Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Убадьё 1 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЯКУМ Зиллати Адӯм.

1 Рӯъёи Убадьё. Худованд Худо дар бораи Адӯм чунин мегӯяд: «Хабаре аз ҷониби Худованд шунидам, ки қосиде назди халқҳо фиристода шудааст: „Бархезед, ва бар зидди вай барои ҷанг бархезем“.

2 Инак, Ман туро дар миёни халқҳо аз ҳама хурд гардонидаам, ва ту бағоят манфур ҳастӣ.

3 Такаббури дилат туро фирефта кардааст; ту, ки дар шикофҳои сахра сокин ҳастӣ, ва масканат дар макони баланд аст, дар дили худ мегӯӣ: „Кист, ки маро ба замин фурӯд оварад?“

4 Агарчи ту худро мисли уқобе баланд мекунӣ, ва лонаи худро дар миёни ситорагон месозӣ, Ман туро аз он ҷо фурӯд хоҳам овард, мегӯяд Худованд.

5 Агар дуздон ё ғоратгарон шаб назди ту меомаданд, — ту чӣ гуна валангор шудаӣ! — онҳо, охир, фақат он қадар, ки барояшон кифоят бошад, медуздиданд; агар ангурчинон назди ту меомаданд, онҳо, охир, баъзе шингилҳоро боқӣ мегузоштанд.

6 Неъматҳои Эсов чӣ гуна кофтуков, ва ганҷҳои ниҳонии ӯ чӣ гуна ошкор карда шудааст!

7 Ҳамаи иттифоқчиёнат туро то сарҳад бадар ронданд; хайрхоҳонат туро дар иштибоҳ андохта, бар ту ғолиб омаданд; хӯрандагони нонат доме дар таги ту ниҳоданд, ва дар ҳаққи ту мегӯянд: „Хираде дар онҳо нест!“

8 Дар он рӯз, охир, мегӯяд Худованд, Ман ҳакимонро дар Адӯм, ва хирадро аз кӯҳи Эсов маҳв хоҳам кард.

9 Ва баҳодурони ту, эй Темон, ба ҳарос хоҳанд афтод, то ки ҳар яке аз кӯҳи Эсов аз куштор несту нобуд гардад.


Гуноҳи азими Адӯм.

10 Аз боиси зулме ки ту дар ҳаққи бародарат Яъқуб кардаӣ, хиҷолат туро хоҳад пӯшонид, ва ту ба сурати абадӣ маҳв хоҳӣ шуд.

11 Дар он рӯзе ки ту дар рӯ ба рӯ меистодӣ, дар он рӯзе ки бегонагон дороии ӯро тороҷ мекарданд, ва аҷнабиён ба дарвозаҳои ӯ дохил мешуданд, ва дар ҳаққи Ерусалим қуръа мепартофтанд, ту низ мисли яке аз онҳо будӣ.

12 Рӯзи бародари худро, рӯзи шикасти ӯро тамошо накун, ва дар ҳаққи банӣ‐Яҳудо дар рӯзи ҳалокати онҳо шодӣ нанамо, ва дар рӯзи мусибат даҳон ба лоф накушо.

13 Ба дарвозаи қавми Ман дар рӯзи ҳалокаташон дохил нашав, ту низ дар рӯзи ҳалокаташон бадбахтии онҳоро тамошо накун, ва дар рӯзи ҳалокаташон ба дороии онҳо даст дароз накун.

14 Ва дар сари чорраҳа наист, то ки гурезаҳои онҳоро несту нобуд кунӣ; ва боқимондагони онҳоро дар рӯзи мусибат таслим накун.


Адӯм дар рӯзи Худованд.

15 Зеро ки рӯзи Худованд бар ҳамаи халқҳо наздик аст: чунон ки ту амал кардаӣ, ончунон ба ту амал карда хоҳад шуд; подоши ту бар сарат хоҳад баргашт.

16 Зеро, чунон ки бар кӯҳи муқаддаси Ман нӯшидаед, ончунон ҳамаи халқҳо ҳамеша хоҳанд нӯшид, ва нӯшида, фурӯ хоҳанд бурд, ва тавре хоҳанд шуд, ки гӯё мутлақо мавҷуд набуданд.


Наҷот бар кӯҳи Сион.

17 Вале бар кӯҳи Сион наҷот хоҳад буд, ва он муқаддас хоҳад шуд; ва хонадони Яъқуб мероси худро тасарруф хоҳанд кард.

18 Ва хонадони Яъқуб оташ, ва хонадони Юсуф аланга, ва хонадони Эсов коҳ хоҳанд буд, ва дар дохили онҳо даргирифта, онҳоро хоҳанд сӯзонид, ва бақияе аз хонадони Эсов нахоҳад монд, зеро ки инро Худованд гуфтааст.

19 Ва аҳли ҷануб кӯҳи Эсовро, ва аҳли пастӣ замини фалиштиёнро тасарруф хоҳанд кард; ва саҳрои Эфроим ва саҳрои Сомарияро тасарруф хоҳанд кард; ва Биньёмин — Ҷилъодро.

20 Ва асирони ин лашкари банӣ‐Исроил замини канъониёнро то Сорфат тасарруф хоҳанд кард, ва асирони Ерусалим, ки дар Сефорад мебошанд, шаҳрҳои ҷанубиро тасарруф хоҳанд кард.

21 Ва наҷотдиҳандагон ба кӯҳи Сион хоҳанд баромад, то ки бар кӯҳи Эсов доварӣ кунанд; ва малакут аз они Худованд хоҳад шуд».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan