Такрори Шариат 14 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧОРДАҲУМ Манъ кардани урфу одатҳои бутпарастон оид ба мурдагон. 1 Шумо писарони Худованд Худои худ ҳастед; барои мурдагон бадани худро харош накунед, ва мӯйҳои пешонии худро, ки аз болои чашмон аст, натарошед. 2 Зеро ки ту барои Худованд Худои худ қавми муқаддас ҳастӣ, ва Худованд туро баргузидааст, то аз ҳамаи қавмҳое ки дар рӯи замин мебошанд, қавми гузине барои Ӯ бошӣ. Дастурот дар бораи хӯрок. 3 Ҳеҷ чизи зиштро нахӯр. 4 Ин аст ҳайвоноте ки метавонед бихӯред: гов, гӯсфанд ва буз, 5 Оҳу ва ғизол ва гавазн, ва бузи кӯҳӣ ва зубр, ва қутос ва говмеш. 6 Ва ҳар чорпои сумдор, ки қӯшсум бошад, ва хӯрокашро кавша кунад, — онро бихӯред. 7 Аммо инҳоро аз кавшакунандагон ва сумдорон нахӯред: шутур ва харгӯш ва заргӯшро, зеро ки онҳо кавшакунандаанд, валекин сумашон қӯшсум нест, — онҳо барои шумо наҷисанд; 8 Ва хукро, зеро ки он сумдор аст, валекин кавша намекунад, — он барои шумо наҷис аст; аз гӯнти онҳо нахӯред, ва ба лошаи онҳо нарасед. 9 Аз ҳар чи дар об аст, инҳоро метавонед бихӯред: ҳар он чи пар ва пулакча дорад, — метавонед бихӯред; 10 Ва ҳар он чи пар ва пулакча надорад, нахӯред, — он барои шумо наҷис аст. 11 Аз ҳар парандаи пок бихӯред. 12 Вале аз инҳо набояд бихӯред: уқоб, ва каргас, ва бургут, 13 Ва калхот, ва шоҳин, ва боз бо зоти он; 14 Ва ҳар зоғ бо зоти он; 15 Ва шутурмурғ, ва бум, ва моҳихӯрак, ва қарчиғай бо зоти он; 16 Чуғз, ва ибис, ва қу, 17 Ва мурғи саққо, ва лошахӯр, ва бақлон; 18 Ва лаклак, ва куланг бо зоти он, ва ҳудҳуд, ва кӯршабпарак. 19 Ва ҳар ҳашароти болдор барои шумо наҷис аст, набояд онҳо хӯрда шавад. 20 Аз ҳар парандаи пок бихӯред. 21 Ҳеҷ лошаро нахӯред; ба ғарибе ки дар шаҳри туст, бидеҳ, то ки бихӯрад, ё ба аҷнабие бифрӯш; зеро ки ту барои Худованд Худои худ қавми муқаддас ҳастӣ. Бузғоларо дар шири модари он напаз. 22 Аз тамоми ҳосилоти тухмии худ, ки сол ба сол аз киштзор мерӯяд, ушр бидеҳ. 23 Ва ба ҳузури Худованд Худои худ дар маконе ки Ӯ баргузинад, то ки исми Худро дар он ҷо сокин гардонад, ушри ғалла, шираи ангур ва равғани зайтуни худ, ва нахустзодаҳои говон ва гӯсфандони худро бихӯр, то таълим гирӣ, ки аз Худованд Худои худ тамоми айём бояд битарсӣ. 24 Вале агар роҳ барои ту дур бошад, ба тавре ки натавонӣ онро бардошта барӣ, яъне агар маконе ки Худованд Худои ту баргузинад, то исми Худро дар он ҷо сокин гардонад, аз ту дур бошад, ва Худованд Худоят туро баракат дода бошад, — 25 Пас, онро ба нуқра иваз намо, ва нуқраро ба дасти худ гирифта, ба маконе ки Худованд Худои ту баргузинад, бирав; 26 Ва он нуқраро барои ҳар чизе ки дилат ҳавас дошта бошад: барои гов ва гӯсфанд, ва шароб ва бӯза, ва ҳар чизе ки дилат аз ту талаб кунад, бидеҳ; ва дар он ҷо ба ҳузури Худованд Худои худ бихӯр, ва худат бо аҳли байтат хурсандӣ бикун. 27 Ва левизодаро, ки дар шаҳри туст, тарк накун, зеро ки вай бо ту ҳиссае ва мулке надорад. 28 Баъд аз гузаштани се сол тамоми ушри ҳосилоти худро дар он сол берун оварда, назди дарвозаи шаҳри худ бимон; 29 Ва левизодае ки бо ту ҳисса ва мулке надорад, ва ғариб ва ятим ва бевае ки дар шаҳри ту мебошанд, омада, бихӯранд ва сер шаванд, то ки Худованд Худоят туро дар ҳар амали дастат, ки мекунӣ, баракат диҳад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden