Юҳанно* 11 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЁЗДАҲУМ Эҳьёи Лаъзор. 1 Шахсе Лаъзор ном бемор буд аз аҳли Байт‐Ҳинӣ, ки деҳаи Марьям ва хоҳараш Марто буд. 2 Марьям ҳамон буд, ки Худовандро бо равғани атрафшон тадҳин карда, пойҳои Ӯро бо мӯи худ хушконид; Лаъзори бемор бародари вай буд. 3 Ва хоҳарон ба Ӯ кас фиристода, гуфтанд: «Худовандо! Инак, он касе ки дӯст медорӣ, бемор аст». 4 Чун Исо шунид, гуфт: «Ин касалӣ барои мамот нест, балки барои ҷалоли Худост, то ки Писари Худо ба василаи он ҷалол ёбад». 5 Исо Марто ва хоҳари вай ва Лаъзорро дӯст медошт. 6 Чун шунид, ки вай бемор аст, дар ҷое ки буд, ду рӯз монд. 7 Пас аз он ба шогирдонаш гуфт: «Боз ба Яҳудо биравем». 8 Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Эй Устод! Бисьёр нагузаштааст, ки яҳудиён мехостанд Туро сангсор кунанд, ва Ту мехоҳӣ боз ба он ҷо биравӣ?» 9 Исо ҷавоб дод: «Оё рӯз дувоздаҳ соат нест? Касе ки рӯзона роҳ меравад, пешпо намехӯрад, чунки нури ин ҷаҳонро мебинад; 10 Лекин касе ки шабона роҳ меравад, пешпо мехӯрад, чунки дар вай нур нест». 11 Инро ба забон ронд ва пас аз он ба онҳо гуфт: «Дӯсти мо Лаъзор хуфтааст, лекин Ман меравам, то ки вайро бедор кунам». 12 Шогирдонаш гуфтанд: «Худовандо! Агар хуфта бошад, шифо ҳоҳад ёфт». 13 Исо дар бораи вафоти вай сухан меронд, лекин онҳо гумон карданд, ки дар бораи хоби муқаррарӣ сухан меронад. 14 Он гоҳ Исо ба онҳо ошкоро гуфт: «Лаъзор мурдааст; 15 Ва барои шумо шодам, ки дар он ҷо набудам, то ки имон оваред; вале акнун назди вай биравем». 16 Тумо, ки Экизак номида мешуд, ба шогирдон гуфт: «Биёед мо ҳам биравем, то ки бо Ӯ бимирем». 17 Чун Исо омад, фаҳмид, ки вай чор рӯз боз дар қабр мебошад. 18 Байт‐Ҳинӣ дар наздикии Ерусалим, ба масофаи тақрибан понздаҳ стадия воқеъ буд, 19 Ва бисьёре аз яҳудиён назди Марто ва Марьям омада буданд, то ки барои бародарашон онҳоро тасаллӣ диҳанд. 20 Чун Марто шунид, ки Исо меояд, ба пешвози Ӯ берун рафт; лекин Марьям дар хона монд. 21 Марто ба Исо гуфт: «Худовандо! Агар дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд. 22 Лекин ҳоло низ медонам, ки ҳар чи аз Худо талаб кунӣ, Худо онро ба Ту хоҳад дод». 23 Исо ба вай гуфт: «Бародари ту эҳьё хоҳад шуд». 24 Марто ба Ӯ гуфт: «Медонам, ки дар қиёмат, дар рӯзи вопасин эҳьё хоҳад шуд». 25 Исо ба вай гуфт: «Ман қиёмат ва ҳаёт ҳастам; ҳар кӣ ба Ман имон оварад, агар бимирад ҳам, зинда хоҳад шуд; 26 Ва ҳар кӣ зинда бошад ва ба Ман имон оварад, то абад наҳоҳад мурд. Оё ба ин имон дорӣ?» 27 Ба Ӯ гуфт: «Оре, Худовандо! Ман имон дорам, ки Ту Масеҳ Писари Худо ҳастӣ, Он Шахс, ки ба ҷаҳон меояд». 28 Чун инро гуфт, рафта хоҳари худ Марьямро пинҳонӣ хонд ва гуфт: «Устод ин ҷост ва туро металабад». 29 Инро шунида, вай зуд бархост ва назди Ӯ омад. 30 Исо ҳанӯз ба деҳа ворид нашуда буд, балки дар ҳамон ҷое буд, ки Марто Ӯро пешвоз гирифт. 31 Яҳудиёне ки дар хона бо вай буданд ва тасаллӣ медоданд, чун диданд, ки Марьям зуд бархоста, берун рафт, аз паи вай равона шуданд, ба гумони он ки ба сари қабр меравад, то ки дар он ҷо гирья кунад. 32 Чун Марьям ба он ҷое ки Исо буд, омад, Ӯро дида, ба пойҳои Ӯ афтод ва гуфт: «Агар дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд». 33 Исо, вақте ки вайро ашкрезон ва яҳудиёни бо вай омадаро низ гирьён дид, аз дил оҳи аламноке кашид ва музтариб шуд, 34 Ва гуфт: «Вайро куҷо гузоштаед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Худовандо! Биё ва бубин». 35 Исо гирья кард. 36 Яҳудиён гуфтанд: «Бингаред, чӣ қадар вайро дӯст медошт!» 37 Баъзе аз онҳо гуфтанд: «Оё Ин Шахс, ки чашмони кӯрро боз кард, наметавонист амале бикунад, то ки ин ҳам намирад?» 38 Исо, дар ҳолате ки аз дил оҳ мекашид, ба сари қабр омад; ва он як ғоре буд, ки санге бар даҳанаш гузошта буданд. 39 Исо гуфт: «Сангро бардоред». Марто, хоҳари мурда, ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Аллакай бадбуй шудааст; зеро ки чор рӯз боз дар ин ҷост». 40 Исо ба вай гуфт: «Оё ба ту нагуфтам, ки агар имон оварӣ, ҷалоли Худоро хоҳӣ дид?» 41 Пас сангро аз он ҷое ки мурда гузошта шуда буд, бардоштанд. Исо чашмони Худро сӯи осмон боло карда, гуфт: «Эй Падар! Туро шукр мекунам, ки сухани Маро шунидӣ; 42 Ва Ман медонистам, ки ҳамеша сухани Маро мешунавӣ; лекин барои мардуме ки дар ин ҷо истодаанд, гуфтам, то имон оваранд, ки Ту Маро фиристодаӣ». 43 Чун инро гуфт, бо овози баланд нидо кард: «Эй Лаъзор, берун о!» 44 Ва мурда, ки дастҳо ва поҳояш ба кафан печида ва рӯяш бо рӯймоле пӯшида буд, берун омад. Исо ба онҳо гуфт: «Вайро воз кунед ва бигзоред биравад». 45 Бисьёре аз яҳудиён, ки бо Марьям омада буданд, чун амали Исоро диданд, ба Ӯ имон оварданд; 46 Лекин баъзе аз онҳо назди фарисиён рафта, он чи Исо карда буд, ба онҳо гуфтанд. Қарори саркоҳинон ва фарисиён, ки Исоро бикушанд. 47 Саркохинон ва фарисиён дар шӯрои пирон ҷамъ омаданд ва гуфтанд: «Чӣ бояд кард? Ин Шахс мӯъҷизоти зиёде нишон медиҳад; 48 Агар Ӯро чунин вогузорем, ҳама ба Ӯ имон хоҳанд овард, ва румиён омада, кишвар ва қавми моро хоҳанд гирифт». 49 Яке аз онҳо, ки Қаёфо ном дошт ва дар он сол саркоҳин буд, гуфт: «Шумо чизе намедонед, 50 Ва фикр ҳам намекунед, ки барои мо беҳтар аст агар як кас ба хотири қавм бимирад, ва тамоми қавм нобуд нашавад». 51 Лекин вай инро аз худ нагуфт, балки, чун дар он сол саркоҳин буд, нубувват кард, ки Исо бояд барои қавм бимирад, 52 Ва на танҳо барои қавм, балки низ барои он ки фарзандони Худоро, ки пароканда ҳастанд, якҷоя кунад. 53 Аз ҳамон рӯз маслиҳатро ба як ҷо монданд, ки Ӯро бикушанд. 54 Бинобар ин Исо дигар дар миёни яҳудиён ошкоро намегашт, балки аз он ҷо ба мавзее ки наздики биёбон буд, ба шаҳре ки Эфроим ном дошт, равона шуд ва бо шогирдони Худ дар он ҷо монд. 55 Чун иди фисҳи яҳудиён наздик шуд, мардуми бисьёре аз ҳар тарафи мамлакат пеш аз фисҳ ба Ерусалим омаданд, то ки худро татҳир намоянд. 56 Ва онҳо дар ҷустуҷӯи Исо буданд ва дар маъбад истода, ба якдигар мегуфтанд: «Фикри шумо чист? Оё Ӯ ба ид намеояд?» 57 Лекин саркоҳинон ва фарисиён фармоне дода буданд, ки агар касе донад, ки Ӯ куҷост, бояд хабар диҳад, то ки Ӯро дастгир кунанд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden