Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Яъқуб 4 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЧОРУМ Дӯстӣ бо дуньё душманӣ бо Худост.

1 Адоват ва ҷидолҳо дар миёни шумо аз куҷост? Оё на аз ҳавасҳои шумост, ки дар андоматон меҷанганд?

2 Ҳавас мекунед — ва надоред; мекушед ва ҳасад мебаред — ва наметавонед ба даст оваред; муноқиша ва адоват мекунед — ва надоред, чунки илтимос намекунед;

3 Илтимос мекунед ва ба даст намеоваред, чунки на аз баҳри қасди нек илтимос мекунед, балки аз баҳри он ки барои ҳавасҳои худ истифода намоед.

4 Эй зинокорон! Оё намедонед, ки дӯстӣ бо дуньё душманӣ бо Худост? Пас, касе ки мехоҳад дӯсти дуньё бошад, душмани Худо мегардад.

5 Оё шумо гумон мекунед, ки Навишта бар абас гуфтааст: «Рӯҳеро, ки дар мо сокин аст, то ба дараҷаи рашк дӯст медорад»?

6 Лекин файзи бештаре мебахшад; барои ҳамин ҳам гуфта шудааст: «Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурӯтанон файз мебахшад».

7 Пас, ба Худо итоат намоед, ба иблис муқобилат кунед, ва ӯ аз шумо хоҳад гурехт.

8 Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд. Дастҳои худро бишӯед, эй гуноҳкорон, ва дилҳои худро пок кунед, эй дудилагон.

9 Андӯҳгин шуда, гирья ва нола кунед. Бигзор хандаи шумо ба гирья ва шодии шумо ба ғусса мубаддал шавад.

10 Дар хузури Худованд фурӯтан бошед, ва Ӯ шуморо сарафроз хоҳад кард.

11 Эй бародарон, дар ҳаққи якдигар бадгӯӣ накунед. Касе ки бародарашро бадгӯӣ кунад, ё бародарашро ҳукм намояд, вай шариатро бадгӯӣ мекунад ва шариатро ҳукм менамояд. Ва агар ту шариатро ҳукм намоӣ, пас иҷрокунандаи шариат нестӣ, балки довар ҳастӣ.

12 Шариатгузор ва Довар якест, ва Ӯ қодир аст наҷот диҳад ва талаф кунад. Вале ту кистӣ, ки дигареро ҳукм менамоӣ?


Ба муқобили нақшаҳое ки дилхоҳи Худо нест.

13 Акнун гӯш кунед шумо, эй касоне ки мегӯед: «Имрӯз ё фардо ба фалон шаҳр рафта, дар он ҷо як сол зиндагонӣ мегузаронем, ва бо тиҷорат машғул шуда, фоида мекунем»,

14 Дар сурате ки шумо намедонед, ки фардо чӣ ҳодиса рӯй хоҳад дод: зеро ки чист зиндагонии шумо? Буғест, ки ба муддати кӯтоҳе зоҳир гардида, баъд нест мешавад.

15 Ба ҷои он шумо бояд бигӯед: «Агар Худо хоҳад, мо зинда мемонем ва чунин ё чунон мекунем».

16 Лекин акнун шумо, ба сабаби ҳавобаландии худ, лоф мезанед: ҳар лофи монанди ин бад аст.

17 Пас, касе ки медонад, чӣ некӣ бояд кард, ва намекунад, — ба вай гуноҳ аст.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan