Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 101 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ САДУ ЯКУМ Тавба кардани гуноҳкор ва ба Худованд рӯ овардани ӯ.

1 Дуои мискин, вақте ки ғамгин шуда, пеши Худованд андӯҳи худро изҳор мекунад.

2 Худовандо! Дуои маро бишнав, ва истиғосаи ман назди Ту бирасад.

3 Рӯи Худро аз ман пинҳон надор, дар рӯзи тангии ман гӯши Худро сӯи ман хам намо; рӯзе ки бихонам, маро ба зудӣ иҷобат бикун.

4 Зеро ки рӯзҳоям мисли дуд фано шудааст, ва устухонҳоям мисли ҳезуми нимсӯз гардидааст.

5 Дили ман мисли алафи офтобзадае хушкидааст, зеро ки хӯрдани нонамро фаромӯш мекунам.

6 Аз овози оҳу воҳи ман устухонам ба пӯстам часпидааст.

7 Ба мурғи саққои биёбон монанд шудаам; мисли буми харобазор гардидаам.

8 Шабзиндадорӣ мекунам ва мисли мурғаке ҳастам, ки болои бом танҳо нишаста бошад.

9 Ҳар рӯз маро душманонам маломат мекунанд; онҳое ки аз ман девонавор нафрат доранд, дар ман лаънат мекунанд.

10 Зеро ки хокистарро мисли нон хӯрдаам, ва нӯшокии худро бо ашк омехтаам,

11 Аз боиси хашми Ту ва ғазаби Ту; зеро ки маро боло бардоштаӣ ва сарнагун кардаӣ.

12 Рӯзҳоям мисли сояи шомгоҳ аст; ва ман мисли алаф хушк шудаам.

13 Валекин Ту, эй Худованд, то абад қоим ҳастӣ, ва зикри Ту то абадуддаҳр аст.

14 Ту бархоста, бар Сион марҳамат хоҳӣ кард; зеро вақти он аст, ки ба вай марҳамат намоӣ, чунки мӯҳлат расидааст;

15 Зеро ки бандагони Ту ба сангҳои он муҳаббат доранд, ва хоки онро азиз медоранд.

16 Ва халқҳо аз исми Худованд хоҳанд тарсид, ва ҳамаи подшоҳони замин аз ҷалоли Ту.

17 Зеро ки Худованд Сионро бино кардааст; дар ҷалоли Худ зоҳир шудааст;

18 Ба дуои нотавонон таваҷҷӯҳ намудааст, ва аз дуои онҳо нафрат накардааст.

19 Ин барои насли оянда навишта мешавад, ва қавме ки офарида хоҳад шуд, Худовандро мадҳ хоҳад кард.

20 Зеро ки Ӯ аз афрози муқаддаси Худ мушоҳида кардааст: Худованд аз осмон ба замин назар андохтааст,

21 Барои он ки оҳу нолаи бандиро бишнавад, маҳкумони мамотро аз банд озод кунад,

22 То ки исми Худовандро дар Сион ба забон оваранд, ва ҳамду санои Ӯро дар Ерусалим,

23 Вақте ки қавмҳо бо ҳам ҷамъ шаванд, ва мамлакатҳо низ, то ки Худовандро ибодат намоянд.

24 Куввати маро дар роҳ фурӯ нишонд, рӯзҳоямро кӯтоҳ кард.

25 Гуфтам: «Эй Худои ман! Маро дар нисфи рӯзҳоям набар. Солҳои Ту то абадуддаҳр аст.

26 Дар замони қадим заминро буньёд кардаӣ, ва осмон амали дастҳои Туст.

27 Онҳо фано хоҳанд шуд, валекин Ту қоим хоҳӣ буд; ва ҳамаашон мисли ҷомае ҷиғда‐ҷиғда хоҳанд шуд, мисли пероҳане онҳоро хоҳӣ печонид; ва онҳо мубаддал хоҳанд шуд.

28 Валекин Ту ҳамон ҳастӣ, ва солҳои Ту тамом нахоҳад шуд.

29 Фарзандони бандагони Ту сокин хоҳанд шуд, ва зурьёти онҳо пеши Ту барқарор хоҳанд буд».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan