Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Воиз 7 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАФТУМ Инсон фақат дар ҳикмат ва соддагӣ ором меёбад.

1 Номи нек беҳ аз равғани атрафшон; ва рӯзи мамот беҳ аз рӯзи таваллуд.

2 Рафтан ба азохона беҳ аз рафтан ба шаробхона, чунки ин оқибати ҳар одам аст, ва зинда инро дар дили худ мегузорад.

3 Ғусса беҳ аз ханда, зеро вақте ки чеҳра ғамгин аст, дил нек мешавад.

4 Дили хирадмандон дар азохона аст, вале дили аблаҳон — дар тарабхона.

5 Шунидани итоби хирадманд беҳ аз шунидани суруди аблаҳон,

6 Чунки хандаи аблаҳон мисли чарс‐чарси хорҳо дар таги дег аст. Ин низ ҳеҷу пуч аст!

7 Истисмор хирадмандро сабукмағз мегардонад, ва ришва дилро фосид мекунад.

8 Оқибати кор беҳ аз оғози он; собир беҳ аз ҳавобаланд.

9 Дар рӯҳи худ ба хашм гирифтан шитоб накун, чунки хашм дар синаи аблаҳон қарор меёбад.

10 Нагӯй: «Чаро айёми қадим аз ҳозира беҳтар буд?» Чунки дар ин бобат на аз рӯи ҳикмат савол медиҳӣ.

11 Ҳикмат бо якҷоягии мерос хуб аст, алалхусус барои бинандагони офтоб,

12 Зеро, чунон ки одам дар сояи ҳикмат аст, дар сояи нуқра низ мебошад; валекин бартарии дониш ин аст, ки ҳикмат ба соҳибони худ зиндагӣ мебахшад.

13 Амали Худоро бубин: зеро кист, ки тавонад он чиро, ки Ӯ каҷ кардааст, рост кунад?

14 Дар рӯзи нек хурсандӣ бикун, ва дар рӯзи бад андеша намо, ки Худо инро низ баробари он ба амал овардааст, то ки одамизод баъд аз он натавонад чизеро дарьёбад.

15 Дар айёми ҳеҷу пучи худ ҳамаро дидам: одиле ҳаст, ки дар адолати худ нобуд мешавад, ва шарире ҳаст, ки дар шарорати худ умри дароз мебинад.

16 Аз ҳад зиёд одил набош, ва берун аз андоза рафтори хирадмандона накун: чаро худро ба ҳалокат бирасонӣ?

17 Аз ҳад зиёд ба шарорат дода нашав, ва аҳмақ набош: чаро бемаҳал бимирӣ?

18 Хуб мешавад, ки инро пайравӣ намоӣ ва аз он низ дасти худро накашӣ, зеро ҳар кӣ аз Худо тарсад, аз ҳамаи инҳо ҳазар мекунад.

19 Ҳикмат хирадмандро бештар аз даҳ ҳокиме ки дар шаҳр бошанд, пурзӯртар мегардонад.

20 Дар асл одами одиле дар рӯи замин нест, ки некӣ кунад ва хатое содир нанамояд.

21 Ҳамчунин ба ҳамаи суханоне ки гуфта мешавад, диққат надеҳ, то ки ғуломи худро нашнавӣ, вақте ки вай дар ҳаққи ту лаънат мегӯяд.

22 Зеро дили ту дафъаи бисьёр донистааст, ки ту низ дар ҳаққи дигарон лаънат гуфтаӣ.

23 Ҳамаи инро бо ҳикмат озмудам; гуфтам: «Ҳикмат хоҳам варзид»; валекин он аз ман дур аст.

24 Он чи ҳаст, дур аст ва бағоят амиқ аст; пас кист, ки онро дарьёбад?

25 Ва ман бо дили худ ба он рӯ овардам, ки ҳикмат ва хулосаро дарк намоям ва тафтиш ва таҳқиқ кунам, то бидонам, ки то чӣ андоза шарорат аблаҳист ва ҳамоқат фисқу фуҷур аст.

26 Ва ман дарьёфтам, ки зан аз мамот талхтар аст, ки вай домҳост, ва дилаш тузоқҳост, ва дастҳояш завлонаҳост; касе ки дар назари Худо нек аст, аз вай раҳо хоҳад шуд, валекин хатокор ба доми вай хоҳад афтод.

27 Бубин, гуфт Воиз, инро дарьёфтам, вақте ки якояк шумурдам, то ки натиҷае дарьёбам.

28 Дар сурате ки ҷони ман боз ҷустуҷӯ кард, ва ман наёфтам, — як мардро аз байни ҳазор нафар ёфтам, вале зане аз байни ҳамаи онҳо наёфтам.

29 Аммо, бубин, фақат ҳаминро ёфтам, ки Худо одамизодро росткор офарид, валекин онҳо аз дунболи каҷкориҳои бисьёр рафтанд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan