, аз овози раъди Ту ба зудӣ қафо мегарданд. 8 Кӯҳҳо боло мераванд, водиҳо поён мефуроянд, ба мақоме ки барояшон буньёд кардаӣ. 9 Ҳадде гузоштаӣ, то ки аз он нагузаранд ва баргашта, заминро напӯшонанд. 10 Чашмаҳоро ба наҳрҳо равона кардаӣ: дар миёни кӯҳҳо ҷорӣ мешаванд, 11 Ҳамаи ҳайвонҳои саҳроро об медиҳанд; гӯрхарон ташнагии худро мешикананд. 12 Бар онҳо мурғони ҳаво сокин мешаванд, аз миёни навдаҳо овоз медиҳанд. 13 Кӯҳҳоро аз кӯшкҳои фалакии Худ сероб мегардонӣ; аз самараи аъмоли Ту замин сер мешавад. 14 Алафро барои чорпо мерӯёнӣ, ва сабзаро барои хизмати одамизод, то ки аз замин нон ҳосил кунад, 15 Ва шароб, ки дили инсонро шод мегардонад, ва равған, ки рухсори ӯ аз он медурахшад, ва нон, ки дили инсонро қувват мебахшад. 16 Дарахтони Худованд шодоб мешаванд, яъне арзҳои Лубнон, ки Ӯ шинондааст, 17 Ки бар онҳо мурғон лона месозанд: сарвҳо хонаи лайлак аст; 18 Кӯҳҳои баланд барои бузҳои кӯҳист; сахраҳо паноҳгоҳ аст барои заргӯшҳо. 19 Моҳро барои мӯҳлатҳо офаридааст; офтоб ғуруби худро медонад. 20 Торикиро паҳн мекунӣ, ва шаб фаро мерасад; дар он ҳамаи ҳайвонҳои ҷангал ҳаракат мекунанд; 21 Шерони ҷавон барои нахҷир наъра мезананд ва хӯроки худро аз Худо металабанд. 22 Офтоб ки тулӯъ кард, ҷамъ мешаванд ва дар лонаҳои худ мехобанд. 23 Одамизод барои фаъолияти худ берун меояд ва то бегоҳӣ бо кори худ машғул мешавад. 24 Чӣ бисьёр аст аъмоли Ту, эй Худованд! Ҳамаро аз рӯи ҳикмат ба вуҷуд овардаӣ; замин аз офаридаҳои Ту пур аст. 25 Инак баҳри бузург ва паҳновар: дар он ҷо хазандагон сону шумор надоранд, ҷонварҳои хурд ва калон. 26 Дар он ҷо киштиҳо мегарданд; ин аждар низ, ки офаридаӣ, то ки бо он бозӣ кунӣ. 27 Ҳамаашон аз Ту чашми интизор доранд, то ки ризқи онҳоро дар вақташ бирасонӣ. 28 Он чи ба онҳо медиҳӣ, ҷамъ карда мегиранд; дасти Худро мекушоӣ, аз нозу неъмат сер мешаванд. 29 Рӯи Худро пинҳон мекунӣ, ошуфта мешаванд; рӯҳи онҳоро кашида мегирӣ, мемиранд ва ба хоки худ бармегарданд. 30 Рӯҳи Худро мефиристӣ, ба вуҷуд меоянд, ва рӯи заминро нав мегардонӣ. 31 Ҷалоли Худованд то абад аст; Худованд аз аъмоли Худ шод хоҳад буд. 32 Ба замин назар меандозад, он ба ларза меояд; ба кӯҳҳо даст мерасонад, онҳо дуд мекунанд. 33 Тамоми умри худ дар шаъни Худованд суруд хоҳам хонд; то даме ки вучуд дорам, Худои худро хоҳам сароид. 34 Бигзор гуфтори ман ба Ӯ хуш ояд; ман дар Худованд шод хоҳам буд. 35 Бигзор хатокорон аз рӯи замин нест шаванд, ва шарирон дигар боқӣ намонанд. Эй ҷонам, Худовандро муборак бихон! Ҳалелуёҳ! |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden