Воиз 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЮМ Вақту соат доштани аъмоли инсон. 1 Барои ҳар чиз замоне ҳаст, ва барои ҳар кор дар таҳти осмон вақте ҳаст: 2 Вақте барои таваллуд шудан, ва вақте барои мурдан; вақте барои дарахт шинондан, ва вақте барои решакан кардани он чи шинонда шудааст. 3 Вақте барои куштан, ва вақте барои шифо додан; вақте барои хароб кардан, ва вақте барои бино кардан. 4 Вақте барои гиристан, ва вақте барои хандидан; вақте барои мотам гирифтан, ва вақте барои рақсидан. 5 Вақте барои партофтани сангҳо, ва вақте барои ҷамъ кардани сангҳо; вақте барои оғӯшкашӣ, ва вақте барои дурӣ аз оғӯш. 6 Вақте барои пайдо кардан, ва вақте барои гум кардан; вақте барои нигоҳ доштан, ва вақте барои партофтан. 7 Вақте барои даррондан, ва вақте барои дӯхтан; вақте барои хомӯш мондан, ва вақте барои сухан рондан. 8 Вақте барои дӯст доштан, ва вақте барои нафрат кардан; вақте барои ҷанг, ва вақте барои сулҳ. 9 Пас, чӣ суд аст барои коркун аз меҳнате ки мекунад? 10 Бореро, ки Худо насиби банӣ‐одам кардааст, то ки онро бардоранд, дидам. 11 Ҳама чизро Ӯ дар вақташ ба хубӣ ба вуҷуд овардааст; ҳамчунин фикри абадиятро дар дили одамизод ҷо додааст, ба тавре ки онҳо кореро, ки Худо кардааст, аз ибтидо ва то интиҳо наметавонанд дарьёбанд. 12 Донистам, ки барои онҳо чизе хубтар аз ин нест, ки айшу тараб намоянд ва дар ҳаёти худ некӣ кунанд. 13 Ва агар ҳар одам бихӯрад ва бинӯшад ва аз ҳар меҳнати худ некӣ бинад, — ин низ атои Худост. 14 Донистам, ки ҳар он чи Худо кардааст, то абад хоҳад монд; чизе бар он илова намудан ва аз он кам кардан мумкин нест; ва Худо чунин кардааст, то ки аз Ӯ битарсанд. 15 Он чи ҳаст, аз қадим аст, ва он чи хоҳад шуд, пештар низ буд; ва Худо гузаштаро толиб аст. 16 Ва боз дар таҳти офтоб макони довариро дидам, ки он ҷо шарорат аст, ва макони адолатро, ки он ҷо ноинсофист. 17 Ман дар дили худ гуфтам: «Одил ва шарирро Худо доварӣ хоҳад кард, зеро ки барои ҳар чиз ва барои ҳар кор дар он ҷо вақте ҳаст». 18 Ман дар дили худ дар ҳаққи банӣ‐одам гуфтам, ки Худо ба онҳо имтиҳоне дод, то бубинанд, ки онҳо ба худии худ мисли чорпоёнанд, 19 Зеро ки воқеаи банӣ‐одам мисли воқеаи чорпоён аст — барои онҳо айни як воқеа аст: чунон ки инҳо мемиранд, онҳо низ мемиранд, ва барои ҳама айни як рӯҳ аст, ва одамизод аз чорпоён бартарӣ надорад; дар асл ҳама ҳеҷу пуч аст! 20 Ҳама ба як ҷо меравад: ҳама аз хок аст, ва ҳама ба хок бармегардад. 21 Кист, ки бидонад, ки оё рӯҳи банӣ‐одам ба боло сууд мекунад, ва рӯҳи чорпоён ба поён, ба сӯи замин нозил мешавад? 22 Ва дидам, ки чизе хубтар аз ин нест, ки одамизод бо аъмоли худ айшу тараб намояд, чунки ин насибаи ӯст; зеро кист, ки ӯро гардонда оварад барои дидани он чи баъд аз сари ӯ воқеъ хоҳад шуд? |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden