Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Яъқуб 5 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ПАНҶУМ Огоҳонидани сарватдорон.

1 Гӯш кунед шумо, эй сарватдорон: дар бораи балоҳое ки ба сари шумо меояд, гирья ва нола кунед.

2 Сарвати шумо пӯсидааст, ва либоси шуморо куя задааст.

3 Тилло ва нуқраи шуморо занг задааст, ва занги онҳо исботе ба муқобили шумо гардида, мисли оташ ҷисми шуморо хоҳад хӯрд: шумо барои айёми охирини худ ганҷ ҷамъ кардаед.

4 Инак, музди коргароне ки саҳроҳои шуморо даравидаанд, ва шумо онро надода нигоҳ доштаед, фиғон мекашад, ва доду фарьёди даравгарон ба гӯши Худованди лашкарҳо расидааст.

5 Шумо дар рӯи замин бо ҳашамат ва дабдаба умр ба сар бурда, айшу ишрат менамудед, ва дилҳои худро гӯё ки барои рӯзи қатл фарбеҳ кардед.

6 Шумо одилро маҳкум намуда, куштед; ӯ ба шумо муқобилат накард.


Омадани Худованд наздик аст.

7 Пас, эй бародарон, то вақти омадани Худованд пурсабр бошед. Инак, зироаткор самараи гаронбаҳои заминро интизор мешавад ва барои ин бисьёр сабр мекунад, то даме ки борони аввалин ва охирин биборад.

8 Шумо низ сабр кунед, дилҳои худро қавӣ гардонед, чунки омадани Худованд наздик аст.

9 Эй бародарон, аз якдигар шиква накунед, то ки маҳқум нагардед: инак, Довар назди дар истодааст.

10 Эй бародарон, аз уқубат ва пурсабрии анбиё ибрат гиред, ки онҳо ба исми Худованд сухан меронданд.

11 Инак, мо онҳоеро, ки сабр кардаанд, хушбахт мешуморем: шумо дар бораи сабри Айюб шунидаед ва анҷоми кори Худовандро дидаед, зеро ки Худованд раҳмон ва бахшанда аст.


Дар бораи қасам.

12 Вале пеш аз ҳама, эй бародарони ман, на ба осмон қасам ёд кунед, на ба замин, на ба ягон қасами дигаре; балки бигзор дар шумо «оре, оре» ва «не, не» бошад, то ки ба маҳкумият дучор нашавед.


Дуо гӯед: дуои боисрори шахси одил қуввати бузурге дорад.

13 Оё касе аз шумо уқубат мекашад? Бигзор дуо гӯяд. Оё касе шодмон аст? Бигзор таронаи Забурро хонад.

14 Оё касе аз шумо бемор аст? Бигзор пирони калисоро назди худ даъват намояд, ва онҳо ӯро ба исми Худованд равған молида, дар ҳаққи ӯ дуо гӯянд, —

15 Ва дуои имон беморро шифо хоҳад дод, ва Худованд ӯро ба по хоҳад хезонд; ва агар ӯ гуноҳ карда бошад, гуноҳҳояш омурзида хоҳад шуд.

16 Ба гуноҳҳои худ назди якдигар иқрор намоед ва барои якдигар дуо гӯед, то шифо ёбед: дуои боисрори шаҳси одил қуввати бузурге дорад.

17 Ильёс шаҳсе буд монанди мо, ва дуо гуфт, ки борон наборад, ва се солу шаш моҳ дар рӯи замин борон набуд.

18 Ва боз дуо гуфт, ва осмон борон дод, ва замин самараи худро ба вуҷуд овард.


Дар бораи муҳаббат нисбат ба бародарони гумроҳ.

19 Эй бародарон! Агар касе аз шумо аз ростӣ сар печад, ва касе ӯро баргардонад,

20 Бигзор вай бидонад, ки шаҳсе ки гуноҳкорро аз роҳи ғалати вай гардонад, ҷони вайро аз мамот наҷот дода, гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш хоҳад кард.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan