Юҳанно* 21 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУ ЯКУМ Исо назди кӯли Табария. 1 Баъд аз он боз Исо дар соҳили баҳри Табария ба шогирдон зоҳир шуд. Зоҳир шуданаш ин тавр буд: 2 Шимъӯни Петрус, Тумо, ки Экизак номида мешуд, Натанъил, ки аз Қонои Ҷалил буд, писарони Забдой ва ду нафари дигар аз шогирдони Ӯ бо ҳам буданд. 3 Ва Шимъӯни Петрус ба онҳо гуфт: «Мехоҳам ба сайди моҳӣ биравам». Ба вай гуфтанд: «Мо низ ҳамроҳи ту меравем». Дарҳол рафта, ба қаиқ савор шуданд, ва он шаб чизе сайд накарданд. 4 Вақте ки субҳ шуд, Исо дар соҳил истода буд, лекин шогирдон надонистанд, ки ин Исост. 5 Исо ба онҳо гуфт: «Эй фарзандон! Оё назди шумо хӯроке ҳаст?» Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Не». 6 Ӯ ба онҳо гуфт: «Тӯрро ба тарафи рости қаиқ биандозед, ва хоҳед ёфт». Онҳо андохтанд, ва аз бисьёрии моҳӣ онро кашида натавонистанд. 7 Он шогирде ки Исо дӯст медошт, ба Петрус гуфт: «Ин Худованд аст». Чун Шимъӯни Петрус шунид, ки ин Худованд аст, ҷомаашро ба худ печонд, чунки бараҳна буд, ва худро дар баҳр андохт; 8 Ва шогирдони дигар бо қаиқ омаданд, — зеро ки аз соҳил дур набуданд, балки қариб ба дусад зироъ, — ва тӯри пур аз моҳиро кашиданд. 9 Ва чун ба хушкӣ баромаданд, оташи афрӯхта ва моҳии бар он гузошташуда ва нон диданд. 10 Исо ба онҳо гуфт: «Аз он моҳие ки ҳозир сайд кардед, биёред». 11 Шимъӯни Петрус рафта, тӯрро пур аз моҳиёни бузург, ки саду панҷоҳу се адад буданд, ба хушкӣ кашид, ва бо вуҷуди бисьёрии моҳӣ тӯр надарид. 12 Исо ба онҳо гуфт: «Биёед, хӯрок бихӯред». Лекин аз шогирдон касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ бипурсад: «Ту кистӣ?» Зеро медонистанд, ки ин Худованд аст. 13 Ва Исо пеш омада, нонро гирифт ва ба онҳо дод, ва ҳамчунин моҳиро. 14 Ин бори сеюм буд, ки Исо, пас аз эҳьё шуданаш аз мурдагон, ба шогирдони Худ зоҳир шуд. Имтиҳони Петрус ва ба вай баргардонидани хизматгузории ҳавворигӣ. 15 Баъд аз хӯрок хӯрданашон, Исо ба Шимъӯни Петрус гуфт: «Эй Шимъӯн ибни Юнус! Оё Маро бештар аз инҳо дӯст медорӣ?» Ба Ӯ гуфт: «Оре, Худовандо! Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Ба вай гуфт: «Барраҳои Маро бичарон». 16 Боз бори дигар ба вай гуфт: «Эй Шимъӯн ибни Юнус! Оё Маро дӯст медорӣ?» Ба Ӯ гуфт: «Оре, Худовандо! Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Ба вай гуфт: «Гӯсфандони Маро чӯпонӣ намо». 17 Ва бори сеюм ба вай гуфт: «Эй Шимъӯн ибни Юнус! Оё Маро дӯст медорӣ?» Петрус ғамгин шуд, ки бори сеюм аз вай пурсид: «Оё Маро дӯст медорӣ?» ва ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ту аз ҳама чиз воқиф ҳастӣ; Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Исо ба вай гуфт: «Гӯсфандони Маро бичарон; 18 Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: вақте ки ҷавон будӣ, камаратро худат мебастӣ ва ба ҳар ҷо, ки мехостӣ, мерафтӣ; лекин вақте ки пир шавӣ, дастҳоятро дароз хоҳӣ кард, ва дигаре туро баста, ба он ҷое ки намехоҳӣ, туро хоҳад бурд». 19 Чунин гуфт, то ишорат кунад, ки бо чӣ гуна фавт вай бояд Худоро ҷалол диҳад. Ва чун инро гуфт, ба вай фармуд: «Аз ақиби Ман биё». 20 Петрус ба атроф нигоҳ карда, дид, ки он шогирде ки Исо дӯст медошт, аз ақиби онҳо меояд, ва ин ҳамон буд, ки дар вақти таоми шом бар сандуқи синаи Ӯ такья зада, гуфта буд: «Худовандо! Кист он ки Туро таслим мекунад?» 21 Чун Петрус вайро дид, ба Исо гуфт: «Худовандо! Оқибати ин чӣ хоҳад буд?» 22 Исо ба вай гуфт: «Агар хости Ман ин бошад, ки то вақти омаданам вай бимонад, ин ба ту чӣ дахл дорад? Аз ақиби Ман биё». 23 Бинобар ин дар миёни бародарон чунин сухан паҳн шуд, ки он шогирд нахоҳад мурд. Лекин Исо ба вай нагуфт, ки вай нахоҳад мурд, балки гуфт: «Агар хости Ман ин бошад, ки то вақти омаданам вай бимонад, ин ба ту чӣ дахл дорад?» 24 Ва ин шогирдест, ки ба ин чизҳо шаҳодат медиҳад ва инҳоро навишт; ва мо медонем, ки шаҳодати вай рост аст. 25 Боз бисьёр аъмоли дигаре Исо ба ҷо овард, ки агар муфассалан навишта шавад, ба гумонам, тамоми дуньё ҳам он китобҳои навишташударо гунҷоиш дода наметавонист. Омин. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden