Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Юҳанно* 17 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАФДАҲУМ Дуои саркоҳинии Исо. 1. Илтимос дар бораи ҷалол додан.

1 Исо, чун инро гуфт, чашмони Худро сӯи осмон боло карда, гуфт: «Эй Падар! Соат расидааст: Писари Худро ҷалол деҳ, то ки Писарат низ Туро ҷалол диҳад.

2 Зеро ки Ӯро бар тамоми башар қудрат додаӣ, то ки ба ҳар кӣ Ту ба Ӯ бахшидаӣ, ҳаёти ҷовидонӣ бидиҳад:

3 Ва ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ, ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд.

4 Ман Туро дар рӯи замин ҷалол додам ва кореро, ки ба Ман супурда будӣ, то бикунам, ба анҷом расондам;

5 Ва акнун Ту, эй Падар, Маро назди Худ ҷалол деҳ ба ҳамон ҷалоле ки пеш аз ҳастии олам назди Ту доштам.


2. Илтимос дар бораи ёздаҳ шогирдон.

6 Исми Туро ба одамоне ки аз ҷаҳон ба Ман ато кардӣ, шиносондам; онҳо аз они Ту буданд, ва Ту онҳоро ба Ман ато кардӣ, ва онҳо каломи Туро риоят кардаанд;

7 Ва акнун донистанд, ки ҳар он чи ба Ман додаӣ, аз ҷониби Туст;

8 Зеро каломеро, ки ба Ман додӣ, ба онҳо супурдам, ва онҳо қабул карданд ва ҳақиқатан донистанд, ки Ман аз ҷониби Ту омадаам, ва имон оварданд, ки Ту Маро фиристодаӣ.

9 Ман барои онҳо илтимос мекунам: на барои ҷаҳон, балки барои онҳое ки Ту ба Ман додаӣ, зеро ки онҳо аз они Ту мебошанд;

10 Ва он чи аз они Ман аст, аз они Туст, ва он чи аз они Туст, аз они Ман аст; ва Ман дар онҳо ҷалол ёфтаам.

11 Ман дигар дар ҷаҳон нестам, лекин онҳо дар ҷаҳон ҳастанд, ва Ман назди Ту меоям. Эй Падари Муқаддас! Инҳоро, ки ба Ман додаӣ, ба исми Худ нигоҳ дор, то ки як бошанд, чунон ки Мо ҳастем.

12 Вақте ки бо онҳо дар ҷаҳон будам, онҳоро ба исми Ту нигоҳ доштам; онҳоеро, ки Ту ба Ман додӣ, нигаҳбонӣ кардам, ва ҳеҷ яке аз онҳо ҳалок нашуд, ҷуз аз писари ҳалокат, то ки Навишта ба амал ояд.

13 Вале акнун назди Ту меоям, ва инро дар ҷаҳон мегӯям, то ки шодии Ман дар онҳо комил бошад.

14 Ман каломи Туро ба онҳо супурдам, ва ҷаҳон аз онҳо нафрат кард, чунки онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман низ аз ҷаҳон нестам.

15 Илтимос намекунам, ки Ту онҳоро аз ҷаҳон бибарӣ, балки онҳоро аз шарорат муҳофизат намоӣ;

16 Онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман низ аз ҷаҳон нестам.

17 Онҳоро бо ростии Худ тақдис кун: каломи Ту ростист.

18 Чунон ки Ту Маро ба ҷаҳон фиристодӣ, Ман низ онҳоро ба ҷаҳон фиристодам;

19 Ва Худро барои онҳо тақдис мекунам, то ки онҳо низ бо ростӣ тақдис карда шаванд.


3. Дуо дар бораи имондорони ҳамаи замонҳо.

20 Танҳо барои онҳо илтимос намекунам, балки низ барои касоне ки ба василаи каломи онҳо ба Ман имон хоҳанд овард:

21 То ки ҳама як бошанд; чунон ки Ту, эй Падар, дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту, онҳо низ дар Мо як бошанд, — то ҷаҳон имон оварад, ки Ту Маро фиристодӣ.

22 Ва Ман ҷалолеро, ки ба Ман додаӣ, ба онҳо додаам: то ки як бошанд, чунон ки Мо як ҳастем.

23 Ман дар онҳо ҳастам, ва Ту дар Ман; то ки онҳо дар ягонагӣ комил бошанд, ва ҷаҳон бидонад, ки Ту Маро фиристодӣ ва онҳоро дӯст доштӣ, чунон ки Маро дӯст доштӣ.

24 Эй Падар! Мехоҳам онҳое ки ба Ман додаӣ, дар он ҷое ки мебошам, бо Ман бошанд, то ҷалоли Маро, ки ба Ман додаӣ, бубинанд, чунки Маро пеш аз таъсиси ҷаҳон дӯст доштӣ.

25 Эй Падари Одил! Ҷаҳон Туро нашинохт; лекин Ман Туро шинохтам, ва инҳо донистанд, ки Ту Маро фиристодӣ;

26 Ва Ман ба онҳо исми Туро шиносондам ва боз ҳам хоҳам шиносонид, то он муҳаббате ки Ту ба Ман дорӣ, дар онҳо бошад, ва Ман низ дар онҳо бошам».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan