Юҳанно* 9 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ НӮҲУМ Шифо ёфтани кӯри модарзод дар рӯзи шанбе. 1 Ва чун мерафт, як кӯри модарзодро дид. 2 Ва шогирдонаш аз Ӯ пурсида, гуфтанд: «Эй Устод! Кӣ гуноҳ кард: ин одам ё падару модараш, ки вай кӯр зоида шуд?» 3 Исо ҷавоб дод: «На ин одам гуноҳ кард ва на падару модараш, балки барои он ки дар вай аъмоли Худо ошкор гардад; 4 То вақте ки рӯз аст, Ман бояд аъмоли Фиристандаи Худро ба ҷо оварам; шаб ки ояд, ҳеҷ кас наметавонад коре бикунад; 5 То вақте ки Ман дар ҷаҳон ҳастам, нури ҷаҳонам». 6 Инро гуфта, оби даҳан бар замин андохт, ва бо он об гил сохт, ва он гилро ба чашмони кӯр молид, 7 Ва ба вай гуфт: «Бирав ва дар ҳавзи Шилӯаҳ, ки маънояш „Фиристода“ мебошад, худро бишӯй». Вай рафта, худро шуст, ва бино шуда, омад. 8 Ҳамсоягон ва касоне ки пеш аз он вайро дар ҳолати кӯрӣ дида буданд, гуфтанд: «Оё ин ҳамон нест, ки нишаста, гадоӣ мекард?» 9 Баъзе гуфтанд: «Ҳамон аст». Ва баъзе гуфтанд: «Фақат ба вай монанд аст». Вале худи вай гуфт: «Ман ҳамонам». 10 Ба вай гуфтанд: «Пас чӣ тавр чашмони ту воз шуд?» 11 Вай дар ҷавоб гуфт: «Касе ки Исо номида мешавад, гил сохта, ба чашмонам молид ва гуфт: „Бирав ва дар ҳавзи Шилӯаҳ худро бишӯй“. Ман рафта, худро шустам ва бино шудам». 12 Ба вай гуфтанд: «Ӯ куҷост?» Гуфт: «Намедонам». 13 Он одамро, ки пештар кӯр буд, назди фарисиён бурданд. 14 Ва он рӯзе ки Исо гил сохта, чашмони вайро воз кард, рӯзи шанбе буд. 15 Фарисиён низ аз вай пурсиданд, ки чӣ тавр бино шуд. Ба онҳо гуфт: «Гил сохта, ба чашмонам гузошт, ва ман худро шуста, бино шудам». 16 Баъзе аз фарисиён гуфтанд: «Он Шахс аз ҷониби Худо нест, чунки шанберо нигоҳ намедорад». Дигарон гуфтанд: «Чӣ тавр як шахси гуноҳкор чунин мӯъҷизот нишон дода метавонад?» Ва дар байни онҳо ихтилоф афтод. 17 Боз ба он кӯр гуфтанд: «Дар бораи Ӯ, ки чашмони туро кушод, чӣ мегӯӣ?» Гуфт: «Пайғамбар аст». 18 Яҳудиён бовар накарданд, ки вай кӯр буду бино шуд, то ин ки падару модари он биношударо даъват намуда, 19 Аз онҳо пурсиданд: «Оё ин аст писари шумо, ки мегӯед: кӯр зоида шудааст? Пас чӣ тавр вай алҳол бино шудааст?» 20 Падару модари вай дар ҷавоби онҳо гуфтанд: «Мо медонем, ки ин писари мост, ва кӯр зоида шудааст; 21 Лекин алҳол чӣ тавр бино шудааст, намедонем; ва чашмони вайро кӣ воз кардааст, намедонем; вай болиғ аст, аз худаш пурсед, то аҳволи худро баён кунад». 22 Падару модараш чунин гуфтанд, чунки аз яҳудиён метарсиданд; зеро ки яҳудиён аллакай забон як карда буданд, ки ҳар кӣ Ӯро чун Масеҳ эътироф намояд, аз куништ биронанд; 23 Аз ин сабаб падару модараш гуфтанд, ки «вай болиғ аст, аз худаш пурсед». 24 Он гоҳ бори дигар он одамро, ки кӯр буд, талабида, гуфтанд: «Худоро сано гӯй; мо медонем, ки Он Шахс гуноҳкор аст». 25 Дар ҷавобашон гуфт: «Оё гуноҳкор аст ё не, намедонам; як чизро медонам, ки кӯр будам ва ҳоло бино ҳастам». 26 Боз ба вай гуфтанд: «Бо ту чӣ кор кард? Чӣ тавр чашмони туро воз кард?» 27 Ба онҳо ҷавоб дод: «Аллакай ба шумо гуфтам, ва гӯш надодед: чаро мехоҳед дубора бишнавед? Оё шумо низ мехоҳед шогирдони Ӯ шавед?» 28 Вайро мазаммат намуда, гуфтанд: «Ту шогирди Ӯ ҳастӣ, мо шогирдони Мусоем; 29 Мо медонем, ки Худо ба Мусо сухан гуфт; лекин Ин Шахсро намедонем аз куҷост». 30 Он одам дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин аҷиб аст, ки шумо аз куҷо будани Ӯро намедонед, ва ҳол он ки Ӯ чашмони маро воз кард. 31 Мо медонем, ки Худо дуои гуноҳкоронро намешунавад, лекин агар касе худотарс бошаду иродаи Ӯро ба ҷо оварад, дуояшро мешунавад; 32 Ҳаргиз шунида нашудааст, ки касе чашмони кӯри модарзодро воз карда бошад; 33 Агар Ӯ аз ҷониби Худо намебуд, ҳеҷ кор карда наметавонист». 34 Дар ҷавоби вай гуфтанд: «Ту, ки комилан дар гуноҳ таваллуд ёфтаӣ, моро таълим медиҳӣ?» Пас вайро бадар ронданд. 35 Исо чун шунид, ки вайро бадар рондаанд, вайро ёфта, гуфт: «Оё ту ба Писари Худо имон дорӣ?» 36 Дар ҷавоб гуфт: «Эй оғо, Ӯ кист, то ки ба Ӯ имон оварам?» 37 Исо ба вай гуфт: «Ту Ӯро дидаӣ, ва Ӯ ҳамон аст, ки ҳоло бо ту гуфтугӯ мекунад». 38 Гуфт: «Имон дорам, Худовандо!» Ва ба Ӯ саҷда кард. 39 Ва Исо гуфт: «Ман барои доварӣ ба ин ҷаҳон омадаам, то ки кӯрон бино ва биноён кӯр шаванд». 40 Баъзе аз фарисиён, ки назди Ӯ буданд, чун шуниданд, ба Ӯ гуфтанд: «Наход ки мо ҳам кӯр бошем?» 41 Исо ба онҳо гуфт: «Агар кӯр мебудед, гуноҳ намедоштед; аммо чун мегӯед, ки бино ҳастед, пас гуноҳи шумо мемонад». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden