Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Яъқуб 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СЕЮМ Огоҳонидан аз гуноҳҳои забон.

1 Эй бародарони ман! Бисьёре аз шумо муаллим нашавед, чун медонед, ки мо ба маҳкумияти бештаре дучор хоҳем шуд,

2 Зеро ки ҳамаи мо бисьёр пешпо мехӯрем. Касе ки дар суҳан пешпо намеҳӯрад, вай одами комил аст, ки метавонад ҷилави тамоми ҷисмро бикашад.

3 Инак, мо ба даҳони аспҳо лаҷом меандозем, то ки ба мо итоат кунанд, ва тамоми ҷисми онҳоро идора мекунем;

4 Инак, киштиҳо низ, ҳарчанд бузург бошанд ва ҳарчанд бо бодҳои пурзӯр ронда шаванд ҳам, ба воситаи суккони хурде, ба куҷое ки суккондор ҳоҳад, равона карда мешаванд;

5 Ҳамчунин забон низ узви хурд аст, вале бисьёр лоф мезанад. Бубин, оташи ҳурде чӣ гуна ҷангали бузургро месӯзонад.

6 Забон низ оташ аст, шарорате дар миёни узвҳои мо мебошад. Тамоми ҷисмро палид мекунад ва доираи ҳаётро оташ медиҳад, дар сурате ки худаш аз ҷаҳаннам оташ мегирад.

7 Зеро ки ҳама гуна даррандагон ва паррандагон, хазандагон ва ҳайвоноти баҳрӣ ба воситаи одамизод ром мешавад ва ром шудааст,

8 Валекин забонро ҳеҷ кас аз одамон ром карда наметавонад: он — шароратест боздоштанашаванда ва пур аз заҳри марговар.

9 Бо он мо Худо ва Падарро муборак мехонем, ва бо он мо ба одамон, ки ба сурати Худо офарида шудаанд, лаънат мегӯем:

10 Аз айни як даҳон баракат ва лаънат мебарояд. Эй бародарони ман, набояд ин тавр шавад.

11 Оё аз як сӯрохи чашма ҳам оби ширин ва ҳам оби талх ҷорӣ мешавад?

12 Эй бародарони ман, дарахти анҷир наметавонад зайтун оварад, ё токи ангур — анҷир: ҳамчунин як чашма наметавонад оби шӯр ва ширин ба вуҷуд оварад.


Ҳикмати ҳақиқӣ ба воситаи рафтор исбот меёбад.

13 Оё касе аз шумо ҳаким ва бохирад аст? Бигзор инро дар рафтори неки худ бо фурӯтании хирадмандона дар амал нишон диҳад.

14 Аммо агар шумо дар дили худ ҳасади талҳ ва худсарӣ доред, фахр накунед ва дар ҳаққи ростӣ дурӯғ нагӯед:

15 Ин ҳикмате нест, ки аз боло нозил шуда бошад, балки ҳикмати заминӣ, нафсонӣ ва шайтонӣ мебошад;

16 Зеро ҳар ҷое ки ҳасад ва худсарӣ бошад, он ҷо носозӣ ва ҳар кори бад ҳувайдост.

17 Валекин ҳикмате ки аз болост, аввалан, пок аст, сонӣ осоишта, боилтифот, фармонбардор, пур аз марҳамат ва самараи нек, беғараз ва бериё мебошад.

18 Ва самараи адолат дар осоиштагӣ кошта мешавад барои онҳое ки осоиштагиро ба амал меоваранд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan