Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Юнус 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ДУЮМ Моҳии бузург Юнусро фурӯ бурд. Дуои Юнус.

1 Ва Худованд ба моҳии бузурге фармуд, ки Юнусро фурӯ барад; ва Юнус се шабонарӯз дар шиками моҳӣ буд.

2 Ва Юнус аз шиками моҳӣ сӯи Худованд Худои худ дуо кард,

3 Ва гуфт: «Дар тангии худ сӯи Худованд хондам, ва маро иҷобат намуд; аз батни дӯзах истиғоса бурдам, ва Ту овози маро шунидӣ.

4 Ту маро дар қаър, дар дили баҳрҳо андохтӣ, ва селоб маро иҳота намуд; ҳамаи туғьёнҳо ва мавҷҳои Ту бар ман гузашт.

5 Ва ман гуфтам: „Аз назари Ту ронда шудаам; вале қасри қудси Туро боз хоҳам дид“.

6 Обҳо маро то ба ҷонам фаро гирифт; варта маро иҳота намуд; обсабза ба сарам печид.

7 То бехи кӯҳҳо нузул кардам; замин бо ғалақаҳои худ то ба абад пеши роҳамро гирифт; лекин Ту, эй Худованд Худои ман, ҳаётамро аз дӯзах баровардӣ.

8 Вақте ки ҷонам дар ман аз ҳол мерафт, Худовандро ба ёд овардам, ва дуои ман ба даргоҳи Ту, ба қасри қудси Ту расид.

9 Пайравони бутҳои бекора Эҳсонкунандаи худро тарк мекунанд,

10 Лекин ман бо овози шукрона барои Ту қурбонӣ хоҳам кард; он чи назр намудаам, адо хоҳам кард. Наҷот дар дасти Худованд аст!»

11 Ва Худованд ба моҳӣ бигуфт, ва Юнусро ба хушкӣ қай кард.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan