Юҳанно* 15 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ПОНЗДАҲУМ 8. Масеҳ — ток. 1 Ман Токи ҳақиқӣ ҳастам, ва Падари Ман Токдор аст; 2 Ҳар навдаеро, ки дар Ман мева наоварад, Ӯ бурида мепартояд; ва онро, ки мева меоварад, пок месозад, то ки бештар мева оварад. 3 Шумо алҳол ба воситаи каломе ки ба шумо гуфтам, пок ҳастед. 4 Дар Ман бимонед, ва Ман дар шумо. Чӣ тавре ки навда наметавонад худ аз худ мева диҳад, агар дар ток намонад, ҳамчунин шумо низ, агар дар Ман намонед. 5 Ман Ток ҳастам, ва шумо навдаҳо; касе ки дар Ман бимонад, ва Ман дар вай, меваи фаровон меоварад; зеро ки бе Ман ҳеҷ коре наметавонед кунед. 6 Касе ки дар Ман намонад, чун навдае бурида мешавад ва мехушкад; ва чунин навдаҳоро гирд оварда, ба оташ меандозанд, ва онҳо месӯзанд. 7 Агар дар Ман бимонед, ва сухани Ман дар шумо бимонад, ҳар чи мехоҳед, талаб кунед, ва он ба шумо дода хоҳад шуд. 8 Ҷалоли Падари Ман дар ин аст, ки шумо меваи фаровон оваред, ва шогирдони Ман хоҳед буд. 9. Дар бораи мондан дар муҳаббати Исо. 9 Чунон ки Падар Маро дӯст доштааст, Ман низ шуморо дӯст доштаам; дар муҳаббати Ман бимонед. 10 Агар аҳкоми Маро риоят кунед, дар муҳаббати Ман хоҳед монд, чунон ки Ман аҳкоми Падари Худро риоят кардам, ва дар муҳаббати Ӯ мемонам. 11 Инро ба шумо гуфтаам, то ки шодии Ман дар шумо бимонад ва шодии шумо комил бошад. 12 Ҳукми Ман ин аст, ки якдигарро дӯст доред, чунон ки Ман шуморо дӯст доштам. 13 Касе муҳаббати бузургтар аз ин надорад, ки ҷони худро барои дӯстони худ фидо кунад. 14 Шумо дӯстони Ман ҳастед, агар аҳкоми Маро ба ҷо оваред. 15 Дигар шуморо банда намехонам, зеро ки банда намедонад оғояш чӣ мекунад; лекин шуморо дӯст хондаам, чунки ҳар чи аз Падар шунидаам, ба шумо баён кардам. 16 На шумо Маро баргузидаед, балки Ман шуморо баргузидаам ва шуморо таъин кардам, ки шумо биравед ва мева оваред, ва меваи шумо бимонад, то ки ҳар чи аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба шумо ато кунад. 17 Ин чизҳоро ба шумо ҳукм мекунам, то ки якдигарро дӯст доред. 10. Имондор ва ҷаҳон. 18 Агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад, бидонед, ки пеш аз шумо аз Ман нафрат кардааст. 19 Агар шумо аз ҷаҳон мебудед, ҷаҳон мансубони худро дӯст медошт; лекин азбаски шумо аз ҷаҳон нестед, балки Ман шуморо аз ҷаҳон баргузидаам, аз ин сабаб ҷаҳон аз шумо нафрат мекунад. 20 Каломеро, ки ба шумо гуфтам, дар хотир нигоҳ доред: „Ғулом бузургтар аз оғои худ нест“. Агар Маро таъқиб карданд, шуморо низ таъқиб хоҳанд кард; агар каломи Маро риоя карданд, каломи шуморо низ риоя хоҳанд кард; 21 Лекин хамаи инро барои исми Ман ба шумо хоҳанд кард, чунки Фиристандаи Маро намешиносанд. 22 Агар Ман намеомадам ва ба онҳо сухан намегуфтам, гуноҳе намедоштанд; лекин акнун барои гуноҳи худ узре надоранд. 23 Ҳар кӣ аз Ман нафрат кунад, аз Падари Ман низ нафрат мекунад. 24 Агар дар миёни онҳо аъмолеро намекардам, ки дигаре ҳаргиз накардааст, гуноҳе намедоштанд; лекин акнун он аъмолро дида, ҳам аз Ман ва ҳам аз Падари Ман нафрат кардаанд, 25 То ба амал ояд каломе ки дар Тавроташон навишта шудааст: „Бе сабаб аз Ман нафрат доранд“. 11. Имондор ва Рӯҳулқудс. 26 Лекин чун Пуштибон, ки Ӯро аз ҷониби Падар назди шумо мефиристам, биёяд, яъне Рӯҳи ростӣ, ки аз Падар содир мегардад, Ӯ бар Ман шаҳодат хоҳад дод; 27 Ва шумо низ шаҳодат хоҳед дод, зеро ки аз ибтидо бо Ман будаед. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden