Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Юҳанно* 4 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЧОРУМ Исо ва зани сомарӣ.

1 Чун Исои Худованд дарьёфт, ки ба гӯши фарисиён овозае расидааст, ки Ӯ, назар ба Яҳьё, бештар шогирд пайдо мекунад ва таъмид медиҳад, —

2 Гарчанде ки Худи Исо не, балки шогирдонаш таъмид медоданд, —

3 Яҳудоро тарк карда, боз ба Ҷалил рафт.

4 Ва Ӯро лозим буд аз Сомария гузашта равад.

5 Пас ба яке аз шаҳрҳои Сомария омад, ки Суҳар ном дошта, дар наздикии қитъаи замине буд, ки Яъқуб ба писари худ Юсуф дода буд;


Мусоҳибаи Исо бо зани сомарӣ.

6 Ва дар он ҷо чоҳи Яъқуб буд, ва Исо аз сафар монда шуда, бар сари он чоҳ нишаст, ва тақрибан соати шашум буд,

7 Ки зане аз сомариён барои об кашидан омад. Исо ба вай гуфт: «Ба Ман барои нӯшидан об деҳ».

8 Зеро ки шогирдонаш барои харидани хӯрок ба шаҳр рафта буданд.

9 Зани сомарӣ ба Ӯ гуфт: «Чӣ тавр Ту, ки яҳудӣ ҳастӣ, аз ман об мехоҳӣ, дар сурате ки ман зани сомариам? Зеро ки яҳудиён бо сомариён муошират надоранд».

10 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Агар атои Худоро медонистӣ, ва кист, ки ба ту мегӯяд: „Ба Ман барои нӯшидан об деҳ“, холо худат аз Ӯ хоҳиш мекардӣ, ва Ӯ ба ту оби ҳаёт медод».

11 Зан ба Ӯ гуфт: «Эй оғо! Ту зарфе надорӣ, ки об кашӣ, ва ҷоҳ чукур аст: пас, аз куҷо оби ҳаёт дорӣ?

12 Магар Ту аз падари мо Яъқуб бузургтар хастӣ, ки ин чоҳро ба мо дод, ва худаш ва фарзандонаш ва чорвояш аз он менӯшиданд?»

13 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ҳар кӣ аз ин об нӯшад, боз ташна монад;

14 Лекин ҳар кӣ аз обе ки Ман ба вай медиҳам, нӯшад, абадан ташна намонад, балки обе ки Ман ба вай медиҳам, дар вай чашмаи обе гардад, ки то ҳаёти ҷовидонӣ меҷӯшад».

15 Зан ба Ӯ гуфт: «Эй оғо! Ба ман аз он об деҳ, то ки дигар ташна намонам ва ба ин ҷо барои об кашидан наоям».

16 Исо ба вай гуфт: «Бирав ва шавҳаратро бихон ва ба ин ҷо биё».

17 Зан дар ҷавоб гуфт: «Ман шавҳар надорам». Исо ба вай гуфт: «Ту рост гуфтӣ, ки шавҳар надорӣ;

18 Зеро ки панҷ шавҳар доштӣ, ва касе ки алҳол дорӣ, шавҳари ту нест; ин суханат рост аст».

19 Зан ба Ӯ гуфт: «Эй оғо! Мебинам, ки Ту набӣ ҳастӣ;

20 Падарони мо дар болои ин кӯҳ парастиш мекарданд, вале шумо мегӯед, ки ҷое ки дар он бояд парастиш кард, дар Ерусалим мебошад».

21 Исо ба вай гуфт: «Эй зан! Ба Ман бовар кун, соате мерасад, ки на дар болои ин кӯҳ ва на дар Ерусалим Падарро парастиш хоҳед кард;

22 Шумо он чиро, ки намедонед, парастиш мекунед, вале мо он чиро, ки медонем, парастиш мекунем, зеро ки наҷот аз яҳудиён аст;

23 Лекин соате мерасад, ва аллакай расидааст, ки парастандагони ҳақиқӣ Падарро ба рӯҳ ва ростӣ парастиш хоҳанд кард, зеро ки Падар толиби ин гуна парастандагони Худ мебошад:

24 Худо рӯҳ аст, ва онҳое ки Ӯро парастиш мекунанд, бояд ба рӯҳ ва ростӣ парастиш кунанд».

25 Зан ба Ӯ гуфт: «Медонам, ки Христос, яъне Масеҳ меояд: чун Ӯ ояд, аз ҳар чиз ба мо хабар хоҳад дод».

26 Исо ба вай гуфт: «Ман, ки бо ту сухан мегӯям, Ҳамонам».

27 Дар ҳамин вақт шогирдонаш омада, тааҷҷуб карданд, ки Ӯ бо зане гуфтугӯ мекунад; лекин ҳеҷ кас нагуфт, ки: «Чӣ металабӣ?» ё ки: «Барои чӣ бо вай ҳарф мезанӣ?»

28 Зан кӯзаи худро монда, ба шаҳр рафт ва ба мардум гуфт:

29 «Биёед ва Касеро бубинед, ки ҳар он чи кардаам, ба ман гуфт; оё Ӯ Масеҳ нест?»

30 Онҳо аз шаҳр берун шуда, назди Ӯ меомаданд.


Киштзори Худо барои дарав пухтааст.

31 Дар ин миён шогирдон аз Ӯ илтимос карда, гуфтанд: «Эй Устод! Бихӯр!»

32 Ба онҳо гуфт: «Ман ғизое дорам, ки бихӯрам, ва шумо онро намедонед».

33 Шогирдон ба якдигар гуфтанд: «Магар касе ба Ӯ хӯрданӣ овардааст?»

34 Исо ба онҳо гуфт: «Ғизои Ман он аст, ки иродаи Фиристандаи Худро ба ҷо оварам ва кори Ӯро ба анҷом расонам.

35 „Оё шумо намегӯед, ки боз чор моҳ мондааст, ва дарав фаро хоҳад расид“? Инак, Ман ба шумо мегӯям: чашмони худро боло карда, киштзорро бубинед, ки барои дарав сафед шудааст.

36 Даравгар музди худро мегирад ва маҳсулеро барои ҳаёти ҷовидонӣ ҷамъ мекунад, то ки коранда ва даравгар бо ҳам шодӣ кунанд;

37 Зеро ки дар ин маврид чунин сухан ҳаққонист, ки: „Яке мекорад ва дигаре дарав мекунад“.

38 Ман шуморо барои даравидани маҳсуле фиристодам, ки барои он шумо меҳнат накардаед: дигарон меҳнат кардаанд, ва шумо дар меҳнати онҳо дохил шудаед».

39 Ва аз рӯи каломи он зан, ки шаҳодат дода буд: «Ҳар он чи кардаам, Ӯ ба ман гуфт», аз он шаҳр бисьёр сомариён ба Ӯ имон оварданд.

40 Бинобар ин, чун сомариён пеши Ӯ омаданд, аз Ӯ хоҳиш карданд, ки назди онҳо бимонад; ва Ӯ ду рӯз назди онҳо монд.

41 Ва боз бисьёре аз рӯи каломи Ӯ имон оварданд.

42 Ва ба он зан гуфтанд: «Пас аз ин имони мо аз рӯи сухани ту нест, зеро ки худамон шунидем ва донистем, ки Ӯ дар ҳақиқат Наҷотдиҳандаи олам аст, яъне Масеҳ аст».

43 Пас аз ду рӯз Ӯ аз он ҷо берун омада, ба Ҷалил равона шуд;

44 Зеро Худи Исо шаҳодат додааст, ки пайғамбар дар зодгоҳи худ беқадр аст.

45 Чун Ӯ ба Ҷалил омад, аҳли Ҷалил Ӯро пазируфтанд, зеро ҳар он чи дар Ерусалим дар ид карда буд, дида буданд, чунки онҳо низ ба ид рафта буданд.


Шифо ёфтани писари дарборӣ.

46 Ва Исо бори дигар ба Қонои Ҷалил омад, ки дар он ҷо обро шароб гардонда буд. Ва шахсе аз дарбориён буд, ки писараш дар Кафарнаҳум бемор буд.

47 Чун шунид, ки Исо аз Яҳудо ба Ҷалил омадааст, назди Ӯ рафта, илтимос кард, ки омада, писарашро шифо диҳад, ки вай дар дами марг аст.

48 Исо ба вай гуфт: «Агар аломот ва мӯъҷизот набинед, имон намеоваред».

49 Дарборӣ ба Ӯ гуфт: «Эй оғо! Пеш аз он ки писарам бимирад, биё».

50 Исо ба вай гуфт: «Бирав, ки писарат зинда аст». Вай ба сухане ки Исо гуфт, имон оварда, равона шуд.

51 Ва ҳангоме ки мерафт, навкаронаш вайро пешвоз гирифтанд ва мужда дода, гуфтанд: «Писарат зинда аст».

52 Аз онҳо пурсид: «Дар кадом соат аҳволаш беҳтар шуд?» Ба вай гуфтанд: «Дирӯз дар соати ҳафтум табларза вайро тарк кард».

53 Ва падар донист, ки ин ҳамон соате буд, ки Исо ба вай гуфт: «Писарат зинда аст». Ва худаш ва тамоми аҳли байташ имон оварданд.

54 Ин мӯъҷизаи дуюм буд, ки Исо баъд аз омаданаш аз Яҳудо ба Ҷалил нишон дод.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan