Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Яъқуб 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ДУЮМ Сарватдорони имон — ворисони Малакути Худо.

1 Эй бародарони ман! Ба Исои Масеҳи Худованди мо, ки Худованди ҷалол аст, бе рӯйбинӣ имон дошта бошед.

2 Зеро, агар ба ҷамъомади шумо касе ангуштарини тилло дар даст ва либоси зебо дар тан биёяд, ва камбағале низ либоси чиркин дар тан биёяд,

3 Ва шумо ба соҳиби либоси зебо нигоҳ карда, гӯед: «Шумо марҳамат фармуда ин ҷо бинишинед», ва ба камбағал гӯед: «Ту он ҷо биист» ё ки: «Ин ҷо, поини пои ман бинишин», —

4 Оё шумо миёни худатон фарқ нагузоштаед ва оё доварони соҳиби афкори бад нестед?

5 Гӯш диҳед, эй бародарони маҳбуби ман: оё Худо камбағалони оламро интиҳоб накардааст, ки сарватдор дар имон ва ворисони Малакуте бошанд, ки онро Ӯ ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст?

6 Валекин шумо аз камбағал нафрат кардаед. Оё сарватдорон шуморо ба танг намеоваранд, ва оё онҳо шуморо ба маҳкамаҳо намекашанд?

7 Оё онҳо номи некеро, ки бар шумост, беобрӯ намекунанд?

8 Агар шумо шариати шоҳонаро, бар тибқи Навиштаи: «Ёри ҳудро мисли худ дӯст бидор» ба ҷо меоварда бошед, хуб мекунед;

9 Аммо агар рӯйбинӣ мекарда бошед, гуноҳ мекунед, ва шариат шуморо вайронкунанда ҳисоб мекунад.

10 Касе ки тамоми шариатро риоя намуда, валекин дар як чиз гуноҳ кунад, нисбат ба ҳама чиз айбдор мешавад.

11 Зеро Он ки «зино накун» гуфтааст, «қатл накун» ҳам гуфтааст; бинобар ин, агар ту зино накунӣ, вале қатл кунӣ, — ба шариат хато кардаӣ.

12 Ҳамчун касоне ки бар тибқи шариати озодӣ доварӣ карда хоҳанд шуд, чунин сухан гӯед ва чунин амал кунед,

13 Зеро бар касе ки эҳсон накардааст, доварӣ бе марҳамат хоҳад буд; марҳамат бар доварӣ ғалаба меёбад.


Имони ҳақиқӣ наметавонад бе аъмол бошад.

14 Эй бародарони ман, чӣ фоидае ҳаст, агар касе гӯяд, ки имон дорад, дар сурате ки амал надорад? Оё чунин имон метавонад ӯро наҷот диҳад?

15 Агар бародаре ё хоҳаре бараҳна буда, ризқу рӯзӣ надошта бошанд,

16 Ва касе аз шумо ба онҳо гӯяд: «Ба саломатӣ рафта, гарм ва сер шавед», валекин он чи барои ҷисм лозим аст, ба онҳо надиҳад, — чи фоидае ҳаст?

17 Ҳамчунин имон низ, агар аъмол надошта бошад, ба ҳудии худ мурда аст.

18 Балки касе хоҳад гуфт: «Ту имон дорӣ, вале ман аъмол дорам, — имони худро бе аъмол ба ман нишон бидеҳ, вале ман ба ту имони ҳудро аз аъмоли худ нишон медиҳам».

19 Ту имон дорӣ, ки Худо ягона аст? Хуб мекунӣ; девҳо низ имон доранд ва меларзанд.

20 Аммо, эй одами бемағз, оё мехоҳӣ бидонӣ, ки имон бе аъмол мурда аст?


Имон ба воситаи аъмол ба камол мерасад.

21 Оё падари мо Иброҳим, ки писари худ Исҳоқро ба қурбонгоҳ бароварда буд, бо аъмоли ҳуд сафед нашуд?

22 Оё ту мебинӣ, ки имон ба аъмоли ӯ мадад кард, ва имони ӯ ба василаи аъмол ба камол расид?

23 Ва он Навишта иҷро шуд, ки мегӯяд: «Иброҳим ба Худо имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд, ва ӯ дӯсти Худо номида шуд».

24 Оё мебинед, ки одамизод ба василаи аъмол сафед мешавад, на фақат ба василаи имон?

25 Ба ҳамин тарз Роҳоби фоҳиша низ, ки ҷосусонро қабул карда, бо роҳи дигаре фиристода буд, оё ба василаи аъмол сафед нашуд?

26 Зеро, чунон ки ҷисм бе рӯҳ мурда аст, ончунон имон низ бе аъмол мурда аст.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan