Юҳанно* 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЮМ Мусоҳибаи Исо бо Ниқӯдимус. 1 Дар байни фарисиён шахсе ки Ниқӯдимус ном дошт, аз сардорони яҳудиён буд. 2 Вай шабона назди Исо омада, гуфт: «Эй Устод! Мо медонем, ки Ту Устоде ҳастӣ, ки аз ҷониби Худо омадаӣ; зеро мӯъҷизотеро, ки Ту нишон медиҳӣ, ҳеҷ кас наметавонад нишон диҳад, ҷуз ин ки Худо бо вай бошад». 3 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Малакути Худоро дида наметавонад». 4 Ниқӯдимус ба Ӯ гуфт: «Чӣ гуна мумкин аст, ки одаме ки пир шуда бошад, таваллуд ёбад? Оё метавонад боз ба шиками модараш баргашта, таваллуд ёбад?» 5 Исо ҷавоб дод: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз об ва Рӯҳ таваллуд наёбад, ба Малакути Худо даромада наметавонад: 6 Он чи аз ҷисм таваллуд меёбад, ҷисм аст, ва он чи аз Рӯҳ таваллуд меёбад, рӯҳ аст. 7 Аз он чи ба ту гуфтам, тааҷҷуб накун: бояд шумо аз олами боло таваллуд ёбед. 8 Бод ҳар ҷо ки хоҳад мевазад, ту овози онро мешунавӣ, лекин намедонӣ, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад: чунин аст ҳолати ҳар кӣ аз Рӯҳ таваллуд ёфта бошад». 9 Ниқӯдимус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Чӣ тавр мумкин аст, ки чунин шавад?» 10 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ту ки як устоди Исроил ҳастӣ, инҳоро намедонӣ? 11 Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: Мо аз он чи медонем, сухан мегӯем ва бар он чи дидаем, шаҳодат медиҳем, лекин шумо шаҳодати Моро қабул намекунед; 12 Вақте ки ба шумо аз чизҳои заминӣ сухан гуфтам, бовар накардед, пас ҳар гоҳ аз чизҳои осмонӣ сухан ронам, чӣ сон имон хоҳед овард? 13 Ҳеҷ кас ба осмон сууд накардааст, магар фақат Он ки аз осмон нузул кардааст, яъне Писари Одам, ки ҷояш дар осмон аст; 14 Ва чунон ки Мусо дар биёбон морро боло бардошт, Писари Одам низ бояд ончунон боло бурда шавад, 15 То ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад. 16 Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад. 17 Зеро Худо Писари Худро ба ҷаҳон барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон доварӣ кунад, балки барои он ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад. 18 Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, маҳқум намешавад, лекин ҳар кӣ имон наоварад, аллакай маҳкум шудааст, чунки ба исми Писари ягонаи Худо имон наовардааст. 19 Ва ҳукм ин аст, ки нур ба ҷаҳон омад; вале мардум торикиро бештар аз рӯшноӣ дӯст доштанд, чунки аъмоли онҳо бад аст. 20 Зеро ҳар киро кирдор бад бошад, аз рӯшноӣ нафрат дорад ва пеши рӯшноӣ намеояд, то ки аъмолаш ошкор нашавад; 21 Лекин ҳар кӣ росткор аст, пеши рӯшноӣ меояд, то ошкор бошад, ки аъмолаш ба василаи Худо содир шудааст». Шаҳодати охирини Яҳьёи Таъмиддиҳанда. 22 Пас аз он Исо бо шогирдонаш ба сарзамини Яҳудо омад ва дар он ҷо бо онҳо сокин шуда, таъмид медод. 23 Ва Яҳьё низ дар Энӯн, ки дар наздикии Солим аст, таъмид медод, чунки дар он ҷо об бисьёр буд, ва мардум омада, таъмид меёфтанд; 24 Зеро ки Яҳьё ҳанӯз дар зиндон андохта нашуда буд. 25 Ва дар байни шогирдони Яҳьё ва яҳудиён дар масъалаи татҳир баҳсу мунозира рӯй дод; 26 Ва назди Яҳьё омада, ба вай гуфтанд: «Эй устод! Он Касе ки дар он тарафи Урдун бо ту буд, ва ту дар ҳаққи Ӯ шаҳодат дода будӣ, ҳоло таъмид медиҳад, ва ҳама назди Ӯ меоянд». 27 Яҳьё дар ҷавоб гуфт: «Кас наметавонад чизе ба зиммаи худ бигирад, магар ин ки аз осмон ба вай дода шавад. 28 Шумо худ шоҳидони ман ҳастед, ки гуфтам: „Ман Масеҳ нестам, балки фақат пешопеши Ӯ фиристода шудаам“. 29 Касе ки арӯс дорад, домод аст; аммо дӯсти домод, ки истода, ба овози вай гӯш медиҳад, аз шунидани овози домод бисьёр шод мегардад: ҳамин шодии ман акнун комил шудааст; 30 Ӯ бояд нашъунамо ёбад, ва ман завол ёбам. 31 Он ки аз боло меояд, аз ҳама болотар аст; ва он ки аз замин аст, заминӣ бошад ва чун заминӣ сухан гӯяд; Он ки аз осмон меояд, аз ҳама болотар аст. 32 Ва он чи дидааст ва шунидааст, бар он шаҳодат медиҳад, ва ҳеҷ кас шаҳодати Ӯро қабул намекунад. 33 Ва касе ки шаҳодати Ӯро қабул кард, тасдиқ кардааст, ки Худо рост аст. 34 Зеро Он Касе ки Худо фиристод, каломи Худоро мегӯяд; зеро Худо Рӯҳро бамизон ато намекунад. 35 Падар Писарро дӯст медорад ва ҳама чизро ба дасти Ӯ додааст. 36 Ҳар кӣ ба Писар имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ меёбад. Ва ҳар кӣ ба Писар имон наоварад, ҳаётро нахоҳад дид, балки ғазаби Худо бар вай мемонад». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden