Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Юҳанно* 14 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЧОРДАҲУМ 4. Назди Падар рафтани Исо.

1 Дили шумо музтариб нашавад; ба Худо имон оваред, ба Ман низ имон оваред.

2 Дар хонаи Падари Ман иқоматгоҳ бисьёр аст; ва агар чунин намебуд, магар ба шумо мегуфтам: „Меравам, то ки барои шумо ҷой тайёр кунам“?

3 Ва ҳангоме ки биравам ва барои шумо ҷой тайёр кунам, боз омада, шуморо бо Худ мебарам, то дар он ҷое ки Ман ҳастам, шумо низ бошед.

4 Ҷое ки Ман меравам, шумо онро медонед, роҳро низ медонед».

5 Тумо ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Намедонем, ки Ту куҷо меравӣ; пас чӣ гуна метавонем роҳро донем?»

6 Исо ба вай гуфт: «Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман;

7 Агар Маро мешиноҳтед, Падари Маро низ мешинохтед; ва аз ҳамин дам Ӯро мешиносед ва Ӯро дидаед».

8 Филиппус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Падарро ба мо нишон деҳ, ва ин барои мо кофист».

9 Исо ба вай гуфт: «Ин қадар вақт Ман бо шумо будам, ва ту Маро нашинохтӣ, Филиппус? Ҳар кӣ Маро бинад, Падарро дидааст; пас чӣ тавр мегӯӣ: „Падарро ба мо нишон деҳ“?

10 Оё бовар намекунӣ, ки Ман дар Падар ҳастам, ва Падар дар Ман? Суханоне ки Ман ба шумо мегӯям, аз Худ намегӯям; Падаре ки дар Ман сокин аст, Ӯ ин аъмолро мекунад.

11 Ба Ман имон оваред, ки Ман дар Падар ҳастам, ва Падар дар Ман; вагар на, ба хотири он аъмол ба Ман имон оваред.


5. Дуо ба исми Исо.

12 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба Ман имон оварад, аъмолеро, ки Ман мекунам, вай низ хоҳад кард ва ҳатто бузургтар аз он ҳам хоҳад кард, зеро ки Ман назди Падар меравам.

13 Ва ҳар чиро, ки ба исми Ман биталабед, ба ҷо хоҳам овард, то ки Падар дар Писар ҷалол ёбад;

14 Агар чизе ба исми Ман биталабед, Ман онро ба ҷо хоҳам овард.

15 Агар Маро дӯст доред, аҳкоми Маро риоя хоҳед кард.


6. Ваъда кардани Рӯҳулқудс.

16 Ва Ман аз Падар илтимос ҳоҳам кард, ва Ӯ ба шумо Пуштибони дигаре ато хоҳад кард, то ки ҳамеша бо шумо бимонад,

17 Яъне Рӯҳи ростӣ, ки ҷаҳон наметавонад Ӯро бипазирад, зеро ки Ӯро намебинад ва намешиносад; лекин шумо Ӯро мешиносед, зеро ки Ӯ бо шумо мемонад ва дар шумо хоҳад буд.

18 Шуморо ятим намегузорам; назди шумо меоям.

19 Пас аз андак муддате ҷаҳон дигар Маро нахоҳад дид; лекин шумо Маро хоҳед дид, ва азбаски Ман зиндаам, шумо низ хоҳед зист.

20 Дар он рӯз шумо хоҳед донист, ки Ман дар Падар ҳастам, ва шумо дар Ман, ва Ман дар шумо.

21 Ҳар кӣ аҳкоми Маро дорад ва риоят кунад, вай касест, ки Маро дӯст медорад; ва ҳар кӣ Маро дӯст дорад, Падари Ман вайро дӯст ҳоҳад дошт, ва Ман вайро дӯст ҳоҳам дошт ва Худро ба вай зоҳир хоҳам сохт».

22 Яҳудо, на он Яҳудои Исқарьют, ба ӯ гуфт: «Худовандо! Ин чист, ки Ту мехоҳӣ Худро ба мо зоҳир созӣ ва на ба ҷаҳон?»

23 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ҳар кӣ Маро дӯст дорад, каломи Маро риоя хоҳад кард; ва Падари Ман вайро дӯст хоҳад дошт, ва Мо назди вай омада, бо вай маскан хоҳем гирифт.

24 Касе ки Маро дӯст надорад, суханони Маро риоят намекунад; ва каломе ки мешунавед, аз они Ман нест, балки аз они Падарест, ки Маро фиристод.


7. Ваҳйи пурфайзи Рӯҳулқудс. Омодагии Исо ба мамот.

25 Ин суханонро ба шумо гуфтам, вақте ки бо шумо будам.

26 Лекин Пуштибон, яъне Рӯҳулқудс, ки Падар Ӯро ба исми Ман хоҳад фиристод, ҳама чизро ба шумо таълим хоҳад дод ва ҳар чиро, ки ба шумо гуфтам, ба ёди шумо хоҳад овард.


Васият кардани осоиштагӣ.

27 Осоиштагиро ба шумо боқӣ мегузорам, осоиштагии Худро ба шумо медиҳам: на ончунон ки ҷаҳон медиҳад, Ман ба шумо медиҳам. Дили шумо музтариб нашавад ва ҳаросон набошад.

28 Шунидед, ки ба шумо гуфтам: „Меравам ва назди шумо бармегардам“. Агар Маро дӯст медоштед, шод мешудед, ки гуфтам: „Назди Падар меравам“; зеро ки Падар аз Ман бузургтар аст.

29 Ва инак, пеш аз вуқӯъ ба шумо гуфтам, то ки дар вақти воқеъ шуданаш имон оваред.

30 Баъд аз ин ба шумо бисьёр гуфтугӯ нахоҳам кард, зеро ки мири ин ҷаҳон меояд, ва дар Ман вай чизе надорад.

31 Лекин, то ҷаҳон бидонад, ки Ман Падарро дӯст медорам, чунон ки Падар ба Ман ҳукм кард, амал мекунам: бархезед, аз ин ҷо биравем.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan