Юҳанно* 20 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ БИСТУМ Эҳьёи Исо. 1 Дар рӯзи якшанбе, бомдодон, ки ҳаво ҳанӯз торик буд, Марьями Маҷдалия бар сари қабр омад ва дид, ки санг аз қабр бардошта шудааст; 2 Вай дартоз назди Шимъӯни Петрус ва он шогирди дигаре ки Исо дӯст медошт, омада, ба онҳо гуфт: «Худовандро аз қабр бурдаанд, ва намедонем, ки Ӯро куҷо гузоштаанд». 3 Дарҳол Шимъӯни Петрус ва он шогирди дигар берун омада, ба ҷониби қабр рафтанд. 4 Ҳар ду бо ҳам медавиданд, вале он шогирди дигар зудтар давида, аз Петрус пеш гузашт ва аввал бар сари қабр омад, 5 Ва хам шуда, кафанро гузошта дид; лекин ба дарун надаромад. 6 Аз ақиби вай Шимъӯни Петрус омада, ба қабр даромад ва кафанро гузошта дид 7 Ва рӯймолеро, ки бар сари Ӯ буд, на бо кафан, балки дар гӯшае алоҳида печида дид. 8 Он шогирди дигар, ки аввал бар сари қабр омада буд, низ ба дарун даромад, ва дид, ва имон овард; 9 Зеро онҳо ҳанӯз Навиштаро нафаҳмида буданд, ки Ӯ бояд аз мурдагон эҳьё шавад. 10 Ва шогирдон ба ҳонаи худ баргаштанд. Зоҳир шудани Исои эҳьёшуда ба Марьями Маҷдалия ва ба шогирдон. 11 Аммо Марьям дар беруни қабр истода, гирья мекард; ва чун мегирист, хам шуда, ба даруни қабр нигоҳ кард 12 Ва ду фариштаи сафедпӯшро дид, ки дар он ҷое ки Ҷасади Исо гузошта шуда буд, яке ба тарафи сар ва дигаре ба тарафи пой нишаста буданд. 13 Онҳо ба вай гуфтанд: «Эй зан! Чаро гирья мекунӣ?» Ба онҳо гуфт: «Худованди маро бурдаанд, ва намедонам, ки Ӯро куҷо гузоштаанд». 14 Чун инро гуфт, ба ақиб рӯ овард ва Исоро истода дид; вале надонист, ки ин Исост. 15 Исо ба вай гуфт: «Эй зан! Чаро гирья мекунӣ? Киро ҷустуҷӯ мекунӣ?» Вай ба гумони он ки ин боғбон аст, ба Ӯ гуфт: «Эй оғо! Агар ту Ӯро бурда бошӣ, ба ман бигӯ, ки Ӯро куҷо гузоштӣ, то ки ман Ӯро гирифта барам». 16 Исо ба вай гуфт: «Эй Марьям!» Вай рӯ оварда, ба Ӯ гуфт: «Раббунӣ!» — яъне: «Устод!» 17 Исо ба вай гуфт: «Ба Ман даст нарасон, зеро ки ҳанӯз назди Падари Худ сууд накардаам; лекин назди бародарони Ман рафта, ба онҳо бигӯ: Ман назди Падари Худ ва Падари шумо, назди Худои Худ ва Худои шумо сууд мекунам». 18 Марьями Маҷдалия омада, ба шогирдон хабар дод, ки: «Ман Худовандро дидаам, ва ба ман чунин гуфт». 19 Бегоҳии худи ҳамон рӯзи якшанбе, вақте ки шогирдон дар хонае ҷамъ омада, аз тарси яҳудиён дарҳои онро баста буданд, Исо омада, дар миёни онҳо биистод ва ба онҳо гуфт: «Салом бар шумо бод!» 20 Чун инро гуфт, дастҳо ва қабурғаи Худро ба онҳо нишон дод. Шогирдон Худовандро дида, шод гардиданд. 21 Боз Исо ба онҳо гуфт: «Салом бар шумо бод! Чунон ки Падар Маро фиристод, Ман низ шуморо мефиристам». 22 Чун инро гуфт, бар онҳо дамид ва гуфт: «Рӯҳулқудсро пайдо кунед: 23 Гуноҳи касеро, ки афв намоед, омурзида мешавад; ва касеро, ки афв накунед, омурзида намешавад». 24 Лекин Тумо, ки яке аз он дувоздаҳ буд ва Экизак номида мешуд, вақте ки Исо омад, бо онҳо набуд. 25 Шогирдони дигар ба вай гуфтанд: «Мо Худовандро дидаем». Вай ба онҳо гуфт: «То дар дастҳои Ӯ ҷои мехҳоро набинам, ва ангушти худро дар ҷои мехҳо нагузорам, ва дасти худро бар қабурғаи Ӯ наниҳам, бовар нахоҳам кард». Исо ва Тумо. 26 Баъд аз ҳашт рӯз боз шогирдони Ӯ дар хона буданд, ва Тумо низ бо онҳо буд, ва дарҳо баста. Исо омада, дар миёни онҳо биистод ва гуфт: «Салом бар шумо бод!» 27 Пас аз он ба Тумо гуфт: «Ангушти худро ба ин ҷо биёр ва дастҳои Маро бубин; ва дасти худро биёр ва бар қабурғаи Ман бигузор; ва беимон набош, балки имон дошта бош». 28 Тумо дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Худованди ман ва эй Худои ман!» 29 Исо ба вай гуфт: «Ба хотири он ки Маро дидаӣ, имон овардӣ: хушо касоне ки надида, имон меоваранд». 30 Боз бисьёр мӯъҷизоти дигаре Исо дар назди шогирдонаш нишон дод, ки дар ин китоб навишта нашуд; 31 Аммо ин қадараш навишта шуд, то шумо имон оваред, ки Исо Масеҳ ва Писари Худост; ва имон оварда, ба исми Ӯ ҳаёт ёбед. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden