Суруди Сурудҳо 7 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ҲАФТУМ Муоширати дӯстона. 1 Баргард, баргард, эй Шуламит! Баргард, баргард, то ки ба ту назар кунем. Ба Шуламит чӣ назар мекунед, вақте ки ӯ дар миёни ду лашкаргоҳ мерақсад? 2 Чӣ зебост пойҳоят дар кафшҳо, эй духтари наҷиб! Суринҳоят мисли зеварҳост, ки амали дастҳои санъатгар аст. 3 Нофат косаи мудаввар аст, ки шароби дорувордор дар он камӣ намекунад. Батнат хирмани гандум аст, ки бо савсанҳо ороиш ёфтааст. 4 Ду пистонат мисли ду оҳубараи экизаки модаоҳу мебошад. 5 Гарданат мисли бурҷи оҷ аст; чашмонат мисли ҳавзҳои Ҳешбӯн дар назди дарвозаи Батрабим аст; биниат мисли бурҷи Лубнон аст, ки ба сӯи Димишқ нигаронида шудааст. 6 Сарат бар ту мисли Кармил аст, ва кокули сарат мисли арғувон аст; подшоҳ ба турраҳояш гирифтор шудааст. 7 Чӣ нозанин ҳастӣ ва чӣ дилпазир, эй маҳбуба, дар ҳаловатҳо! 8 Ин қоматат ба нахл монанд аст, ва пистонҳоят — ба шингилҳои меваи он. 9 Гуфтам, ки бар нахл баромада, навдаҳояшро нигоҳ хоҳам дошт; ва пистонҳоят мисли шингилҳои ангур хоҳад буд, ва роиҳаи нафасат — мисли себҳо, 10 Ва даҳонат — мисли шароби ноб. Он ба гулӯи маҳбуби ман бемалол фурӯ меравад, лабҳои хуфтагонро ба ҳаракат меоварад. 11 Ман аз они маҳбуби худ ҳастам, ва иштиёқи ӯ бар ман аст. 12 Биё, эй маҳбуби ман, ба сайри саҳро бароем, дар деҳот шаб гузаронем, 13 Бомдодон ба токзорҳо биравем: бубинем, ки оё ток гул карда, ғӯра бастааст ва оё анорҳо муғҷа кушодааст? Дар он ҷо ишқбозиҳоямро ба ту хоҳам бахшид. 14 Роиҳаи меҳргиёҳҳо меояд, ва назди дарҳои мо ҳар навъ меваҳои хуштаъми тару тоза ва кӯҳна мавҷуд аст: онҳоро барои ту, эй маҳбуби ман, саришта кардаам. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden