Забур 1 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ЯКУМ Хушбахтии одилон ва ҳалокати шарирон. 1 Хушо касе ки ба машварати шарирон намеравад, ва дар тариқи хатокорон намеистад, ва дар маҷлиси масхарабозон наменишинад; 2 Фақат ба шариати Худованд шавқ дорад, ва рӯзу шаб Тавроти Ӯро меомӯзад; 3 Ва мисли дарахте хоҳад буд, ки назди ҷӯйҳои об шинонда шудааст, ва меваи худро дар мавсимаш медиҳад, ва баргаш пажмурда намешавад, ва ҳар чӣ мекунад, барор хоҳад ёфт. 4 Шарирон чунин нестанд, балки монанди пари коҳанд, ки онро бод пароканда мекунад. 5 Бинобар ин шарирон дар рӯзи бозхост нахоҳанд бархост; хатокорон низ дар ҷамоати одилон, 6 Зеро ки Худованд тариқи одилонро медонад, вале роҳи шарирон сӯи адам хоҳад бурд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden