Забур 100 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ САДУМ Шарирон аз шаҳри Худованд маҳв хоҳанд шуд. 1 Таронаи Довуд. Дар шаъни эҳсон ва инсоф суруд хоҳам хонд; Туро, эй Худованд, хоҳам сароид. 2 Ба тариқи комил эътибор хоҳам дод, ҳангоме ки назди ман биёяд; андаруни хонаи худ бо ростии дили худ рафтор хоҳам кард. 3 Пеши назари худ чизи қабеҳро нахоҳам гузошт; аз амали гумроҳон нафрат дорам; ба ман нахоҳад часпид. 4 Дили каҷрав аз ман дур хоҳад шуд; бадиро нахоҳам донист. 5 Касеро, ки дар ниҳон аз ёри худ ғайбат мекунад, дафъ хоҳам кард; шахсеро, ки чашмони ҳавобаландона ва дили пурғурур дорад, тоқат нахоҳам кард. 6 Чашмонам бар аминони замин аст, то ки ҳамнишини ман шаванд; касе ки бо роҳи комил равон бошад, хизмати маро хоҳад кард. 7 Андаруни ҳонаи ман маккор сокин нахоҳад шуд; дурӯғгӯй пеши назари ман нахохад истод. 8 Ҳар пагоҳӣ ҳамаи шарирони заминро дафъ хоҳам кард, то ки ҳамаи бадкирдоронро аз шаҳри Худованд маҳв намоям. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden