Юнус 4 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧОРУМ Маҳзун шудани Юнус. Канадона — рамзи ғамхории хирадмандонаи Худо. 1 Юнус хеле маҳзун шуд, ва қаҳраш омад, 2 Ва сӯи Худованд дуо кард ва гуфт: «Эй Худованд! Оё сухани ман ҳамин набуд, вақте ки ҳанӯз дар диёри худ будам? Барои ҳамин ҳам ба гурехтан ба Таршиш шитоб кардам, зеро медонистам, ки Ту Худои бахшанда ва раҳим, собир ва пур аз эҳсон ҳастӣ, ва аз офат пушаймон мешавӣ. 3 Ва акнун, эй Худованд, ҷони маро аз ман бигир, зеро ки мурданам аз зистанам беҳтар аст». 4 Ва Худованд гуфт: «Оё хуб аст, ки дар қаҳр шавӣ?» 5 Ва Юнус аз шаҳр баромада, аз тарафи шарқии шаҳр нишаст, ва дар он ҷо барои худ хаймае сохта, зери он дар соя нишаст, то бубинад, ки дар шаҳр чӣ воқеа мешавад. 6 Ва Худованд Худо канадонае рӯёнид, ва он ба болои Юнус қад кашид, то ки бар сари ӯ соя афканда, ӯро аз маҳзунияш раҳо кунад; ва Юнус аз канадона бисьёр шод шуд. 7 Ва фардои он, ҳангоми тулӯи шафақи субҳ, Худо ба кирме фармуд, ки канадонаро занад, ва он хушк шуд. 8 Вақте ки офтоб баромад, Худо боди шарқии тафсоне вазонид, ва офтоб сари Юнусро зад, ва ӯ беҳол шуд ва ба худ марг талабида, гуфт: «Мурданам аз зистанам беҳтар аст». 9 Ва Худо ба Юнус гуфт: «Оё хуб аст, ки барои канадона дар қаҳр шавӣ?» Вай гуфт: «Хуб аст, ки то ба дараҷаи марг дар қаҳр шавам». 10 Он гоҳ Худованд гуфт: «Ту канадонаро дареғ медорӣ, ки барои он меҳнат накардаӣ ва онро нарӯёнидаӣ, ки он дар як шаб пайдо шуд ва дар як шаб нобуд шуд: 11 Ва оё Ман Нинверо — ин шаҳри бузургро — дареғ надорам, ки дар он бештар аз дувоздаҳ бевар одамоне ки дасти росту чапи худро наметавонанд фарқ кунанд, ва ҳайвоноти бисьёре низ ҳастанд?» |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden