Воиз 12 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУВОЗДАҲУМ Муносибати оқилонаи инсони табиӣ нисбат ба Худо. 1 Ва Офаринандаи худро дар айёми ҷавонии худ дар хотир нигоҳ дор, пеш аз он ки айёми бадӣ биёяд, ва солҳое фаро расад, ки ту бигӯӣ: «Маро аз онҳо ҳаловате нест»; 2 Пеш аз он ки офтоб ва рӯшноӣ ва моҳ ва ситорагон торик шаванд, ва баъд аз борон абрҳо баргардад; — 3 Дар рӯзе ки посбонҳои хона биларзанд, ва соҳибони қувват хам шаванд; ва дастоскунандагон дигар ос накунанд, чунки кам мондаанд; ва онҳое ки аз паси панҷараҳо нигоҳ мекунанд, хира шаванд; 4 Ва дарҳои кӯча баста шавад, дар сурате ки садои осиё кам шунида шавад, ва аз овози гунҷишк кас бедор шавад, вале ҳамаи савтҳои суруд хомӯш гардад; 5 Аз баландӣ низ битарсанд ва дар роҳ хавотир кашанд; ва бодом шукуфта сафедпӯш шавад; ва малахе гаронӣ кунад; ва иштиҳо кӯр шавад. Ба ҳамин тариқ одамизод ба хонаи ҷовидонии худ меравад, ва дар кӯча навҳагарон гирд мегарданд; 6 Пеш аз он ки занҷири нуқра канда шавад, ва косаи тилло бишканад, ва кӯзаи сари чоҳ бикафад, ва чарх пора шуда дар чоҳ афтад; 7 Ва хок бар замин баргардад, ончунон ки буд; ва рӯҳ назди Худо, ки онро бахшида буд, баргардад. 8 «Ҳеҷу пуч аст, — гуфт Воиз, — ҳама чиз ҳеҷу пуч аст!» 9 Ба замми он ки Воиз хирадманд буд, боз донишро ба қавм омӯхт, ва тадқиқу тафтиш намуда, масалҳои зиёде тартиб дод. 10 Воиз саъй намуд, ки суханони дилписанд пайдо кунад, ва суханони ростиро ӯ аз самими қалб навишт. 11 Суханони хирадмандон мисли халачӯбҳост ва мисли мехҳоест, ки сахт кӯфта шуда бошад; муаллифони маҷмӯаҳо аз ҷониби як чӯпонанд. 12 Ва он чи зиёда аз инҳост, эй писарам, аз он эҳтиёт намо: сохтани китобҳои бисьёр интиҳо надорад, ва тааммуқи бисьёр азияти ҷисм аст. Муносибати оқилонаи инсони тобеи шариат нисбат ба Худо. 13 Хулосаи суханон комилан фаҳмост: аз Худо битарс ва аҳкоми Ӯро риоя намо, чунки ҳама чиз барои одамизод аз ҳамин иборат аст; 14 Зеро ки ҳар амалро Худо ба доварӣ хоҳад овард, ҳар амали ниҳониро низ, хоҳ нек бошад, хоҳ бад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden