Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Юҳанно* 1 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЯКУМ Каломи абадӣ ба ҷисм мубаддал шуд.

1 Дар ибтидо Калом буд, ва Калом бо Худо буд, ва Калом Худо буд.

2 Он дар ибтидо бо Худо буд.

3 Ҳама чиз ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад, ва ҳар он чи вуҷуд ёфт, бе Ӯ вуҷуд наёфт.

4 Дар Ӯ ҳаёт буд, ва ҳаёт нури одамиён буд.

5 Ва нур дар торикӣ медурахшид, ва торикӣ онро фаро нагирифт.

6 Шахсе аз ҷониби Худо фиристода шуда буд, ки Яҳьё ном дошт.

7 Вай барои шоҳидӣ омад, ки бар Нур шаҳодат диҳад, то ки ҳама ба воситаи вай имон оваранд.

8 Вай он Нур набуд, балки омад, ки бар Нур шаҳодат диҳад.


Исо — Нури ҳақиқӣ.

9 Он Нури ҳақиқӣ, ки ҳар одамро мунаввар мегардонад, ба ҷаҳон омаданӣ буд.

10 Ӯ дар ҷаҳон буд, ва ҷаҳон ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад, ва ҷаҳон Ӯро нашиноҳт.

11 Ӯ назди мансубони Худ омад, ва мансубонаш Ӯро қабул накарданд.

12 Лекин ба онҳое ки Ӯро қабул карданд ва ба исми Ӯ имон оварданд, қудрат дод, ки фарзандони Худо гарданд,

13 Ки на аз хун, на аз хоҳиши ҷисм, на аз хоҳиши марде, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд.

14 Ва Калом ҷисм гардид ва дар миёни мо сокин шуд, пур аз файз ва ростӣ; ва мо ҷалоли Ӯро дидем, ки ҷалоли шоистаи Писари ягонаи Падар аст.


Шаҳодати Яҳьёи Таъмиддиҳанда дар бораи худаш.

15 Ва Яҳьё бар Ӯ шаҳодат дод, ва нидо карда, мегуфт: «Ин аст Он ки дар бораи Ӯ гуфтам: „Он ки пас аз ман меояд, пеш аз ман будааст, зеро ки бар ман муқаддам буд“».

16 Ва аз пуррагии Ӯ ҳамаи мо файз бар файз пайдо кардем;

17 Зеро ки шариат ба воситаи Мусо ато шуд, аммо файз ва ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад.

18 Худоро ҳаргиз касе надидааст; Писари ягонае ки дар оғӯши Падар аст, Ӯро зоҳир кард.

19 Ва ин аст шаҳодати Яҳьё дар вақте ки яҳудиён аз Ерусалим коҳинон ва левизодагонро фиристоданд, то аз вай пурсанд, ки: «Ту кистӣ?»

20 Вай иқрор кард ва инкор накард, балки зътироф намуда, гуфт: «Ман Масеҳ нестам».

21 Аз вай пурсиданд: «Пас кистӣ? Оё Ильёс ҳастӣ?» Гуфт: «Не». «Оё он набӣ ҳастӣ?» Ҷавоб дод: «Не».

22 Он гоҳ ба вай гуфтанд: «Пас кистӣ? То ба он касоне ки моро фиристодаанд, ҷавоб диҳем: дар бораи худ чӣ мегӯӣ?»

23 Гуфт: «Ман овози нидокунанде дар биёбонам: „роҳи Худовандро рост кунед“, чунон ки Ишаъёи набӣ гуфтааст».

24 Он фиристодагон аз фарисиён буданд;

25 Ва онҳо аз вай пурсиданд: «Агар ту на Масеҳ ҳастӣ, на Ильёс ва на он набӣ, пас барои чӣ таъмид медиҳӣ?»

26 Яҳьё дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман бо об таъмид медиҳам; лекин дар миёни шумо Касе истодааст, ки шумо Ӯро намешиносед:

27 Ӯ Он аст, ки пас аз ман меояд, аммо пеш аз ман будааст; ва ман сазовори он нестам, ки даволи пойафзоли Ӯро воз кунам».

28 Ин дар Байт‐Абора, ки он тарафи Урдун аст, дар ҷое ки Яҳьё таъмид медод, воқеъ шуд.


Шаҳодати Таъмиддиҳанда дар бораи Барраи Худо. Таъмиди Исо.

29 Фардои он, Яҳьё Исоро дид, ки ба ҷониби вай меояд, ва гуфт: «Инак Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад;

30 Ин аст Он ки ман дар бораи Ӯ гуфтам, ки: „Пас аз ман Марде меояд, ки пеш аз ман будааст, зеро ки Ӯ бар ман муқаддам буд“;

31 Ман Ӯро намешиноҳтам; лекин барои он ки Ӯ ба Исроил зоҳир гардад, омадам ва бо об таъмид медодам».

32 Ва Яҳьё шаҳодат дода, гуфт: «Ман Рӯҳро дидам, ки чун кабӯтаре аз осмон нозил шуда, бар Ӯ қарор гирифт;

33 Ман Ӯро намешиноҳтам; лекин Он ки маро фиристод, то бо об таъмид диҳам, ба ман гуфт: „Бар ҳар кас бубинӣ, ки Рӯҳ нозил шуда, бар Ӯ қарор гирифт, Ӯ Ҳамон аст, ки бо Рӯҳулқудс таъмид медиҳад“.

34 Ва ман дида, шаҳодат додам, ки Ӯ Писари Худост».


Исо ва шогирдони аввалин.

35 Фардои он, боз Яҳьё бо ду шогирди худ истода буд.

36 Чун дид, ки Исо аз он ҷо мегузарад, гуфт: «Инак Барраи Худо».

37 Он ду шогирд суханони вайро шунида, аз паи Исо равона шуданд.

38 Исо ба ақиб нигоҳ карда, дид, ки онҳо меоянд, гуфт: «Чӣ меҳоҳед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Раббӣ», яъне: «эй Устод, дар куҷо истиқомат дорӣ?»

39 Ӯ гуфт: «Биёед ва бубинед». Онҳо омаданд ва диданд, ки дар куҷо истиқомат дорад, ва он рӯз назди Ӯ бимонданд. Тақрибан соати даҳум буд.

40 Яке аз он ду нафар, ки суҳанони Яҳьёро шунида, аз паи Ӯ омада буданд, Андриёс, бародари Шимъӯни Петрус буд.

41 Вай аввал бародари худ Шимъӯнро ёфта, гуфт: «Мо Масеҳро, яъне Христосро ёфтем».

42 Вайро назди Исо овард. Исо ба вай нигариста, гуфт: «Ту Шимъӯн, писари Юнус ҳастӣ; акнун номат Кифо ҳоҳад шуд, ки маънояш Петрус аст».

43 Фардои ин, Исо ҳост ба Ҷалил равад, ва Филиппусро ёфта, гуфт: «Аз ақиби Ман биё».

44 Филиппус аз Байт‐Сайдо, ҳамшаҳрии Андриёс ва Петрус буд.

45 Филиппус Натанъилро ёфта, гуфт: «Мо Он касеро, ки Мусо дар бораи Ӯ дар Таврот навиштааст, ва анбиё зикр кардаанд, ёфтаем, ки Исо, писари Юсуф, аз Носира аст».

46 Вале Натанъил ба вай гуфт: «Магар мумкин аст, ки аз Носира чизи некӯе пайдо шавад?» Филиппус ба вай гуфт: «Биё ва бубин».

47 Исо чун дид, ки Натанъил сӯи Ӯ меояд, дар бораи вай гуфт: «Инак, исроилии ҳақиқӣ, ки дар вай макре нест».

48 Натанъил ба Ӯ гуфт: «Маро аз куҷо мешиносӣ?» Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Пеш аз он ки Филиппус туро даъват кунад, ҳангоме ки дар зери дарахти анҷир будӣ, Ман туро дидам».

49 Натанъил дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Устод! Ту Писари Худоӣ, Ту Подшоҳи Исроил ҳастӣ».

50 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ту имон овардӣ, зеро ба ту гуфтам, ки: „Ман туро дар зери дарахти анҷир дидам“; чизҳои бузургтар аз ин хохӣ дид».

51 Ва ба вай гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: минбаъд осмонро кушода ва фариштагони Худоро, ки бар Писари Одам сууд ва нузул мекунанд, хоҳед дид».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan