Титус* 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУЮМ Вазифаҳои унвонҳои ҷудогона дар калисо: пирамардон, ҷавонон ва ғуломон. 1 Валекин ту суҳанонеро, ки ба таълимоти солим муносиб аст, бигӯ. 2 Ба пирамардон бигӯ, ки ҳушьёр, ботамкин ва боисмат буда, дар имон, муҳаббат ва тоқат солим бошанд; 3 Ва пиразанон низ тавре рафтор кунанд, ки ба муқаддасон муносиб бошад, на ғайбаткунанда шаванд, на бандагони мастигарӣ, балки некиро таълим диҳанд, 4 То ба ҷавонзанон ёд диҳанд, ки шавҳарон ва кӯдакони худро дӯст доранд, 5 Боисмат, пок, ғамҳори хона, некдил ва мутеъ ба шавҳарон бошанд, мабодо каломи Худо хор дошта шавад. 6 Ҷавононро низ насиҳат намо, ки боисмат бошанд. 7 Дар ҳама чиз дар шахси худ намунаи аъмоли нек бош. Дар омӯзгории худ покӣ, ботамкинӣ ва бенуқсониро зоҳир намо, 8 Ва каломи солим ва беайбро кор фармо, то ки душман шарманда шуда, ҳеҷ чизи баде дар ҳаққи мо гуфта натавонад. 9 Ғуломонро насиҳат намо, ки ба оғоёни худ мутеъ бошанд, дар ҳар хусус дили онҳоро ёбанд, эътироз накунанд, 10 Ва дуздӣ накунанд, балки камоли вафои некро нишон диҳанд, то ки таълимоти Наҷотдиҳандаи мо Худоро аз ҳар ҷиҳат зебу оро диҳанд. Қуввати тарбиявии файзи Худо. 11 Зеро файзи Худо, ки барои ҳамаи одамон наҷотбахш аст, зоҳир шудааст, 12 Ва моро таълим медиҳад, ки маъсият ва шаҳавоти дуньёро рад намуда, дар ин дуньё бо исмат, адолат ва парҳезгорӣ зиндагӣ кунем, 13 Ва мунтазири умеди муборак ва зуҳури ҷалоли Худои азим ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ бошем, 14 Ки Худро барои мо фидо кард, то ки моро аз ҳар шарорат халосӣ диҳад ва барои Худ ҳамчун қавми махсусе ки дар аъмоли нек ғаюранд, татҳир намояд. 15 Инро бигӯ ва насиҳат бидеҳ ва бо тамоми қудрат мазаммат бикун, то ки ҳеҷ кас ба ту беэътиноӣ накунад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden