Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Юҳанно* 13 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СЕЗДАҲУМ Шустани пойҳои шогирдон.

1 Пеш аз иди фисҳ, чун Исо донист, ки соати Ӯ расидааст, то ки аз ин ҷаҳон назди Падар биравад, Ӯ, ки мансубони Худро дар ин ҷаҳон дӯст медошт, онҳоро то ба охир дӯст дошт.

2 Ва дар вақти таоми шом, ки иблис қасде дар дили Яҳудо ибни Шимъӯни Исқарьют андохта буд, ки Ӯро таслим кунад,

3 Ва Исо медонист, ки Падар ҳама чизро ба дасти Ӯ додааст, ва Ӯ аз ҷониби Худо омада буд ва ба сӯи Худо меравад,

4 Аз сари суфра бархоста, либоси Худро кашид ва дастмоле гирифта, ба камар баст;

5 Баъд аз он ба тағорае об рехта, ба шустани пойҳои шогирдонаш ва хушконидани онҳо бо дастмоле ки ба камараш баста буд, шурӯъ намуд.

6 Чун назди Шимъӯни Петрус омад, вай гуфт: «Худовандо! Ту пойҳои маро мешӯӣ?»

7 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Он чи Ман мекунам, алҳол намедонӣ, лекин баъд хоҳӣ фаҳмид».

8 Петрус ба Ӯ гуфт: «Пойҳои маро ҳаргиз нахоҳӣ шуст». Исо ба вай ҷавоб дод: «Агар туро нашӯям, туро бо Ман ҳиссае нест».

9 Шимъӯни Петрус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! На танҳо пойҳои маро, балки низ дастҳо ва сари маро бишӯй».

10 Исо ба вай гуфт: «Касе ки ғусл кардааст, фақат ба шустани пойҳояш эҳтиёҷ дорад, чунки вай тамоман пок аст; ва шумо пок ҳастед, лекин на ҳама».

11 Зеро ки таслимкунандаи Худро медонист, бинобар ин гуфт: «На ҳама пок ҳастед».

12 Чун пойҳои онҳоро шуст, либоси Худро пӯшида, боз нишаст ва ба онҳо гуфт: «Оё медонед, ки барои шумо чӣ кардам?

13 Шумо Маро Устод ва Худованд мегӯед ва рост мегӯед, зеро ки Ман чунин ҳастам.

14 Пас, агар Ман, ки Устод ва Худованд ҳастам, пойҳои шуморо шустаам, шумо ҳам бояд пойҳои якдигарро бишӯед:

15 Зеро ба шумо намунае нишон додам, то, чунон ки Ман бо шумо кардам, шумо низ бикунед.

16 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ғулом бузургтар аз оғои худ нест, ва расул бузургтар аз фиристандаи худ нест.

17 Ҳар гоҳ инро донистед, хушо шумо, агар инро ба амал оваред.

18 Дар бораи ҳамаи шумо намегӯям: онҳоеро, ки баргузидаам, медонам. Лекин ин Навишта бояд ба амал ояд: „Он ки бо Ман нон мехӯрад, пошнаи худро бар Ман баланд кардааст“.

19 Алҳол, пеш аз вуқӯъ, ба шумо мегӯям, то ки ҳангоми воқеъ шуданаш бовар кунед, ки ин Ман ҳастам.

20 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ фиристодаи Маро қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад».


Таслимкунанда аз миёни шогирдон берун карда шуд.

21 Чун Исо инро гуфт, дар рӯҳ музтариб шуд, ва шаҳодат дода, гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумо Маро таслим хоҳад кард».

22 Шогирдон ба якдигар нигоҳ карда, дар ҳайрат шуданд, ки инро дар бораи кӣ мегӯяд.

23 Яке аз шогирдонаш буд, ки бар сандуқи синаи Исо такья мезад: Исо вайро дӯст медошт;

24 Шимъӯни Петрус ба вай ишорат кард, то бипурсад: он кист, ки дар ҳаққаш чунин гуфт.

25 Вай ҳамчунон бар сандуқи синаи Исо такья зада, пурсид: «Худовандо! Он кист?»

26 Исо ҷавоб дод: «Он аст, ки луқмаи нонро ғӯтонда ба вай медиҳам». Ва луқмаро гӯтонда, ба Яҳудо ибни Шимъӯни Исқарьют дод.

27 Пас аз он ки луқмаро гирифт, шайтон дар вай дохил шуд. Он гоҳ Исо ба вай гуфт: «Он чи мекунӣ, ба зудӣ бикун».

28 Лекин аз нишастагон ҳеҷ кас нафаҳмид, ки чаро ба вай чунин гуфт.

29 Баъзеҳо гумон карданд, ки чун ҳамьён дар дасти Яҳудост, Исо ба вай фармуд, ки ҳар чи барои ид ба мо лозим аст, харид кунад ё ки чизе ба мискинон бидиҳад.

30 Вай луқмаро гирифта, дарҳол берун рафт; ва шаб буд.


Нутқи видоии Исо. 1. Вақти ҷалол ёфтан наздик аст.

31 Чун вай берун рафт, Исо гуфт: «Алҳол Писари Одам ҷалол ёфт, ва Худо дар Ӯ ҷалол ёфт;

32 Агар Худо дар Ӯ ҷалол ёфт, Худо низ Ӯро дар Худ ҷалол хоҳад дод, ва ба зудӣ Ӯро ҷалол хоҳад дод.

33 Эй фарзандон! Боз муддати каме бо шумо ҳастам: шумо Маро ҷустуҷӯ хоҳед кард, ва чунон ки ба яҳудиён гуфтам, акнун ба шумо низ мегӯям: „ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметавонед биёед“.


2. Ҳукми нав.

34 Ба шумо ҳукми тозае медиҳам, ки якдигарро дӯст доред; чунон ки Ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред.

35 Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред».


3. Пешгӯӣ кардани инкори Петрус.

36 Шимъӯни Петрус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Куҷо меравӣ?» Исо ба вай ҷавоб дод: «Ба он ҷое ки Ман меравам, алҳол наметавонӣ аз ақиби Ман биёӣ, лекин баъд аз он аз ақиби Ман хоҳӣ омад».

37 Петрус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Чаро алҳол аз ақиби Ту наметавонам биёям? Ҷони худро барои Ту фидо хоҳам кард».

38 Исо ба вай ҷавоб дод: «Ҷони худро барои Ман фидо хоҳӣ кард? Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan