Юҳанно* 7 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ҲАФТУМ Бародарон Исоро ба иди хаймаҳо таклиф мекунанд. 1 Пас аз он Исо дар Ҷалил мегашт, зеро намехост дар Яҳудо бошад, чунки яҳудиён қасди куштани Ӯ доштанд. 2 Ва иди яҳудиён, ки иди хаймаҳо бошад, наздик буд. 3 Пас бародаронаш ба Ӯ гуфтанд: «Ин ҷоро тарк карда, ба Яҳудо равона шав, то ки шогирдонат низ он аъмолеро, ки Ту ба ҷо меоварӣ, бубинанд; 4 Зеро касе ки мехоҳад машҳур шавад, дар пинҳонӣ амал намекунад; агар Ту чунин аъмолро ба ҷо меоварӣ, Худро ба ҷаҳон бинамо». 5 Зеро бародаронаш низ ба Ӯ имон наоварда буданд. 6 Исо ба онҳо гуфт: «Вақти Ман ҳанӯз нарасидааст, лекин барои шумо ҳар вақт муносиб аст; 7 Ҷаҳон наметавонад ба шумо адоват дошта бошад, лекин ба Ман адоват дорад, чунки Ман бар он шаҳодат медиҳам, ки аъмолаш бад аст; 8 Шумо ба ин ид биравед, аммо Ман ҳоло ба ин ид намеравам, чунки вақти Ман ҳанӯз пур нашудааст». 9 Инро ба онҳо гуфта, дар Ҷалил монд. Исо Ҷалилро тарк мекунад. 10 Вақте ки бародаронаш ба ид омаданд, Ӯ низ омад, на ошкоро, балки пинҳонӣ. 11 Аммо яҳудиён Ӯро дар ид ҷустуҷӯ намуда, мегуфтанд, ки: «Ӯ куҷост?» 12 Ва дар миёни мардум дар бораи Ӯ гуфтугӯи бисьёре буд. Баъзеҳо мегуфтанд: «Ӯ некӯст», аммо дигарон мегуфтанд: «Не, Ӯ мардумро гумроҳ мекунад». 13 Лекин, аз тарси яҳудиён, ҳеҷ кас дар бораи Ӯ ошкоро сухан намегуфт. Исо дар иди хаймаҳо. 14 Чун нисфи ид гузашт, Исо ба маъбад омада, таълим дод. 15 Ва яҳудиён дар ҳайрат афтода, гуфтанд: «Ин Шахс Навиштаҳоро чӣ гуна медонад, дар сурате ки ҳаргиз таълим наёфтааст?» 16 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Таълими Ман аз они Ман нест, балки аз они Фиристандаи Ман аст; 17 Агар касе хоҳад иродаи Ӯро ба амал оварад, дар бораи ин таълим хоҳад донист, ки оё он аз Худост, ё ки Ман аз Худ сухан мегӯям. 18 Ҳар кӣ аз худ сухан гӯяд, ҷалоли худро меҷӯяд; вале ҳар кӣ ҷалоли Фиристандаи Худро меҷӯяд, Ӯ ҳақиқист, ва дар Ӯ норостӣ нест. 19 Оё Мусо ба шумо шариатро надод? Ва касе аз шумо аз рӯи шариат амал намекунад. Чаро мехоҳед Маро бикушед?» 20 Мардум дар ҷавоб гуфтанд: «Ту дев дорӣ. Кӣ мехоҳад Туро бикушад?» 21 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Як кор кардам, ва ҳамаи шумо дар ҳайрат мондед; 22 Мусо ба шумо хатнаро дод, ки он на аз Мусо, балки аз падарон буд, ва шумо писарони худро дар рӯзи шанбе хатна мекунед. 23 Модоме ки писаронро дар рӯзи шанбе хатна мекунанд, то ки шариати Мусо вайрон нашавад, пас чаро бар Ман хашмгин мешавед, ки дар рӯзи шанбе касеро шифои комил додаам? 24 Аз рӯи намуди зоҳирӣ доварӣ накунед, балки аз рӯи адолат доварӣ кунед». 25 Он гоҳ баъзе аз аҳли Ерусалим гуфтанд: «Оё ин Ҳамон Касе нест, ки Ӯро мехоҳанд бикушанд? 26 Инак, Ӯ ошкоро сухан мегӯяд, ва ба Ӯ чизе намегӯянд: оё сардорон яқин донистаанд, ки Ӯ дар ҳақиқат Масеҳ аст? 27 Лекин мо медонем, ки Ин Шахс аз куҷост, аммо чун Масеҳ ояд, касе нахоҳад донист, ки Ӯ аз куҷост». 28 Ва Исо, вақте ки дар маъбад таълим медод, нидо карда, гуфт: «Маро мешиносед, ва низ медонед, ки Ман аз куҷо ҳастам; ва Ман аз Худ наомадаам, вале Фиристандаи Ман ҳақиқист, ки шумо Ӯро намешиносед; 29 Аммо Ман Ӯро мешиносам, чунки ман аз ҷониби Ӯ ҳастам, ва Ӯ Маро фиристодааст». 30 Он гоҳ хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале касе даст бар Ӯ наандохт, чунки ҳанӯз соаташ нарасида буд. 31 Лекин бисьёре аз мардум ба Ӯ имон оварданд ва гуфтанд: «Чун Масеҳ ояд, наход ки аз Ин Шахс бештар аломот нишон хоҳад дод?» 32 Ва фарисиён шуниданд, ки мардум дар бораи Ӯ чунин мегӯянд, пас фарисиён ва саркоҳинон мулозимонро фиристоданд, то ки Ӯро дастгир кунанд. 33 Ва Исо гуфт: «Боз муддати каме Ман назди шумо ҳастам, пас аз он назди Фиристандаи Худ меравам; 34 Шумо Маро хоҳед ҷуст ва нахоҳед ёфт; ва ба он ҷое ки Ман ҳастам, наметавонед биёед». 35 Ва яҳудиён ба якдигар гуфтанд: «Ӯ ба куҷо мехоҳад биравад, ки мо Ӯро ёфта натавонем? Оё мехоҳад назди онҳое биравад, ки дар байни юнониён пароканда ҳастанд, ва юнониёнро таълим диҳад? 36 Чист маънои суханоне ки Ӯ гуфт: „Маро хоҳед ҷуст ва нахоҳед ёфт; ва ба он ҷое ки Ман ҳастам, наметавонед биёед“?» Исо дар бораи қуввати Рӯҳулқудс сухан меронад. 37 Ва дар рӯзи охир, ки рӯзи бузурги ид буд, Исо истода, нидо кард ва гуфт: «Ҳар кӣ ташна бошад, назди Ман биёяд ва бинӯшад. 38 Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, чунон ки дар Навиштаҳо гуфта шудааст, аз батни вай наҳрҳои оби ҳаёт ҷорӣ хоҳад шуд». 39 Ин суханро Ӯ дар бораи Рӯҳ гуфт, ки ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, Онро хоҳад ёфт; зеро ки Рӯҳулқудс ҳанӯз ато нашуда буд, чунки Исо ҳанӯз ҷалол наёфта буд. Фикрҳои дигар‐дигари яҳудиён дар бораи Исо. 40 Бисьёре аз мардум ин суханро шунида, гуфтанд: «Дар ҳақиқат Ин Шахс ҳамон Пайғамбар аст». 41 Баъзеҳо гуфтанд: «Ин Масеҳ аст». Лекин дигарон гуфтанд: «Магар Масеҳ аз Ҷалил меояд? 42 Оё дар Навиштаҳо гуфта нашудааст, ки Масеҳ аз насли Довуд ва аз Байт‐Лаҳм, ки деҳи Довуд буд, бояд ояд?» 43 Ба ҳамин тариқ, дар бораи Ӯ дар байни мардум ихтилоф афтод. 44 Баъзе аз онҳо хостанд Ӯро дастгир кунанд, лекин касе ба Ӯ даст наандохт. 45 Пас мулозимон назди саркоҳинон ва фарисиён баргаштанд, ва онҳо пурсиданд: «Чаро Ӯро наовардед?» 46 Мулозимон ҷавоб доданд: «Касе ҳаргиз монанди Ин Шахс сухан нагуфтааст». 47 Фарисиён ба онҳо гуфтанд: «Оё шумо низ гумроҳ шудаед? 48 Оё касе аз сардорон ё аз фарисиён ба Ӯ имон овардааст? 49 Аммо ин мардуме ки шариатро намедонанд, малъун мебошанд». 50 Ниқӯдимус, ки шабона назди Ӯ омада буд ва яке аз онҳо буд, ба онҳо гуфт: 51 «Оё шариати мо касеро маҳкум менамояд бе он ки аввал суханашро бишнавад ва бидонад, ки вай чӣ кор кардааст?» 52 Онҳо дар ҷавоби вай гуфтанд: «Магар ту низ ҷалилӣ ҳастӣ? Таҳқиқ кун ва бубин, зеро ки ҳеҷ пайғамбаре аз Ҷалил зуҳур накардааст». 53 Пас ҳар кас ба хонаи худ рафт. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden