Юҳанно* 5 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ПАНҶУМ Шифо додан дар рӯзи шанбе назди ҳавзи Байт‐Ҳасдо. 1 Пас аз он яҳудиёнро иде буд, ва Исо ба Ерусалим омад. 2 Дар Ерусалим дар назди дарвозаи Меш ҳавзе ҳаст, ки ба ибронӣ Байт‐Ҳасдо мегӯянд, ва он панҷ равоқ дорад: 3 Дар он ҷо шумораи зиёди беморон, кӯрон, лангон ва шалон хобида, мунтазири ҳаракати об буданд; 4 Зеро фариштаи Худо вақт‐вақт ба ҳавз фуромада, обро ҳаракат медод, ва ҳар кӣ дар аснои ҳаракати об аввал ба ҳавз дарояд, аз ҳар касалие ки дошт, шифо меёфт. 5 Ва касе дар он ҷо буд, ки сию ҳашт сол боз гирифтори беморӣ буд. 6 Чун Исо вайро хобида дид ва донист, ки муддати дарозе бемор аст, ба вай гуфт: «Оё мехоҳӣ шифо ёбӣ?» 7 Бемор ҷавоб дод: «Эй оғо! Касе надорам, ки чун об ба ҳаракат ояд, маро дар ҳавз андозад; пеш аз он ки ман оям, дигаре худро дар ҳавз меандозад». 8 Исо ба вай гуфт: «Бархез, бистаратро бардор ва бирав». 9 Ҳамон дам бемор шифо ёфт ва бистарашро бардошта, ба роҳ даромад. Он рӯз рӯзи шанбе буд. 10 Яҳудиён ба касе ки шифо ёфта буд, гуфтанд: «Имрӯз шанбе аст, ва ҷоиз нест, ки бистари худро бардорӣ». 11 Вай дар ҷавоби онҳо гуфт: «Он Кас, ки маро шифо дод, ба ман гуфт: „Бистаратро бардор ва бирав“». 12 Аз вай пурсиданд: «Кист Он Кас, ки ба ту гуфт: „Бистаратро бардор ва бирав“?» 13 Лекин он ки шифо ёфта буд, намедонист, ки Ӯ кист; зеро ки дар он ҷо издиҳоми калоне буд, ва Исо нопадид шуда рафт. 14 Пас аз он Исо вайро дар маъбад ёфта, гуфт: «Инак, шифо ёфтаӣ; дигар гуноҳе накун, то ки ба вазъияти бадтаре дучор нашавӣ». 15 Он мард рафта, ба яҳудиён гуфт, ки шифодиҳандаи ман Исо мебошад. 16 Аз ин сабаб яҳудиён Исоро таъқиб мекарданд ва Ӯро мехостанд ба қатл расонанд, зеро ки ин корро дар рӯзи шанбе карда буд. Исо аъмоли Худро ҳимоят мекунад ва аз ҷониби Падар фиристода шуданашро далел меоварад. 17 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Падари Ман то кунун кор мекунад, ва Ман низ кор мекунам». 18 Аз ин сабаб бештар қасд карданд, ки Ӯро ба қатл расонанд, зеро ки на танҳо шанберо риоят намекард, балки Худоро низ Падари Худ гуфта, Худро бо Худо баробар медонист. 19 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Писар наметавонад аз Худ чизе ба амал оварад, магар он чи бубинад, ки Падар ба амал меоварад: зеро ки он чи Ӯ мекунад, Писар низ мекунад. 20 Зеро ки Падар Писарро дӯст медорад ва ҳар он чи Худаш мекунад, ба Писар нишон медиҳад; ва корҳои бузургтар аз ин ҳам ба Ӯ нишон хоҳад дод, то ки шумо тааҷҷуб намоед. 21 Зеро, ҳамчунон ки Падар мурдагонро эҳьё мекунад ва зинда мегардонад, Писар низ ончунон ҳар киро, ки хоҳад, зинда мегардонад. 22 Зеро ки Падар бар ҳеҷ кас доварӣ намекунад, балки тамоми довариро ба Писар супурдааст, 23 То ки ҳама Писарро эҳтиром кунанд, ончунон ки Падарро эҳтиром мекунанд. Касе ки Писарро эҳтиром накунад, Падарро, ки Фиристандаи Ӯст, эҳтиром накардааст. 24 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ каломи Маро бишнавад ва ба Фиристандаи Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад ва ба доварӣ намеояд, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст. 25 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: соате мерасад, ва аллакай расидааст, ки мурдагон овози Писари Худоро мешунаванд, ва ҳар кӣ бишнавад, зинда гардад. 26 Зеро, ҳамчунон ки Падар дар Худ ҳаёт дорад, ба Писар низ ончунон ато кардааст, ки дар Худ ҳаёт дошта бошад; 27 Ва ба Ӯ қудрат бахшидааст, ки доварӣ кунад, зеро ки Ӯ Писари Одам аст. Қиёмати ҳаёт ва қиёмати доварӣ. 28 Ва аз ин тааҷҷуб накунед: зеро соате мерасад, ки ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд, овози Ӯро хоҳанд шунид, 29 Ва берун хоҳанд омад — некӯкорон барои қиёмати ҳаёт ва бадкорон барои қиёмати доварӣ. 30 Ман аз Худ чизе ба амал оварда наметавонам. Ончунон ки мешунавам, доварӣ мекунам, ва доварии Ман одил аст, зеро ки толиби иродаи Худ не, балки иродаи Падаре ҳастам, ки Маро фиристодааст. Шоҳиди Исо дар бораи фиристода шудани Ӯ аз ҷониби Падар. 31 Агар Ман бар Худ шаҳодат диҳам, шаҳодати Ман рост нест: 32 Дигаре ҳаст, ки бар Ман шаҳодат медиҳад, ва Ман медонам, ки шаҳодате ки вай бар Ман медиҳад, рост аст; 33 Шумо назди Яҳьё фиристодед; вай ба ростӣ шаҳодат дод. 34 Аммо Ман шаҳодати одамро қабул намекунам, вале ин суханонро мегӯям, то ки шумо наҷот ёбед. 35 Вай чароғе буд, ки месӯхт ва медурахшид; ва шумо хостед, ки соате ба нури вай шодӣ кунед. 36 Лекин Ман шаҳодате дорам, ки аз шаҳодати Яҳьё бузургтар аст: зеро корҳое ки Падар ба Ман ато кардааст, то анҷом диҳам, яъне ин корҳое ки Ман мекунам, бар Ман шаҳодат медиҳанд, ки Падар Маро фиристодааст. 37 Ва Худи Падар, ки Маро фиристод, бар Ман шаҳодат додааст, ва шумо ҳаргиз на овози Ӯро шунидаед ва на сурати Ӯро дидаед, 38 Ва каломи Ӯ дар дилҳои шумо ҷой надорад, чунки шумо ба Он Касе ки Ӯ фиристодааст, имон намеоваред. 39 Шумо Навиштаҳоро тадқиқ мекунед, зеро гумон доред, ки ба воситаи онҳо ҳаёти ҷовидонӣ пайдо мекунед, вале онҳо бар Ман шаҳодат медиҳанд. 40 Ва шумо намехоҳед назди Ман биёед, то ки ҳаёт ёбед. 41 Ҷалолро аз мардум қабул намекунам. 42 Лекин шуморо мешиносам: дар дили худ муҳаббати Худоро надоред. 43 Ман ба исми Падари Худ омадаам, ва Маро қабул намекунед, ва агар дигаре ба исми худаш биёяд, вайро қабул хоҳед кард. 44 Шумо чӣ тавр метавонед имон оваред, дар сурате ки ҷалол аз якдигар металабед, лекин ҷалолеро, ки аз Худои ягона аст, толиб нестед? 45 Гумон накунед, ки Ман назди Падар бар шумо даъвое хоҳам кард: даъвогар бар шумо Мусо мебошад, ки ба вай умед бастаед. 46 Зеро ки агар шумо ба Мусо имон медоштед, ба Ман ҳам имон меовардед, чунки вай дар бораи Ман навиштааст. 47 Модоме ки шумо ба навиштаҳои вай имон надоред, ба суханони Ман чӣ гуна имон хоҳед овард?» |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden