Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Суруди Сурудҳо 8 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАШТУМ Садоқатмандии абадии пайвандшудагон.

1 Кошки ту барои ман бародаре ки пистонҳои модари маро макидааст, мебудӣ! Он гоҳ, дар берун бо ту вохӯрда, туро мебӯсидам, ва маро мазаммат намекарданд;

2 Барои ту роҳбалад мешудам ва туро ба хонаи модарам меовардам, ки вай маро таълим додааст; туро аз шароби дорувордор, аз шарбати анори худ менӯшонидам.

3 Дасти чапаш дар таги сари ман аст, ва дасти росташ маро ба оғӯш мекашад.

4 Эй духтарони Ерусалим! Шуморо қасам медиҳам, ки маҳбубамро, то вақте ки худаш хоҳад, бедор накунед ва аз хоб нахезонед.

5 Ин кист, ки аз биёбон, бар маҳбуби худ такья карда, сууд менамояд? Дар таги дарахти себ туро бедор кардам; он ҷо модарат туро зоидааст.

6 Маро мисли мӯҳре бар дили худ, мисли мӯҳре бар бозуи худ бигузор; зеро ки муҳаббат мисли марг пурзӯр аст, ва рашки он мисли дӯзах бераҳм аст; барқҳои он барқҳои оташ аст, алангаи илоҳист.

7 Обҳои бисьёр наметавонад муҳаббатро хомӯш кунад, ва наҳрҳо наметавонад онро фурӯ нишонад. Агар касе тамоми сарвати хонаи худро барои муҳаббат бидиҳад, аз ӯ албатта нафрат хоҳанд кард.

8 Моро хоҳари хурде ҳаст, Ва ӯ пистон надорад; бо хоҳари худ чӣ кор кунем, вақте ки ӯро хостгор шаванд?

9 Агар ӯ ҳисор мебуд, назди ӯ кӯшки нуқра бино мекардем; ва агар ӯ дарвоза мебуд, бар вай ғалақае аз чӯби арз мехкӯб мекардем.

10 Ман ҳисор ҳастам, ва пистонҳоям мисли бурҷҳост; бинобар ин дар назари ӯ мисли чашмаи саодат будам.

11 Сулаймон токзоре дар Баал‐Ҳамӯн дошт; токзорро ба дидбонон супурд; ҳар кас барои меваи он ҳазор нуқра медод.

12 Аммо токзори ман назди ман аст. Барои ту, эй Сулаймон, ҳазор, ва барои дидбонони меваи он дусад хоҳад буд.

13 Эй он ки дар боғот менишинӣ! Рафиқон ба овози ту гӯш медиҳанд; онро ба ман бишнавон!

14 Бигрез, эй маҳбуби ман! Ва мисли оҳу ё барраи ғизолон бар кӯҳҳои атриёт бош.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan