Воиз 4 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧОРУМ Ҳаёт беамон ва ноинсоф аст. 1 Ва ман боз назар андохта, ҳамаи ситамҳоеро, ки дар таҳти офтоб карда мешавад, дидам; ва инак ашкҳои ситамкашон, вале барои онҳо тасаллидиҳандае нест; ва қувват дар дасти ситамкунандагони онҳост, вале барои онҳо тасаллидиҳандае нест. 2 Ва ман мурдаҳоеро, ки пеш аз ин мурдаанд, назар ба зиндаҳое ки ҳанӯз зинда ҳастанд, хушбахт мешуморам; 3 Ва аз ҳар дуи онҳо хушбахттар аст касе ки ҳанӯз ба дуньё наомадааст, касе ки корҳои бадеро, ки дар таҳти офтоб карда мешавад, надидааст. 4 Ва ман дидам, ки ҳар меҳнат ва ҳар муваффақияти кор натиҷаи аз якдигар ҳасад бурдан аст. Ин низ ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст! 5 Аблаҳ дастҳои худро дар бағал зада менишинад ва гӯшти худро мехӯрад. 6 Як мушти пур аз роҳат беҳ аз ду мушти пур аз заҳмат ва бодпаймоӣ. 7 Ва ман боз назар андохта, ҳеҷу пучро дар таҳти офтоб дидам: 8 Одами танҳое ҳаст, ки касе надорад; ӯро писаре ва бародаре низ нест; ва тамоми меҳнаташ интиҳо надорад; чашмаш низ аз сарват сер намешавад. «Пас, барои кӣ ман меҳнат карда, ҷони худро аз нозу неъмат маҳрум менамоям?» Ин низ ҳеҷу пуч ва шуғли нохуш аст! 9 Ду нафар аз як нафар беҳтаранд, чунки барои онҳо аз меҳнаташон музди хубе пайдост. 10 Зеро ки агар яке афтад, дигаре аз онҳо рафиқи худро бармехезонад. Валекин вой ба ҳоли он одами танҳо, вақте ки ӯ афтад, ва касе набошад, ки ӯро бархезонад! 11 Ҳамчунин, агар ду нафар бихобанд, гарм мешаванд, вале як нафар чӣ гуна гарм шавад? 12 Ва агар ба яке аз онҳо касе ҳуҷум кунад, ҳар дуяшон ба вай муқобилат мекунанд. Ва риштаи сеқабата ба зудӣ канда намешавад. 13 Ҷавони бенаво ва хирадманд беҳ аз подшоҳи пир ва аблаҳе ки эҳтиётро дигар намедонад. 14 Зеро ки ӯ аз ҳабсхона барои подшоҳӣ кардан берун омадааст, ва ҳол он ки вай дар подшоҳии худ низ мискин таваллуд ёфтааст. 15 Ҳамаи зиндаҳоро дидам, ки дар таҳти офтоб бо ҷавони ҷонишин, ки бар тахти вай хоҳад нишаст, роҳ мерафтанд. 16 Тамоми он қавм, ҳамаи онҳое ки ӯ дар пешашон буд, интиҳо надоштанд, аммо баъдтар аз ӯ шод нахоҳанд шуд. Дар асл ин низ ҳечу пуч ва бод паймудан аст! 17 Вақте ки ба хонаи Худо меравӣ, аз пои худ бохабар бош, ва ба шунидан бештар рағбат намо назар ба қурбониҳое ки аблаҳон меоваранд, зеро ки онҳо фарқи байни бадӣ ва некиро намедонанд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden