Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 10 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ДАҲУМ Худованд одилонро дӯст медорад ва аз шарирон нафрат дорад.

1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд. Ба Худованд паноҳ мебарам; чӣ гуна шумо ба ҷонам мегӯед: «Мисли мурғе ба кӯҳи худ бигрез»?

2 Зеро инак шарирон камонро кашидаанд, тири худро ба зеҳи он гузоштаанд, то ки дар торикӣ ба ростдилон биандозанд.

3 Дар сурате ки буньёдҳо вайрон шудааст, одил чӣ кор карда метавонад?

4 Худованд дар қасри қудси Худ сокин аст; тахти Худованд дар осмон аст; чашмони Ӯ менигарад, пилкҳои Ӯ банӣ‐одамро имтиҳон мекунад.

5 Худованд одилро имтиҳон мекунад, вале аз шарир ва дӯстдори хабосат ҷони Ӯ нафрат дорад.

6 Бар шарирон ахгарҳо, оташ ва кибрит хоҳад боронид, ва боди самум ҳиссаи косаи онҳо хоҳад шуд.

7 Зеро ки Худованд одил аст, адолатро дӯст медорад; рӯи Ӯ ба росткор нигаронида шудааст.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan