Юнус 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЮМ Пушаймонии Юнус ва мавъизаи муборак дар Нинве. 1 Ва каломи Худованд бори дуюм ба гӯши Юнус расид, ки мегуфт: 2 «Бархез, ба Нинве — шаҳри бузург — бирав ва он чиро, ки Ман ба ту фармудам, дар он мавъиза намо». 3 Ва Юнус бархоста, бар тибқи каломи Худованд ба Нинве рафт; ва Нинве шаҳри бузурги Худо буд, ки дар се рӯз давр мезаданд. 4 Ва Юнус ба даврзании шаҳр сар карда, як рӯз гашт, ва мавъиза намуда, мегуфт: «Баъд аз чил рӯз Нинве хароб хоҳад шуд!» 5 Ва мардуми Нинве ба Худо имон оварданд, ва рӯза эълон карданд, ва аз калонашон то хурдашон палос пӯшиданд. 6 Ва ин гап ба гӯши подшоҳи Нинве расид, ва ӯ аз тахти худ бархоста, ҷомаи салтанатро аз худ дур кард, ва палос пӯшида, бар хокистар нишаст, 7 Ва амр фармуд, ки дар Нинве аз номи подшоҳ ва акобири вай ҷор зада, гӯянд, ки «одамон ва ҳайвонот, говон ва гӯсфандон чизе нахӯранд, ба чарогоҳ нараванд ва об нанӯшанд; 8 Ва одамон ва ҳайвонот палоспӯш шаванд, ва бошиддат сӯи Худо бихонанд, ва ҳар кас аз роҳи бади худ ва аз зулми дастҳои худ тавба кунад; 9 Шояд, Худо руҷӯъ намуда, пушаймон шавад, ва аз ғазаби Худ баргардад, ва мо ба ҳалокат нарасем». 10 Ва Худо аъмоли онҳоро дид, ки аз роҳи бади худ тавба кардаанд; ва Худо аз он офате ки гуфта буд ба онҳо бирасонад, пушаймон шуд, ва нарасонд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden