Воиз 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУЮМ Бефоида будани ҳаловатҳои заминӣ. 1 Ман ба дили худ гуфтам: «Биё, туро бо айшу тараб биозмоям, то хуширо пайдо кунам», — ва инак, ин низ ҳеҷу пуч аст! 2 Дар бораи ханда гуфтам: «Ҷунун аст!» Ва дар бораи айшу тараб: «Ин чӣ нафъ мекунад?» 3 Дар дили худ аҳд кардам, ки ҷисми худро бо шароб лаззат диҳам ва, дар сурате ки дилам бо ҳикмат рафтор мекунад, ҳамоқатро низ нигоҳ дорам, то бубинам, ки кадомаш барои банӣ‐одам хуб аст, ки онро дар таҳти осмон дар айёми ками ҳаёти худ ба амал оваранд. Сарват ва меҳнат қаноатмандии бардавоме намебахшанд. 4 Корҳои бузурге кардам: хонаҳо барои худ сохтам, токзорҳо барои худ шинондам; 5 Боғҳо ва фирдавсҳо барои худ барпо кардам, ва дар онҳо ҳар хел дарахтони мевадор шинондам; 6 Ҳавзҳои об барои худ сохтам, то ки аз онҳо бешаеро, ки дарахтон дар он мерӯянд, обьёрӣ намоям; 7 Ғуломон ва канизон харидам, ва хоназодон доштам; ҳамчунин бештар аз ҳамаи онҳое ки пеш аз ман дар Ерусалим буданд, рамаҳои говон, гӯсфандон ва бузон доштам; 8 Нуқра ва тилло ва ганҷи подшоҳон ва кишварҳоро низ барои худ ҷамъ кардам; мутрибон ва мутрибагон, ва ҳаловатҳои банӣ‐одам, ва бисьёр канизони ҳамхоба барои худ пайдо кардам. 9 Ва бузург шудам, ва бештар аз ҳар касе ки пеш аз ман дар Ерусалим буд, сарват зиёд кардам; ҳикматам низ мададгори ман буд. 10 Ва ҳар чизе ки чашмонам ҳавас кард, аз онҳо дареғ надоштам; дили худро аз ҳеҷ айшу тараб боздорӣ накардам, чунки дилам аз ҳар меҳнати ман шод мешуд, — ва насибаи ман аз ҳар меҳнатам ҳамин буд. 11 Вале ман ба ҳамаи корҳои худ, ки дастҳоям карда буд, ва ба меҳнате ки дар карданаш машаққат кашида будам, назар андохтам, — ва инак, ҳама ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст, ва дар таҳти офтоб суде надорад! Ҳикмат аз аблаҳӣ беҳтар аст, лекин ҳам ин ва ҳам он даргузар аст. 12 Ва ман назар андохтам, то ки ҳикмат ва фисқу фуҷур ва ҳамоқатро бубинам, зеро одаме ки баъд аз подшоҳ меояд, чӣ коре метавонад бикунад хубтар аз он ки пештар карда шудааст? 13 Ва ман дидам, ки бартарии ҳикмат бар ҳамоқат монанди бартарии рӯшноӣ бар торикист. 14 Чашмони хирадманд дар сари ӯ воз аст, вале аблаҳ дар торикӣ роҳ меравад. Ва ман онро низ донистам, ки айни як воқеа ба ҳамаи онҳо рӯй хоҳад дод. 15 Ва ман дар дили худ гуфтам: «Воқеае ки ба аблаҳ рӯй медиҳад, ба ман низ рӯй хоҳад дод, пас чаро ман бештар хирадманд шудаам?» Ва дар дили худ гуфтам, ки ин низ ҳеҷу пуч аст, 16 Зеро ки зикре аз хирадманд, баробари аблаҳ, ба сурати абадӣ нахоҳад монд: дар айёми ояндаи дур ҳама фаромӯш хоҳад шуд, ва — ҳайҳот! — хирадманд баробари аблаҳ хоҳад мурд. 17 Бинобар ин аз ҳаёт нафрат намудам, зеро корҳое ки дар таҳти офтоб карда мешавад, дар назарам нохуш аст, чунки ҳама ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст! 18 Ва ман аз тамоми меҳнати худ, ки ман дар таҳти офтоб карда будам, нафрат намудам, чунки онро ба одаме ки баъд аз ман меояд, бояд боқӣ гузорам. 19 Ва кист, ки бидонад, ки оё ӯ хирадманд хоҳад буд ё аблаҳ? Ва ӯ бар тамоми меҳнате ки дар таҳти офтоб бо машаққат ва ҳикмат кардаам, ҳукмфармо хоҳад шуд. Ин низ ҳеҷу пуч аст! 20 Ва ман рӯ ба қафо оварда, дили худро аз тамоми меҳнате ки дар таҳти офтоб кардаам, маъюс гардондам, 21 Зеро одаме ҳаст, ки бо ҳикмат ва дониш ва истеъдод меҳнат кардааст, ва онро бояд чун насибаи муносибе ба шахсе бидиҳад, ки дар он ҳеҷ машаққат накашидааст. Ин низ ҳеҷу пуч ва шарорати азим аст! 22 Зеро одамизод аз тамоми меҳнати худ ва орзуи дили худ, ки дар таҳти офтоб кардааст, чӣ ҳаловате мебарад? 23 Чунки дар тамоми айёми ӯ азоб ва ғусса шуғли ӯст; шабона ҳам дили ӯ ором надорад. Ин низ ҳеҷу пуч аст! 24 Барои одамизод чизе хубтар аз ин нест, ки бихӯрад ва бинӯшад ва ҷони худро аз меҳнати худ лаззат диҳад; аммо дидам, ки ин низ аз дасти Худост. 25 Зеро бе изни Худо кист, ки тавонад бихӯрад, ва кист, ки тавонад лаззат барад? 26 Зеро ба одаме ки дар назари Ӯ нек аст, Худо ҳикмат ва дониш ва айшу тараб мебахшад, вале ба хатокор ғами ғун кардан ва андӯхтанро мебахшад, то ки онро ба касе ки дар назари Худо нек аст, бидиҳад. Ин низ ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст! |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden