Юҳанно* 16 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ШОНЗДАҲУМ 12. Дар бораи таъқиботи имондорон. 1 Инро ба шумо гуфтам, то ки ба васваса наафтед. 2 Шуморо аз куништҳо хоҳанд ронд; ва ҳатто соате мерасад, ки ҳар кӣ шуморо бикушад, гумон кунад, ки хизмате ба Худо мекунад. 3 Ва ин корҳоро бо шумо ҳоҳанд кард, чунки на Падарро шинохтанд ва на Маро. 4 Лекин инро ба шумо барои он гуфтам, ки ҳангоми расидани он соат ба ёд оваред, ки Ман ба шумо гуфтаам ва инро аз аввал ба шумо нагуфтам, зеро ки бо шумо будам. 5 Аммо акнун Ман назди Фиристандаи Худ меравам, ва касе аз байни шумо аз Ман намепурсад: „Куҷо меравӣ“? 6 Вале чун инро ба шумо гуфтам, дили шумо пур аз ғам шуд. 13. Дар бораи таъсири Рӯҳулқудс. 7 Лекин ба шумо рост мегӯям: рафтани Ман барои шумо беҳтар аст; зеро ки агар Ман наравам, Пуштибон назди шумо нахоҳад омад; ва агар биравам, Ӯро назди шумо мефиристам, 8 Ва чун Ӯ ояд, ҷаҳонро бар гуноҳ ва бар адолат ва бар доварӣ мулзам ҳоҳад кард. 9 Бар гуноҳ, зеро ки ба Ман имон намеоваранд; 10 Бар адолат, зеро ки назди Падари Худ меравам, ва дигар Маро нахоҳед дид; 11 Бар доварӣ, зеро ки мири ин ҷаҳон маҳкум шудааст. 12 Боз бисьёр чизҳои дигар дорам, ки ба шумо бигӯям, лекин шумо алҳол онҳоро наметавонед бардоред. 13 Лекин чун Ӯ, яъне Рӯҳи ростӣ ояд, шуморо ба тамоми ростӣ раҳнамоӣ ҳоҳад кард; зеро ки аз Худ нахоҳад гуфт, балки ҳар чи мешунавад, онро хоҳад гуфт, ва аз воқеоти оянда ба шумо ҳабар хоҳад дод. 14 Ӯ Маро ҷалол хоҳад дод, чунки аз он чи аз они Ман аст, гирифта, ба шумо ҳабар ҳоҳад дод. 15 Ҳар он чи Падар дорад, аз они Ман аст; бинобар ин гуфтам: аз он чи аз они Ман аст, гирифта, ба шумо хабар хоҳад дод. 14. Мамот ва омадани Исо. 16 Дере нагузашта Маро нахоҳед дид, ва боз дере нагузашта Маро ҳоҳед дид; зеро ки Ман назди Падар меравам». 17 Баъзе аз шогирдонаш ба якдигар гуфтанд: «Чист, ки Ӯ ба мо мегӯяд: „Дере нагузашта Маро нахоҳед дид, ва боз дере нагузашта Маро ҳоҳед дид“ ва: „Ман назди Падар меравам“?» 18 Ва онҳо гуфтанд: «Ин чист, ки Ӯ мегӯяд: „Дере нагузашта“? Намедонем, чӣ мегӯяд». 19 Исо чун донист, ки мехоҳанд аз Ӯ бипурсанд, ба онҳо гуфт: «Оё ба якдигар дар ин хусус савол медиҳед, ки Ман гуфтам: „Дере нагузашта Маро нахоҳед дид, ва боз дере нагузашта Маро хоҳед дид“? 20 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: шумо гирья ва нола хоҳед кард, лекин ҷаҳон шод хоҳад шуд; шумо ғамгин хоҳед шуд, лекин ғами шумо ба шодӣ мубаддал хоҳад шуд. 21 Зан ҳангоми зоидан ғамгин аст, чунки соати вай расидааст; лекин чун кӯдакро зоид, ғамашро фаромӯш мекунад ба сабаби шодии он ки одаме дар ҷаҳон таваллуд ёфт. 22 Шумо низ алҳол ғамгин ҳастед; лекин боз шуморо хоҳам дид, ва дили шумо шод хоҳад шуд, ва ҳеҷ кас наметавонад он шодиро аз шумо бигирад. 15. Дуо ба исми Исо. Каломи охирини тасаллибахши Исо ба шогирдон. 23 Ва дар он рӯз аз Ман чизе нахоҳед пурсид. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар он чи аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба шумо ато хоҳад кард. 24 То кунун ба исми Ман чизе талаб накардаед; талаб кунед, то бигиред, ва шодии шумо комил гардад. 25 Ин чизҳоро бо масалҳо ба шумо гуфтам; лекин соате мерасад, ки дигар ба шумо бо масалҳо ҳарф намезанам, балки аз Падар ба шумо кушоду равшан хабар хоҳам дод. 26 Дар он рӯз ба исми Ман талаб хоҳед кард, ва Ман ба шумо намегӯям, ки аз Падар барои шумо илтимос хоҳам кард: 27 Зеро ки Худи Падар шуморо дӯст медорад, чунки шумо Маро дӯст доштаед ва шумо имон овардаед, ки Ман аз ҷониби Худо омадаам. 28 Ман аз ҷониби Падар омадам ва ба ҷаҳон ворид шудам; боз ҷаҳонро тарк мекунам ва назди Падар меравам». 29 Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Инак акнун кушоду равшан сухан мегӯӣ, на бо масалҳо; 30 Акнун донистем, ки Ту ҳама чизро медонӣ, ва ҳоҷат нест, ки касе аз Ту чизе бипурсад; аз ин рӯ имон меоварем, ки Ту аз ҷониби Худо омадаӣ». 31 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Алҳол имон меоваред? 32 Инак, соате мерасад, ва аллакай расидааст, ки шумо пароканда шуда, ҳар яке сӯи хонаи худ меравед ва Маро танҳо мегузоред; лекин Ман танҳо нестам, зеро ки Падар бо Ман аст. 33 Ин чизҳоро ба шумо гуфтам, то ки дар Ман осоиштагӣ дошта бошед. Дар ҷаҳон ғаму кулфат хоҳед дошт; лекин далер бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden