Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Юҳанно* 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ДУЮМ Тӯи арӯсӣ дар Қонои Ҷалил ва мӯъҷизаи аввалин.

1 Дар рӯзи сеюм дар Қонои Ҷалил тӯи арӯсӣ буд, ва модари Исо дар он ҷо буд.

2 Исо ва шогирдонашро низ ба тӯй даъват карда буданд.

3 Чун шароб камӣ кард, модари Исо ба Ӯ гуфт: «Шароб надоранд».

4 Исо ба вай гуфт: «Туро бо Ман чӣ кор аст, эй зан? Соати Ман ҳанӯз нарасидааст».

5 Модараш ба хизматгорон гуфт: «Ҳар чи Ӯ ба шумо гӯяд, ба ҷо оваред».

6 Дар он ҷо, мувофиқи оини татҳири яҳудиён, шаш кӯзаи сангин истода буд, ки гунҷоиши ҳар яке ду ё се бат буд.

7 Исо ба онҳо гуфт: «Зарфҳоро аз об пур кунед». Ва онҳоро лабрез карданд.

8 Ва гуфт: «Акнун кашида, ба сардори базм баред». Ва онхо бурданд.

9 Чун сардор оби ба шароб мубаддалшударо чашид ва надонист, ки аз куҷост, зеро фақат хизматгороне ки обро кашида буданд, медонистанд, ва сардор домодро хонда,

10 Ба вай гуфт: «Ҳар кас аввал шароби хубро медиҳад, ва чун маст шуданд, бадашро меоварад, лекин ту шароби хубро то ҳол нигоҳ доштаӣ».

11 Ин ибтидои мӯъҷизоте буд, ки Исо дар Қонои Ҷалил нишон дода, ҷалоли Худро зоҳир кард, ва шогирдонаш ба Ӯ имон оварданд.

12 Пас аз он Ӯ бо модараш, бародаронаш ва шогирдонаш ба Кафарнаҳум омад, ва дар он ҷо айёми каме монданд.


Фисҳи аввалин ва пок кардани маъбад.

13 Ва чун иди фисҳи яҳудиён наздик буд, Исо ба Ерусалим рафт.

14 Ва дид, ки дар маъбад фурӯшандагони гову гӯсфанду кабӯтар ва саррофон нишастаанд.

15 Ва тозиёнае аз арғамчин сохта, ҳамаро бо гову гӯсфандон аз маъбад пеш кард, ва тангаҳои саррофонро пошида, мизҳошонро чаппа кард;

16 Ва ба кафтарфурӯшон гуфт: «Инҳоро аз ин ҷо гирифта баред ва хонаи Падари Маро хонаи савдогарӣ насозед».

17 Ва шогирдони Ӯ ба хотир оварданд, ки навишта шудааст: «Рашки хонаи Ту Маро хӯрдааст».

18 Он гоҳ яҳудиён ба Ӯ рӯ оварда, гуфтанд: «Ба мо чӣ аломате нишон медиҳӣ, ки ин корҳоро мекунӣ?»

19 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин маъбадро вайрон кунед, ва дар се рӯз Ман онро барпо хоҳам кард».

20 Яҳудиён гуфтанд: «Ин маъбадро дар зарфи чилу шаш сол бино кардаанд, ва Ту онро дар се рӯз барпо мекунӣ?»

21 Лекин Ӯ дар бораи маъбади Бадани Худ сухан мегуфт.

22 Вақте ки Ӯ аз мурдагон эҳьё шуд, шогирдонаш ба хотир оварданд, ки Ӯ инро ба онҳо гуфта буд, ва ба Навиштаҳо ва ба сухане ки Исо гуфта буд, имон оварданд.

23 Ва ҳангоме ки дар иди фисҳ дар Ерусалим буд, бисьёр касон мӯъҷизотеро, ки Ӯ нишон медод, дида, ба исми Ӯ имон оварданд.

24 Лекин Исо ба онҳо эътимод накард, зеро ки ҳамаро мешинохт,

25 Ва эҳтиёҷ надошт, ки касе дар бораи инсон шаҳодат диҳад, зеро ки он чи дар инсон аст, Худ медонист.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan