Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Юҳанно* 8 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАШТУМ Исо зани гуноҳкорро афв менамояд.

1 Лекин Исо ба кӯҳи Зайтун рафт,

2 Ва бомдодон боз ба маъбад омад, ва тамоми мардум назди Ӯ омаданд; ва Ӯ нишаста, онҳоро таълим медод.

3 Дар ин вақт китобдонон ва фарисиён занеро, ки дар амали зино дастгир шуда буд, назди Ӯ оварданд, ва дар миёна ба по ниҳода,

4 Ба Ӯ гуфтанд: «Устод! Ин зан дар амали зино дастгир шуд;

5 Ва Мусо дар шариат ба мо гуфтааст, ки чунин занон бояд сангсор шаванд: аммо Ту чӣ мегӯӣ?»

6 Инро барои озмоиш ба Ӯ гуфтанд, то ки далеле ёфта, Ӯро айбдор кунанд. Лекин Исо хам шуда, бо ангушташ бар рӯи замин чизе менавишт.

7 Чун дар савол исрор намуданд, Ӯ рост шуда, ба онҳо гуфт: «Он ки аз шумо бегуноҳ аст, аввалин касе бошад, ки ба вай санг андозад».

8 Ва боз хам шуда, бар замин навиштан гирифт.

9 Чун шуниданд, виҷдонашон нороҳат шуд, ва аз пирон сар карда, то каси охирин паси якдигар баромада рафтанд; ва Исо танҳо монд, ва зан дар миёна ба по меистод.

10 Исо чун рост шуд ва ғайр аз зан ҳеҷ касро надид, ба вай гуфт: «Эй зан! Даъвогарони ту куҷо шуданд? Оё касе туро маҳкум накард?»

11 Зан гуфт: «Ҳеҷ касе, эй оғо!» Исо ба вай гуфт: «Ман низ туро маҳкум намекунам; бирав ва дигар гуноҳ накун».


Исо — Нури ҷаҳон.

12 Ва Исо боз ба мардум гуфт: «Ман нури ҷаҳон ҳастам; ҳар кӣ Маро пайравӣ кунад, дар торикӣ роҳ напаймояд, балки нури ҳаётро ёбад».

13 Он гоҳ фарисиён ба Ӯ гуфтанд: «Ту бар Худ шаҳодат медиҳӣ, шаҳодати Ту рост нест».

14 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Гарчанде ки Ман бар Худ шаҳодат медиҳам, шаҳодати Ман рост аст, зеро Ман медонам, ки аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам; лекин шумо намедонед, ки Ман аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам;

15 Шумо аз рӯи ҷисм доварӣ мекунед, вале Ман ҳеҷ касро доварӣ намекунам;

16 Ва агар Ман доварӣ кунам, доварии Ман рост аст, чунки Ман танҳо нестам, балки Падаре ки Маро фиристод, бо Ман аст;

17 Ва низ дар шариати шумо навишта шудааст, ки шаҳодати ду кас рост аст;

18 Ман бар Худ шаҳодат медиҳам, ва низ Падаре ки Маро фиристод, бар Ман шаҳодат медиҳад».

19 Ба Ӯ гуфтанд: «Падари Ту куҷост?» Исо ҷавоб дод: «Шумо на Маро мешиносед ва на Падари Маро; агар Маро мешинохтед, Падари Маро низ мешинохтед».

20 Ин суханонро Исо назди ганҷина, ҳангоме ки дар маъбад таълим медод, гуфт; ва ҳеҷ кас Ӯро дастгир накард, чунки соати Ӯ ҳанӯз нарасида буд.


Исо дар бораи назди Падар рафтани Худ шаҳодат медиҳад.

21 Боз Исо ба онҳо гуфт: «Ман меравам, ва шумо Маро хоҳед ҷуст, ва дар гуноҳи худ хоҳед мурд; ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметавонед биёед».

22 Яҳудиён гуфтанд: «Наход ки Ӯ мехоҳад Худро бикушад, ки мегӯяд: „Ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметавонед биёед“?»

23 Ба онҳо гуфт: «Шумо аз поин мебошед, Ман аз боло; шумо аз ин ҷаҳон ҳастед, лекин Ман аз ин ҷаҳон нестам;

24 Аз ин сабаб ба шумо гуфтам, ки дар гуноҳҳои худ хоҳед мурд; зеро агар имон наоваред, ки ин Ман ҳастам, дар гуноҳҳои худ хоҳед мурд».

25 Ба Ӯ гуфтанд: «Ту кистӣ?» Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамонам, ки аз аввал ҳам ба шумо гуфтам;

26 Ман чизҳои бисьёр дорам, ки дар ҳаққи шумо бигӯям ва доварӣ кунам; лекин Фиристандаи Ман ҳақиқист, ва Ман ҳар чи аз Ӯ шунидаам, ба ҷаҳон мегӯям».

27 Онҳо нафаҳмиданд, ки Ӯ ба онҳо дар бораи Падар сухан мегӯяд.

28 Исо ба онҳо гуфт: «Вақте ки Писари Одамро баланд бардоштед, хоҳед фаҳмид, ки ин Ман ҳастам, ва ҳеҷ амалро аз Худам намекунам, балки он чиро, ки Падарам ба Ман таълим дод, мегӯям;

29 Фиристандаи Ман бо Ман аст; Падар Маро танҳо нагузоштааст, зеро ки Ман ҳамеша аъмоли писандидаи Ӯро ба ҷо меоварам».

30 Чун инро гуфт, бисьёр касон ба Ӯ имон оварданд.


Дар бораи озодии ҳақиқӣ.

31 Он гоҳ Исо ба яҳудиёне ки ба Ӯ имон оварданд, гуфт: «Агар шумо дар каломи Ман бимонед, ҳақиқатан шогирдони Ман хоҳед буд,

32 Ва ростиро хоҳед шинохт, ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард».

33 Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Мо фарзандони Иброҳим ҳастем ва ҳеҷ гоҳ ғуломи касе набудем; пас чӣ сон Ту мегӯӣ, ки „озод хоҳед шуд“?»

34 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ гуноҳ мекунад, ғуломи гуноҳ аст;

35 Лекин ғулом ҳамеша дар хона намемонад: писар ҳамеша мемонад;

36 Пас, агар Писар шуморо озод кунад, ҳақиқатан озод хоҳед буд;


Дар бораи душманони ростӣ.

37 Медонам, ки фарзандони Иброҳим ҳастед; лекин мехоҳед Маро бикушед, чунки каломи Ман дар шумо намегунҷад;

38 Ман он чи назди Падари Худ дидаам, мегӯям; ва шумо он чи назди падари худ дидаед, мекунед».

39 Онҳо дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Падари мо Иброҳим аст». Исо ба онҳо гуфт: «Агар фарзандони Иброҳим мебудед, аъмоли Иброҳимро ба ҷо меовардед;

40 Валекин ҳоло мехоҳед Маро бикушед, ва Ман Шахсе ҳастам, ки ростиро, ончунон ки аз Худо шунидаам, ба шумо мегӯям: Иброҳим чунин коре накардааст.

41 Шумо аъмоли падари худро мекунед». Ба Ӯ гуфтанд: «Мо аз зино таваллуд наёфтаем; мо як Падар дорем, ки Худо бошад».

42 Исо ба онҳо гуфт: «Агар Худо Падари шумо мебуд, Маро дӯст медоштед, чунки Ман аз ҷониби Худо баромада, назди шумо омадаам; зеро ки Ман ба иродаи Худ наомадаам, балки Ӯ Маро фиристод.

43 Чаро каломи Маро намефаҳмед? Чунки каломи Маро наметавонед бишнавед.

44 Падари шумо иблис аст, ва шумо мехоҳед орзуҳои падари худро ба амал оваред; вай аз ибтидо қотил буд ва дар ростӣ собит намонд, зеро ки дар вай ростӣ нест; вақте ки вай сухани дурӯғ мегӯяд, аз они худро мегӯяд, зеро ки вай дурӯғгӯй ва падари дурӯғ аст.

45 Лекин азбаски Ман сухани ростро ба шумо мегӯям, ба Ман имон намеоваред.


Сирри шахсияти Исо.

46 Кист аз шумо, ки Маро ба гуноҳе таъна зада тавонад? Пас агар Ман сухани ростро гӯям, чаро ба Ман имон намеоваред?

47 Касе ки аз Худо бошад, ба каломи Худо гӯш медиҳад; шумо ба он сабаб гӯш намедиҳед, ки аз Худо нестед».

48 Он гоҳ яҳудиён дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Оё дуруст нагуфтем, ки Ту сомарӣ ҳастӣ ва дев дорӣ?»

49 Исо ҷавоб дод: «Ман дев надорам, балки Падари Худро ҳурмат мекунам, вале шумо ба Ман беҳурматӣ мекунед;

50 Ман ҷалоли Худро толиб нестам: Яке ҳаст, ки Толиб ва Довар мебошад;

51 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе ки каломи Маро риоя кунад, то абад маргро нахоҳад дид».

52 Яҳудиён ба Ӯ гуфтанд: «Акнун донистем, ки Ту дев дорӣ; Иброҳим ва анбиё мурданд, вале Ту мегӯӣ: „Касе ки каломи Маро риоя кунад, то абад зоиқаи маргро нахоҳад чашид“.

53 Оё Ту аз падари мо Иброҳим, ки мурд, ва аз анбиё, ки низ мурданд, бузургтар ҳастӣ? Ту Худро кӣ медонӣ?»

54 Исо ҷавоб дод: «Агар Ман Худро ҷалол диҳам, ҷалоли Ман ҳеҷ чизе набошад: Маро Падари Ман ҷалол мебахшад, ки дар ҳаққи Ӯ шумо мегӯед: „Ӯ Худои мост“;

55 Ва Ӯро нашинохтаед, лекин Ман Ӯро мешиносам; ва агар бигӯям, ки Ӯро намешиносам, мисли шумо дурӯғгӯй мешавам; лекин Ман Ӯро мешиносам ва каломи Ӯро риоя мекунам;

56 Падари шумо Иброҳим шод буд, ки рӯзи Маро бубинад: ва дид ва шод гардид».

57 Яҳудиён ба Ӯ гуфтанд: «Ҳанӯз панҷоҳсола ҳам нестӣ, ва Ту Иброҳимро дидаӣ?»

58 Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: пеш аз он ки Иброҳим пайдо шуд, Ман ҳастам».

59 Он гоҳ санг бардоштанд, то ки Ӯро сангсор кунанд; лекин Исо пинҳон шуд ва аз миёни онҳо гузашта, аз маъбад берун шуд ва рафт.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan