Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Юҳанно* 6 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ШАШУМ Сер шудани панҷ ҳазор мард.

1 Пас аз он Исо ба он тарафи баҳри Ҷалил, ё баҳри Табария раҳсипор шуд;

2 Ва мардуми бисьёре аз ақиби Ӯ равона шуданд, зеро он мӯъҷизотеро, ки ба беморон нишон медод, медиданд.

3 Исо ба кӯҳе баромада, бо шогирдони Худ дар он ҷо нишаст.

4 Иди фисҳи яҳудиён наздик буд.

5 Исо чашм андохта, дид, ки мардуми бисьёре назди Ӯ меоянд, ва ба Филиппус гуфт: «Аз куҷо нон бихарем, ки инҳо бихӯранд?»

6 Лекин инро барои озмоиш ба вай гуфт; зеро Худ медонист, чӣ бояд кард.

7 Филиппус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Дусад динор барои онҳо кифоят намекунад, то ки ҳар яке андаке нон бихӯранд».

8 Яке аз шогирдонаш, Андриёс, бародари Шимъӯни Петрус, ба Ӯ гуфт:

9 «Дар ин ҷо писаре ҳаст, ки панҷ нони ҷав ва ду моҳӣ дорад; лекин барои ин қадар одам чӣ мешавад?»

10 Исо гуфт: «Мардумро шинонед». Дар он ҷо сабза бисьёр буд, ва мардум, ки қариб панҷ ҳазор мард буданд, нишастанд.

11 Исо нонҳоро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба шогирдон дод, ва шогирдон ба нишастагон доданд, ва ҳамчунин аз моҳиҳо низ ба қадре ки хостанд.

12 Ва чун сер шуданд, Исо ба шогирдон гуфт: «Пораҳои боқимондаро ҷамъ кунед, то ки чизе талаф нашавад».

13 Ва ҷамъ карда, аз пораҳои панҷ нони ҷав, ки аз хӯрандагон зиёдатӣ монда буд, дувоздаҳ сабадро пур карданд.

14 Вақте ки мардум ин мӯъҷизаро, ки Исо нишон дод, диданд, гуфтанд: «Ин ҳақиқатан Он Пайғамбар аст, ки бояд ба ҷаҳон биёяд».


Исо бар баҳр қадам мезанад.

15 Лекин Исо чун дарьёфт, ки мехоҳанд омада, Ӯро ба зӯрӣ баранд ва подшоҳ кунанд, боз танҳо ба кӯҳ баромад.

16 Шомгоҳон шогирдонаш ба лаби баҳр фуромаданд

17 Ва ба каиқе савор шуда, ба он тарафи баҳр, сӯи Кафарнаҳум равона шуданд. Ва ҳаво торик шуд, ва Исо назди онҳо наомада буд.

18 Ва боди шадиде вазида, баҳр ба талотум омад.

19 Вақте ки ба дурии тақрибан бисту панҷ ё сӣ стадия қаиқ ронда буданд, Исоро диданд, ки бар баҳр қадам зада, ба қаиқ наздик меояд, ва ҳаросон шуданд.

20 Лекин Ӯ ба онҳо гуфт: «Ин Манам, натарсед».

21 Онҳо мехостанд Ӯро ба қаик дароваранд; ҳамон дам қаиқ ба соҳиле ки сӯи он равона буданд, расид.


Исо — нони ҳаёт.

22 Фардои он, мардуме ки дар он тарафи баҳр истода буданд, диданд, ки дар он ҷо ҳеҷ қаиқе набуд, ҷуз он ки шогирдони Ӯ дохили он шуда буданд, ва Исо бо шогирдони Худ ба он надаромада буд, балки шогирдонаш танҳо рафта буданд;

23 Лекин қаиқҳои дигаре аз Табария наздики ҳамон ҷое ки пас аз баракат додани Худованд нон хӯрда буданд, расиданд;

24 Ва чун мардум диданд, ки Исо ва шогирдонаш дар он ҷо нестанд, онҳо низ ба қаиқҳо савор шуда, ба ҷустуҷӯи Исо ба Кафарнаҳум омаданд.

25 Ва Ӯро дар он тарафи баҳр ёфта, ба Ӯ гуфтанд: «Эй Устод! Кай ба ин ҷо омадӣ?»

26 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Маро на ба сабаби мӯъҷизоте ки дидед, балки ба он сабаб ҷустуҷӯ мекунед, ки нон хӯрда, сер шудед.

27 На аз барои ғизои фонӣ, балки барои ғизое саъю кӯшиш кунед, ки то ҳаёти ҷовидонӣ боқӣ мемонад, ва Писари Одам онро ба шумо хоҳад дод; зеро ки Худои Падар бар Ӯ мӯҳр задааст».

28 Ба Ӯ гуфтанд: «Чӣ бояд кунем, ки аъмоли писандидаи Худоро ба ҷо оварда бошем?»

29 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Амали писандидаи Худо ин аст, ки ба Он Касе ки Ӯ фиристод, имон оваред».

30 Ба Ӯ гуфтанд: «Пас, чӣ аломате Ту нишон медиҳӣ, то ки дида, ба Ту имон оварем? Чӣ кор мекунӣ?

31 Падарони мо дар биёбон манн хӯрдаанд, чунон ки навишта шудааст: „Аз осмон ба онҳо нон ато кард, то бихӯранд“».

32 Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Мусо нонро ба шумо аз осмон надодааст, балки Падари Ман нони ҳақиқиро ба шумо аз осмон медиҳад;

33 Зеро нони Худо Он Касест, ки аз осмон нозил шуда, ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад».

34 Он гоҳ ба Ӯ гуфтанд: «Эй оғо! Ҳамеша ин нонро ба мо бидеҳ».

35 Исо ба онҳо гуфт: «Ман нони ҳаёт ҳастам; касе ки назди Ман ояд, ҳаргиз гурусна нахоҳад монд, ва касе ки ба Ман имон оварад, ҳаргиз ташна нахоҳад монд.

36 Лекин Ман ба шумо гуфтам, ки Маро низ дидаед, ва имон намеоваред.

37 Ҳар он чи Падар ба Ман ато кунад, назди Ман хоҳад омад, ва ҳар кӣ назди Ман ояд, бадар нахоҳам ронд.

38 Зеро аз осмон нозил шудаам на аз барои он ки ба иродаи Худ амал кунам, балки ба иродаи Фиристандаи Худ.

39 Ва иродаи Падаре ки Маро фиристод, ин аст, ки аз он чи ба Ман ато кард, чизе талаф накунам, балки дар рӯзи вопасин онро эҳьё кунам;

40 Ва иродаи Фиристандаи Ман ин аст, ки ҳар кӣ Писарро дид ва ба Ӯ имон овард, ҳаёти ҷовидонӣ дошта бошад; ва Ман дар рӯзи вопасин вайро эҳьё хоҳам кард».

41 Яҳудиён аз Ӯ шикоят карданд, зеро ки гуфта буд: «Манам он ноне ки аз осмон нозил шуд».

42 Ва гуфтанд: «Оё ин Исои писари Юсуф нест, ки мо падару модари Ӯро мешиносем? Пас чӣ тавр мегӯяд, ки „Ман аз осмон нозил шудаам“?»

43 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба якдигар шикоят накунед:

44 Ҳеҷ кас наметавонад назди Ман ояд, магар ин ки Падаре ки Маро фиристод, вайро ҷалб кунад; ва Ман вайро дар рӯзи вопасин эҳьё хоҳам кард.

45 Дар суҳафи анбиё навишта шудааст: „Ва ҳама аз Худо таълим хоҳанд ёфт“. Ва ҳар кӣ аз Падар шунида ва таълим гирифта бошад, назди Ман меояд.

46 На ин ки касе Падарро дидааст, чуз Он ки аз ҷониби Худост: Ӯ Падарро дидааст.

47 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад.

48 Ман нони ҳаёт ҳастам.

49 Падарони шумо дар биёбон манн хӯрданд ва мурданд;

50 Валекин ин ҷо нонест, ки аз осмон нозил шуд, то ҳар кӣ аз он бихӯрад, намирад.

51 Ман ҳастам он нони зинда, ки аз осмон нозил шуд: касе ки аз ин нон бихӯрад, то абад зинда хоҳад монд; ва ноне ки Ман ато мекунам, Бадани Ман аст, ки онро барои ҳаёти ҷаҳон мебахшам».

52 Яҳудиён бо ҳамдигар мубоҳиса карда, мегуфтанд: «Чӣ тавр Ин Шахс метавонад Бадани Худро бидиҳад, то мо бихӯрем?»

53 Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар Бадани Писари Одамро нахӯред ва Хуни Ӯро нанӯшед, дар худ ҳаёт надоред;

54 Ҳар кӣ Бадани Маро бихӯрад ва Хуни Маро бинӯшад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад, ва Ман дар рӯзи вопасин вайро эҳьё хоҳам кард;

55 Зеро ки Бадани Ман ғизои ҳақиқист, ва Хуни Ман нӯшокии ҳақиқист;

56 Ҳар кӣ Бадани Маро бихӯрад ва Хуни Маро бинӯшад, дар Ман мемонад, ва Ман дар вай;

57 Чунон ки Падари Ҳай Маро фиристод, ва Ман ба василаи Падар зинда ҳастам, ҳамчунин касе ки Маро бихӯрад, ба василаи Ман зинда хоҳад монд;

58 Ин аст ноне ки аз осмон нозил шуд; на ончунон ки падарони шумо маннро хӯрданд ва мурданд; ҳар кӣ ин нонро бихӯрад, то абад зинда хоҳад монд».

59 Ин суханонро, ҳангоме ки дар Кафарнаҳум таълим медод, дар куништ гуфт.


Ҷудоӣ дар миёни шогирдон.

60 Бисьёре аз шогирдони Ӯ, инро шунида, гуфтанд: «Ин сухани сахт аст; кӣ метавонад онро бишнавад?»

61 Чун Исо дар дили Худ донист, ки шогирдонаш дар ин бобат шикоят мекунанд, ба онҳо гуфт: «Оё ин шуморо ба васваса меандозад?

62 Пас агар Писари Одамро бинед, ки ба мақоми аввалааш сууд мекунад, чӣ хоҳед гуфт?

63 Рӯҳ аст, ки ҳаёт мебахшад, лекин аз ҷисм фоидае нест; суханоне ки Ман ба шумо мегӯям, рӯҳ ва ҳаёт аст;

64 Лекин баъзе аз шумо ҳастанд, ки имон надоранд». Зеро Исо аз ибтидо медонист, ки киҳо имон надоранд ва кӣ Ӯро таслим хоҳад кард.

65 Ва гуфт: «Аз ин сабаб ба шумо гуфтам, ки ҳеҷ кас наметавонад назди Ман биёяд, магар ин ки Падари Ман инро ба вай ато кунад».

66 Аз он вақт бисьёре аз шогирдонаш аз Ӯ дур шуда, дигар Ӯро пайравӣ накарданд.


Эътирофи Петрус. Яҳудо — таслимкунанда.

67 Ва Исо ба он дувоздаҳ гуфт: «Оё шумо ҳам мехоҳед Маро тарк кунед?»

68 Шимъӯни Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Худовандо! Назди кӣ биравем? Суханони ҳаёти ҷовидонӣ назди Туст,

69 Ва мо имон овардаем ва донистаем, ки Ту Масеҳ, Писари Худои Ҳай ҳастӣ».

70 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё Ман шумо дувоздаҳро интихоб накардаам? Ва ҳол он ки яке аз шумо иблис аст».

71 Инро Ӯ дар бораи Яҳудо писари Шимъӯни Исқарьют гуфт, зеро вай, ки яке аз он дувоздаҳ буд, мехост Ӯро таслим кунад.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan